Чандҳамсарӣ – ишколот ва айбҳо

 

Чандҳамсарӣ – ишколот ва айбҳо

Низоми ҳуқуқи зан дар ислом

Муртазо Мутаҳҳарӣ

Ишколот ва айбҳои чандҳамсарӣ

Саодат ва хушбахтии заношӯӣ дар гарави сафо, самимият, гузашт, фидокорӣ, ваҳдат ва ягонагӣ аст ва ҳамаи инҳо дар чандҳамсарӣ ба хатар меафтад.

Гузашта аз вазъи ноҳинҷори занон ва фарзандони думодара, аз назари худи мард он қадар масъулиятҳои тааддуди завҷот сангин ва хурдкунанда аст, ки рӯ овардан ба он, пушт кардан ба масаррат ва осоиш аст.

Аксари мардоне, ки аз таъаддуди завҷот розӣ ва хушнуданд, онҳо ҳастанд, ки амалан аз зери бори масъулиятҳои шаръӣ ва ахлоқии он шона холӣ мекунанд; занеро мавриди таваҷҷӯҳ қарор дода, зани дигарро аз ҳисоб хориҷ мекунанд ва ба таъбири Қуръони Карим, ӯро

كالمعلّقه

— раҳо мекунанд. Он чи ин гуна афрод номи таъаддуди завҷот ба он медиҳанд, дар воқеъ навъе такҳамсарӣ аст тавъам бо ситамкорӣ ва ҷиноят ва бедодгарӣ.

Масали омиёнае дар миёни мардум роиҷ аст, мегӯянд: “Худо яке, зан яке”. Ақидаи аксари мардон бар ин буда ва ҳаст ва ҳаққан агар хушӣ ва масарратро миқёс қарор диҳем ва масъаларо аз зовияи фардӣ ва шахсӣ бисанҷем, ақидаи дурусте аст. Агар дар бораи ҳамаи мардон содиқ набошад, дар бораи аксарияти мардон содиқ аст.

Агар марде хаёл кунад, ки таъаддуди завҷот бо қабули ҳамаи масъулиятҳои шаръӣ ва ахлоқӣ, ба нафъи ӯст ва ӯ аз назари таносоӣ аз ин кор сарфа мебарад, сахт дар иштибоҳ аст.

Мусалламан якҳамсарӣ аз назари таъмини хушӣ ва осоиш, бар чандҳамсарӣ тарҷеҳ дорад, аммо…

Баррасии саҳеҳ

Баррасии дурустӣ ва нодурустии масоиле монанди таъаддуди завҷот — ки ношӣ аз заруратҳои шахсӣ ё иҷтимоӣ аст — ба ин наҳв саҳеҳ нест, ки онро бо якҳамсарӣ муқоиса кунем.

Баррасии саҳеҳи ин гуна масоил манут ба ин аст, ки аз тарафе иллатҳо ва мӯҷиботи эҷобкунандаи онҳоро дар назар бигирем ва бибинем авоқиби вахими беэътиноӣ ба онҳо чист. Аз тарафи дигар, назаре ба мафосид ва айбҳое, ки аз худи ин масоил ношӣ мешавад биафканем. Он гоҳ як муҳосабаи куллӣ рӯйи маҷмӯъи осор ва натоиҷе, ки аз ду тарафи масъала пайдо мешавад, ба амал оварем. Танҳо дар ин сурат аст, ки ин гуна масоил ба сурати воқеии худ тарҳ ва мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.

Тавзеҳан мисоле зикр мекунам: фарз кунед, мехоҳем дар бораи “сарбозии иҷборӣ” назар бидиҳем. Агар танҳо аз зовияи манофеъ ва тамоюлоти хонаводаӣ, ки сарбоз ба онҳо таъаллуқ дорад бингарем, шак надорад, ки қонуни сарбози вазифа қонуни хубе нест. Чӣ аз ин беҳтар, ки қонуне ба номи қонуни сарбози вазифа вуҷуд надошта бошад ва азизи дили хонавода аз канорашон дур наравад ва аҳёнан ба майдони ҷанг ва хоку хун кашида нашавад.

Аммо баррасии ин масъала ба ин наҳв саҳеҳ нест. Баррасии саҳеҳи он ба ин наҳв аст, ки зимни таваҷҷӯҳ ба ҷудо шудани фарзанде аз хонаводае ва эҳтимолан доғдор шудани он хонавода, авоқиби вахими сарбози мудофеъ надоштанро барои кишвар дар назар бигирем. Он вақт аст, ки комилан маъқул ва мантиқӣ ба назар мерасад, ки гурӯҳе аз фарзандони ватан ба номи “сарбоз”, омодаи дифоъ ва ҷонбозӣ барои кишвар бошанд ва хонаводаҳои онҳо ранҷҳои ношӣ аз сарбозиро таҳаммул кунанд.

Мо дар мақолоти гузашта, ба заруратҳои шахсӣ ва иҷтимоӣ, ки аҳёнан муҷаввизи таъаддуди завҷот мешавад, ишора кардем. Акнун мехоҳем айбҳо ва мафосиди ношӣ аз таъаддуди завҷотро баррасӣ кунем, то замина барои як муҳосабаи куллӣ фароҳам гардад ва зимнан равшан шавад, ки мо ба як силсила айбҳо барои таъаддуди завҷот эътироф дорем, ҳарчанд баъзе аз эродот ва ишколотро ворид намедонем, чунонки анқариб равшан хоҳад шуд. Айбҳое, ки мешавад барои таъаддуди завҷот зикр кард зиёд аст ва мо аз ҷанбаҳои мухталиф вориди баҳс мешавем. Инак баёни он ишколот ва айбҳо:

Аз назари руҳӣ

Равобити заношӯӣ мунҳасир ба умури моддӣ ва ҷисмонӣ яъне тамосҳои баданӣ ва ҳимоятҳои молӣ нест. Агар мунҳасир ба ин умур буд, таъаддуди завҷот қобили тавҷеҳ буд, зеро умури моддӣ ва ҷисмониро метавон миёни афроди мутаъаддид қисмат кард ва ба ҳар кадом саҳме дод.

Дар равобити заношӯӣ он чи умда ва асос аст, умури руҳӣ ва маънавӣ аст, ишқ ва отифа ва эҳсосот аст. Конуни издивоҷ ва нуқтаи пайванди ду тараф ба якдигар, дил аст. Ишқ ва эҳсосот монанди ҳар амри руҳии дигар қобили таҷзия ва тақсим нест; наметавон онҳоро миёни афроди мутаъаддид ҷирабандӣ кард. Магар мумкин аст дилро дуним кард ё дар ду ҷо ба гарав гузошт? Магар мешавад қалбро ба ду нафар таслим кард? Ишқ ва парастиш яккашинос аст, шарик ва рақиб намепазирад. Ҷав ва гандум нест, ки бишавад паймона кард ва ба ҳар нафар саҳме дод. Ба илова, эҳсосот қобили контрол нест. Одамӣ дар ихтиёри дил аст, на дил дар ихтиёри одамӣ. Пас он чизе, ки руҳи издивоҷ аст ва ҷанбаи инсонии он аст ва равобити ду инсонро аз равобити ду ҳайвон — ки сирфан шаҳавонӣ ва ғаризӣ аст — мутамойиз мекунад, на қобили қисмат аст ва на қобили контрол. Пас таъаддуди завҷот маҳкум аст.

Ба ақидаи мо, дар ин баён қадре иғроқ вуҷуд дорад, зеро рост аст, ки руҳи издивоҷ отифа ва эҳсосот аст; ҳам рост аст, ки эҳсосоти қалбӣ таҳти ихтиёри одамӣ нест, аммо ин ки гуфта мешавад эҳсосот қобили тақсим нест, як тахайюли шоирона, балки як муғолата аст, зеро сухан дар ин нест, ки эҳсосоти бахусусеро монанди як қитъа ҷисм ду қисмат кунанд ва ба ҳар кадом саҳме бидиҳанд, то гуфта шавад, ки умури руҳӣ қобили тақсим нест; сухан дар зарфияти руҳии башар аст. Мусалламан зарфияти руҳии одамӣ он қадр маҳдуд нест, ки натавонад ду алоқаро дар худ ҷой диҳад. Падар соҳиби 10 фарзанд мешавад ва ҳар 10 нафарро то ҳадди парастиш дӯст медорад, барои ҳамаи онҳо фидокорӣ мекунад.

Бале, як чиз мусаллам аст ва он ин ки ишқ ва эҳсосот ҳаргиз дар сурати таъаддуд он қадр авҷ намегирад, ки дар ваҳдат мегирад. Авҷи аълои ишқ ва эҳсосот бо таъаддуд созгор нест, ҳамчунон ки бо ақлу мантиқ низ созгор нест.

Рассел дар “Заношӯӣ ва ахлоқ” мегӯяд:

“Бисёре аз мардум имрӯз ишқро як мубодилаи мунсифонаи эҳсосот медонанд ва ҳамин далел ба танҳоӣ, сарфи назар аз далоили дигар, барои маҳкум кардани таъаддуди завҷот кофӣ аст.“

Ман намедонам чаро агар биност мубодилаи эҳсосот мунсифона бошад, бояд инҳисорӣ бошад? Магар падар, ки фарзандони мутаъаддиди худро дӯст медорад ва мутақобилан онҳо падарро дӯст медоранд, мубодилаи эҳсосот онҳо ба таври мунсифона нест? Иттифоқан бо ин ки фарзандон мутаъаддиданд, алоқаи падар ба ҳар як аз фарзандон бар алоқаи ҳар як аз фарзандон нисбат ба падар мечарбад.

Аҷиб ин аст, ки ин суханро касе мегӯяд, ки доиман ба шавҳарон тавсия мекунад, ки ишқи зани худро ба бегона мӯҳтарам бишуморанд ва монеъи равобити ошиқонаи онҳо нашаванд; мутақобилан чунин тавсияҳое ба занон мекунад. Оё ба ақидаи Рассел боз ҳам мубодилаи эҳсосоти зану шавҳар мунсифона аст?

Аз назари тарбиятӣ

Ҳавугарӣ зарбулмасали носозгоре аст. Барои зан душмане болотар аз “ҳаву” вуҷуд надорад. Чандҳамсарӣ, занонро ба қиём ва иқдом алайҳи якдигар ва аҳёнан шавҳар вомедорад ва муҳити заношӯиро — ки бояд муҳити сафо ва самимият бошад — ба майдони ҷангу ҷидол ва конуни кина ва интиқом табдил мекунад. Душманӣ ва рақобат ва адоват миёни модарон ба фарзандони онҳо низ сироят мекунад, дудастагиҳо ва чанддастагиҳо ба вуҷуд меояд, муҳити хонаводагӣ — ки аввалин мадраса ва парваришгоҳи руҳии кӯдакон аст ва бояд илҳомбахши некӣ ва меҳрубонӣ бошад — дарсомӯзи нифоқ ва номардӣ мегардад.

Дар ин ки тааддуди завҷот заминаи ҳамаи ин осори ногувори тарбиятӣ аст шакке нест. Аммо як нуктаро набояд фаромӯш кард ва он ин ки бояд дид чӣ қадр аз ин осор ношӣ аз табиати таъаддуди завҷот аст ва чӣ қадр аз онҳо ношӣ аз жесте аст, ки марду зани дуввум мегиранд.

Ба ақидаи мо, ҳамаи ин нороҳатиҳо маълули табиати таъаддуди завҷот нест, бештар маълули тарзи иҷрои он аст.

Марде ва зане бо ҳам зиндагӣ мекунанд ва зиндагии онҳо ҷараёни оддии худро тай мекунад.

Дар ин байн он мард дар як бархӯрд фирефтаи зане мегардад ва фавран ҳаваси чандҳамсарӣ ба сараш мезанад. Пас аз як қавлу қарори маҳрамона ногаҳон зани дуввум мисли аҷали муъаллақ по ба хона ва лонаи зани аввал мегузорад ва шавҳар ва зиндагии ӯро тасоҳуб мекунад ва дар ҳақиқат ба зиндагии ӯ шабихун мезанад. Возеҳ аст, ки аксуламали руҳии зани аввал ҷуз кина ва интиқом чизи дигар нест. Барои зан ҳеч чизе нороҳаткунандатар аз ин нест, ки мавриди таҳқири шавҳар қарор бигирад. Бузургтарин шикаст барои як зан ин аст, ки эҳсос кунад натавониста қалби шавҳари худро нигаҳдорӣ кунад ва бибинад, ки дигарӣ ӯро тасоҳуб кардааст. Вақте, ки мард жести худсарӣ ва ҳавасронӣ мегирад ва зани дуввум жести шабихуни занӣ, интизори таҳаммул ва бурдборӣ аз зани аввал интизори беҷойе аст.

Аммо агар зани аввал бидонад, ки шавҳараш “муҷаввиз” дорад, аз ӯ сер нашудааст ва рӯ овардан ба чандҳамсарӣ ба маънии пушт кардан ба ӯ нест ва мард жести истибдод ва худсарӣ ва ҳавасрониро аз худ дур кунад ва бар эҳтиромот ва авотифи худ нисбат ба зани аввал биафзояд ва ҳамчунин агар зани дуввум таваҷҷӯҳ дошта бошад, ки зани аввал ҳуқуқе дорад ва ҳуқуқи ӯ мӯҳтарам аст ва таҷовуз ба онҳо ҷоиз нест, хусусан агар ҳама таваҷҷӯҳ дошта бошанд, ки дар роҳи ҳалли як мушкили иҷтимоӣ қадам бармедоранд, мусалламан аз нороҳатиҳои дохилӣ коста мешавад.

Қонуни таъаддуди завҷот як роҳи ҳалли мутараққиёнаи ношӣ аз як диди иҷтимоии васеъе аст. Ҳатман иҷрокунандагони он низ бояд дар сатҳи олитаре фикр кунанд ва аз як тарбияти олии исломӣ бархӯрдор бошанд.

Таҷриба нишон додааст, ки дар мавориде, ки мард жести худсарӣ ва ҳавасронӣ надошта ва зан эҳсос карда, ки шавҳараш ниёзманд ба зани дуввум аст, худ довталаб шуда ва зани дуввумро ба хонаи шавҳар овардааст ва ҳеч як аз нороҳатиҳои мазбур вуҷуд надоштааст. Аксари нороҳатиҳо ношӣ аз тарзи рафтори ваҳшиёнае аст, ки мардон дар иҷрои ин қонун ба кор мебаранд.

Аз назари ахлоқӣ

Мегӯянд: иҷозаи таъаддуди завҷот иҷозаи “шараҳ” ва шаҳват аст; ба мард иҷоза медиҳад ҳавопарастӣ кунад. Ахлоқ эҷоб мекунад, ки инсон шаҳавоти худро ба ҳадди ақалли мумкин тақлил диҳад, зеро муқтазои табиати одамӣ ин аст, ки ҳар андоза ҷилави шаҳватро боз гузорад, рағбат ва тамоюлаш фузунӣ мегирад ва оташи шаҳваташ муштаъилтар мегардад.

Монтескё дар “Руҳул-қавонин” (сафҳаи 434) дар бораи таъаддуди завҷот мегӯяд:

“Подшоҳи Марокаш дар ҳарамсарои худ аз тамоми нажодҳо, аъамм аз сафед ва зард ва сиёҳпӯст, зан дорад. Аммо агар ин шахс дубаробари занҳои кунунии худ низ зан дошта бошад, боз ҳам хоҳони зани тоза хоҳад буд, зеро шаҳватронӣ мисли хиссат ва лаомат аст ва ҳар чи шиддат кард, зиёдтар мешавад, чунонки таҳсили симу зар зиёд боиси издиёди ҳирсу оз мегардад. Таъаддуди завҷот расми ишқбозии мустаҳҷан ва мухолифи табиат (ҳамҷинсбози)-ро низ меомӯзад ва роиҷ мекунад, зеро дар арсаи шаҳватронӣ ҳар амале, ки аз ҳудуди муайян хориҷ гардид, боиси аъмоли беқоъида мегардад. Дар Исломбул вақте, ки шӯрише даргирифт, дар ҳарамсарои як ҳукмрон ҳатто як зан вуҷуд надошт, чӣ он ҳукмрон бо ишқбозиҳои мухолифи табиат, рӯзгори худро мегузаронид.“

Ин эродро аз ду назар бояд мавриди баррасӣ қарор дод: яке аз ин назар, ки мегӯянд, ахлоқи пок бо аъмоли шаҳват мунофот дорад ва барои покии нуфус бояд шаҳватро ба ҳадди ақалли мумкин тақлил дод. Дигар аз назари он асли равонӣ, ки мегӯяд, муқтазои табиати одамӣ ин аст, ки ҳар чи бештар бо он мувофиқат шавад, бештар туғён мекунад ва ҳар чи бештар бо он мухолифат шавад, ором мегирад.

Аммо аз назари аввал: бояд бигӯем, мутаассифона ин як талқини ғалате аст, ки ахлоқи масеҳӣ — ки бар пояи риёзат аст ва аз ахлоқи ҳиндӣ ва будоӣ ва калбӣ мутаассир аст — илқо кардааст. Ахлоқи исломӣ бар ин поя нест. Аз назари ислом чунин нест, ки ҳар чи аз шаҳавот тақлил шавад, бо ахлоқ созгортар аст ва агар ба ҳадди сифр бирасад, сад дарсад ахлоқӣ аст. Аз назари ислом, ахлоқ бо ифрот дар шаҳватронӣ носозгор аст.

Барои ин ки бидонем, таъаддуди завҷот як амали ифротӣ аст ё на, бояд бибинем оё мард биттабъ такҳамсарӣ аст ё на. Аз мақолаи 31 маълум шуд, ки шояд имрӯз як нафар ҳам пайдо нашавад, ки табиати мардро маҳдуд ба якҳамсарӣ бидонад ва чандҳамсариро як амали инҳирофӣ ва ифротӣ бишносад. Баръакс, ақидаи бисёре ин аст, ки табиати мард чандҳамсарӣ аст ва якҳамсарӣ чизе аст назири таҷарруд, ки бар хилофи табиати мард аст.

Агарчӣ мо бо он назар, ки табиати мард чандҳамсарӣ аст мухолифем, аммо бо ин назар ҳам мувофиқ нестем, ки табиати мард такҳамсарӣ аст ва чандҳамсарӣ бар зидди табиати мард аст ва навъе инҳироф ва мухолифи табиат аст назири ҳамҷинсбозӣ.

Касоне монанди Монтескё, ки таъаддуди завҷотро мусовӣ бо шаҳватпарастӣ медонанд, назарашон ба ҳарамсаробозӣ аст; хаёл кардаанд, ки ислом бо қонуни таъаддуди завҷот хостааст ҷавози ҳарамсаро барои хулафои аббосӣ ва усмонӣ ва амсоли онҳо содир кунад.

Ислом беш аз ҳама бо он корҳо мухолиф аст. Ҳудуд ва қайдҳое, ки ислом барои таъаддуди завҷот қоил аст, озодии марди ҳавасронро ба куллӣ аз ӯ салб мекунад.

Аммо аз назари дуввум: ин ақида, ки мегӯяд: “табиати одамӣ ҳар андоза ирзо шавад, бештар туғён мекунад ва ҳар андоза мухолифат шавад, беҳтар ором мегирад”, дуруст нуқтаи муқобили ақидае аст, ки имрӯз дар миёни пайравони Фрейд пайдо шуда ва мураттабан ба нафъи он таблиғ мешавад.

Фрейидистҳо мегӯянд: “табиат бар асари ирзо ва иқноъ ором мегирад ва дар асари имсок фузунӣ мегирад ва туғён мекунад”. Аз ин рӯ ин идда сад дар сад тарафдори озодӣ ва шикастани одоб ва сунан хусусан дар масоили ҷинсӣ мебошанд. Эй кош Монтескё зинда мебуд ва медид, ки имрӯз чӣ гуна фарзияи ӯ маврид тамасхури фрейдистҳо қарор гирифтааст.

Аз назари ахлоқи исломӣ ҳар ду ақида хатост. Табиат, ҳуқуқ ва ҳудуде дорад ва он ҳуқуқ ва ҳудудро бояд шинохт. Табиат дар асари ду чиз туғён мекунад ва оромишро баҳам мезанад: яке дар асари маҳрумият ва дигар дар асари озодии комил додан ва бардоштани ҳамаи қайдҳо ва ҳудуд аз муқобили ӯ.

Ба ҳар ҳол на таъаддуди завҷот зидди ахлоқ ва баҳамзанандаи оромиши руҳӣ ва мухолифи покии нуфус аст ончунонки амсоли Монтескё мегӯянд ва на қаноат варзидан ба зан ё занони машрӯъи худ зидди ахлоқ аст ончунонки фрейдистҳо амалан таблиғ мекунанд.

Аз назари ҳуқуқӣ

Ба мӯҷиби ақди издивоҷ, ҳар як аз завҷайн ба дигарӣ таъаллуқ мегирад ва аз они ӯ мешавад. Ҳаққи истимтоъе, ки ҳар кадом нисбат ба дигарӣ пайдо мекунанд, аз он ҷиҳат аст, ки манофеъи заношӯии тарафро ба мӯҷиби ақди издивоҷ молик шудааст. Аз ин рӯ дар таъаддуди завҷот он ки зиҳаққи шумораи аввал аст, зани собиқ аст. Муомилае, ки миёни марду зани дигаре сурат мегирад, дар ҳақиқат муомилаи “фузулӣ” аст, зеро колои мавриди муомила яъне манофеъи заношӯии мард қаблан ба зани аввал фурӯхта шуда ва ҷузъи моямалаки ӯ маҳсуб мешавад. Пас он кас, ки дар дараҷаи аввал бояд назараш риоят шавад ва иҷозаи ӯ таҳсил гардад, зани аввал аст. Пас агар биност иҷозаи таъаддуди завҷот дода шавад, бояд мавкул ба иҷоза ва изни зани аввал бошад ва дар ҳақиқат ин зани аввал аст, ки ҳақ дорад дар бораи шавҳари худ тасмим бигирад, ки зани дигар ихтиёр бикунад ё накунад.

Бинобар ин зани дуввум ва севвум ва чаҳорум гирифтан дуруст мисли ин аст, ки шахсе як бор моли худро ба шахси дигар бифурӯшад ва ҳамон моли фурӯхташударо барои навбати дуввум ва севвум ва чаҳорум ба афроди дигар бифурӯшад. Сиҳҳати чунин муомилае бастагӣ дорад ба ризояти молики аввал ва дуввум ва севвум ва агар амалан шахси фурӯшанда моли мавриди назарро дар ихтиёри афроди баъдӣ қарор диҳад, қатъан мустаҳиққи муҷозот аст.

Ин эрод мубтанӣ бар ин аст, ки табиати ҳуқуқии издивоҷро мубодилаи манофеъ бидонем ва ҳар як аз завҷайнро молики манофеъи заношӯии тарафи дигар фарз кунем. Ман феълан роҷеъ ба ин матлаб — ки албатта қобили хадша ва эрод аст — баҳсе намекунам. Фарз мекунем табиати ҳуқуқии издивоҷ ҳамин бошад. Ин эрод вақте ворид аст, ки таъаддуди завҷот аз ҷониби мард фақат ҷанбаи тафаннун ва танаввӯъ дошта бошад. Бадеҳӣ аст, ки агар табиати ҳуқуқии издивоҷ мубодилаи манофеъи заношӯӣ бошад ва зан аз ҳар лиҳоз қодир бошад, ки манофеъи заношӯии мардро таъмин кунад, мард ҳеч гуна муҷаввизе барои таъаддуди завҷот нахоҳад дошт. Аммо агар ҷанбаи тафаннун ва танаввӯъ надошта бошад, балки мард яке аз муҷаввизҳое, ки дар мақолоти пеш ишора кардем дошта бошад, ин эрод маврид надорад. Масалан агар зан ақим бошад, ё ба синни йоисагӣ расида бошад ва мард ниёзманд ба фарзанд бошад, ё зан мариз ва ғайриқобили истимтоъ бошад, дар ин гуна маворид ҳаққи зан монеъи таъаддуди завҷот нахоҳад буд.

Тоза, ин дар сурате аст, ки муҷаввизи таъаддуди завҷот амри шахсии марбут ба мард бошад. Аммо агар пойи як иллати иҷтимоӣ дар кор бошад ва таъаддуди завҷот ба воситаи фузунии адади занон бар мардон ва ё ба воситаи эҳтиёҷи иҷтимоъ ба касрати нуфус таҷвиз шавад, ин эрод сурати дигаре пайдо мекунад. Дар ин гуна маворид, таъаддуди завҷот як навъ таклиф ва воҷиби кифоӣ аст; вазифае аст, ки барои наҷоти иҷтимоъ аз фасод ва фаҳшо ва ё барои хидмат ба таксири нуфуси иҷтимоъ бояд анҷом шавад. Бадеҳӣ аст он ҷо, ки пойи таклиф ва вазифаи иҷтимоӣ ба миён меояд, ризоят ва иҷоза ва изн мафҳум надорад. Агар фарз кунем иҷтимоъ воқеан мубтало ба фузунии зан бар мард аст ё ниёзманд ба таксири нуфус аст, як вазифа, як воҷиби кифоӣмутаваҷҷеҳи ҳамаи мардон ва занони мутаъаҳҳил мешавад; пойи як фидокорӣ ва аз худ гузаштагӣ ба хотири иҷтимоъ барои занони мутаъаҳҳил ба миён меояд.

Дуруст мисли вазифаи сарбозӣ аст, ки мутаваҷҷеҳи хонаводаҳо мешавад ва бояд ба хотири иҷтимоъ, аз азизашон дил бикананд ва ӯро равонаи майдони корзор кунанд. Дар ин гуна маворид, ғалат аст, ки мавкул ба ризоят ва иҷозаи шахс ё ашхоси зинафъ бишавад.

Касоне, ки муддаӣ ҳастанд ҳақ ва адолат эҷоб мекунад, ки таъаддуди завҷот бо иҷозаи ҳамсари пешин бошад, фақат аз зовияи тафаннун ва танаввӯъталабии мард матлабро нигаристаанд ва заруратҳои фардӣ ва иҷтимоиро аз ёд бурдаанд. Асосан агар зарурати фардӣ ё иҷтимоӣ дар кор набошад, таъаддуди завҷот ҳатто бо иҷозаи зани пешин низ қобили қабул нест.

Аз назари фалсафӣ

Қонуни таъаддуди завҷот бо асли фалсафии тасовии ҳуқуқи зану мард — ки ношӣ аз тасовии онҳо дар инсоният аст — мунофот дорад. Чун зану мард ҳар ду инсон ва мутасовиулҳуқуқ мебошанд, ё бояд ҳар ду муҷоз бошанд, ки дорои чанд ҳамсар бошанд ё ҳеч кадом муҷоз набошанд. Аммо ин ки мард муҷоз бошад чанд зан дошта бошад ва зан муҷоз набошад, ки чанд шавҳар дошта бошад, табъиз ва марднавозӣ аст. Иҷоза додан ба мард, ки то чаҳор зан метавонад бигирад, ба маънии ин аст, ки арзиши як зан мусовӣ аст бо як чаҳоруми мард. Ин ниҳояти таҳқири зан аст ва ҳатто бо назари ислом дар бораи ирс ва шаҳодат — (ки ирс ва шаҳодати) ду занро баробар бо ирс ва шаҳодати як мард қарор додааст — мунофот дорад.

Ин эрод сахифтарин эроде аст, ки бар таъаддуди завҷот гирифта шудааст. Гӯӣ эродкунандагон ба иллатҳо ва мӯҷиботи фардӣ ва иҷтимоии таъаддуди завҷот кучактарин таваҷҷӯҳе надоштаанд; хаёл кардаанд танҳо мавзӯе, ки дар миён аст ҳавас аст. Он гоҳ гуфтаанд чаро ба ҳаваси мард таваҷҷӯҳ шуда ва ба ҳаваси зан таваҷҷӯҳ нашудааст?

Чун дар гузашта роҷеъ ба иллатҳо ва мӯҷибот ва муҷаввизҳои таъаддуди завҷот, махсусан роҷеъ ба чизе, ки таъаддуди завҷотро ба сурати ҳаққ аз ҷониби занони бе шавҳар бар ӯҳдаи мардон ва занони мутаъаҳҳил дармеоварад баҳс кардаем, дигар баҳсе намекунем.

Дар инҷо ҳамин қадр мегӯем, агар мабнои фалсафаи ислом дар таъаддуди завҷот ва ирс ва шаҳодат, таҳқир ва беэътиноӣ ба ҳуқуқи зан буд ва ислом миёни зану мард аз лиҳози инсоният ва ҳуқуқи ношӣ аз инсоният тафовут қоил буд, ҳама ҷо як ҷур назар медод, зеро ин фалсафа ҳама ҷо як ҷур ҳукм мекунад; як ҷо намегуфт, як зан нисфи як мард ирс бибарад ва дар ҷойи дигар намегуфт, як зан бо як мард баробар ирс бибарад ва дар ҷойи дигар намегуфт, як мард, то чаҳор зан бигирад ва ҳамчунин дар боби шаҳодат дар ҳар мавриде ба наҳве ҳукм намекард. Аз инҳо ба хубӣ метавон фаҳмид, ки ислом фалсафаҳои дигаре дар назар гирифтааст. Мо дар яке аз мақолоти гузашта роҷеъ ба ирс тавзеҳ додем ва дар мақолаи дигаре гуфтем масъалаи тасовии зану мард дар инсоният ва ҳуқуқи ношӣ аз инсоният, аз назари ислом ҷузъи алифбои ҳуқуқи башарӣ аст. Аз назари ислом дар ҳуқуқи зану мард масоиле болотар аз тасовӣ вуҷуд дорад, ки лозим аст онҳо дақиқан манзур гардад ва иҷро шавад.

Низоми ҳуқуқи зан дар ислом

Муртазо Мутаҳҳарӣ

Қаламонлайн 

 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Муртазо Мутаҳҳарӣ
Ҷозибаи занони шарқӣ

Матолиби пурбоздид