Чанд гуфтор аз Расули Акрам(с)

Фарҳанг

Чанд гуфтор аз Расули Акрам(с)

Паёмбари Акрам(с) фармуданд:

Сангдил се аломат дорад: бар нотавон тараҳҳум накунад, ба андак насозад, панду андарз дар ӯ асар нагузорад.

Сиддиқ (яъне он ки гуфтор бо кирдораш мутобиқ аст) се нишона дорад: пӯшондани садақа (яъне агар садақа бидиҳад, ба сурати пинҳонӣ медиҳад), пинҳон кардани мусибат ва махфӣ намудани ибодат.

Фосиқ се аломат дорад: фасодангезӣ, зиён расондан ба мардум, инҳироф аз роҳи рост.

Фурӯмоя се нишона дорад: нофармонии Худо, озори ҳамсоя, ишқ ба саркашӣ ва ёғигарӣ.

Нишонаи обид се чиз аст: дар бораи Худованд бар худ хашм гирад (ки чаро вазоифи бандагияшро анҷом намедиҳад) ва дар роҳи Худо душмани шаҳавот бошад ва қиёми намозро тӯл диҳад.

Марди боихлос се аломат дорад: душмании мол, душмании дунё, кинаи гуноҳ.

Олим се нишона дорад: ростгӯӣ, парҳез аз ҳаром, фурӯтанӣ дар баробари умуми мардум.

Саховатманд се аломат дорад: гузашт ҳангоми қудрат, адои закот, дӯст доштани садақа.

Рафиқи некӯ се нишона дорад: молашро пеш аз моли ту сарф кунад, обрӯяшро сипари обрӯят қарор диҳад ва ҷонашро фидои ҷонат кунад, илова бар онҳо, асроратро фош накунад.

Фоҷир (табаҳкор) се аломат дорад: савганди дурӯғ ёд кунад, занонро бифиребад ва ба бегуноҳон тӯҳмат занад.

Қаламонлайн

 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Сифоти подшаҳон
Кишвардорӣ ва сиёсат дар осори Саъдӣ

Матолиби пурбоздид