Шӯхи боданӯш

Адаб

Шӯхи боданӯш

Зуфархон Ҷавҳарӣ

Қадаҳ дар даст омад маст шӯхи боданӯши ман
Ба истиқболи нозаш рафт аз сар ақлу ҳуши ман
Ба ёди наргиси майгунаш аз бас нолаоҳангам
Садо гул мекунад мастона аз сози хурӯши ман
Чунон вомондаам дар зери бори фикри абрӯяш
Ки бошад осмоне ҳамчу моҳи нав ба дӯши ман
Зи бас аз сурма мижгони сиёҳаш дорад истиғно
Садои нолае аз Тур меояд ба гӯши ман
Ба ҷуз дар базми май, рози дилам равшан намегардад
Биё, то қул-қули мино кунад шарҳи суруши ман
Зи файзи маънӣ ҳам ҷамъияте дорам, ки во гаштан
Надорад Ҷавҳарӣ чун ғунча лабҳои хамӯши ман.
Зуфархон Ҷавҳарӣ

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Пойин омадани Олмон дар шохиси озодии баён
Мавозеи низомии Исроил зери оташи Ҳизбуллоҳ

Матолиби пурбоздид