Чаро барои Русия ва Амрико Тоҷикистон муҳим аст? – III

Таҳлили хабарӣ

Чаро барои Русия ва Амрико Тоҷикистон муҳим аст? 

Бахши севвум

Муаллифаҳои таъсиргузор бар рақобати Русия ва Амрико дар Тоҷикистон

Ҳамон гуна ки ишора шуд, минтақаи Осиёи Миёна дар даврони пасошуравӣ мавриди таваҷҷуҳи Маскав ва Вашингтон қарор гирифт. Ҳар ду қудрат алоқаҳо ва манофеи мухталифе дар минтақа доштанд.

Ин манофеъ ба таври куллӣ дар ҳавзаҳои сиёсӣ-амниятӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ қобили дастабандӣ аст.

Шинохт ва дарки муносиби рақобати Русия ва Амрико дар ин минтақа низ ниёзманди муқоисаи равандҳо ва пӯйишҳои ҳар кадом аз ду қудрат дар ҳавзаҳои мавзуӣ ва мушаххас аст. Ба табъ, таҳлилу баррасии рақобати ду кишвар дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро низ бояд бар асоси нигоҳи ин ду кишвар ба алоқаҳо ва манофеи онҳо мавриди баррасӣ қарор дод.

Русия бо таваҷҷуҳ ба пешинаи ғании равобит бо ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна алоқаи мутафовит ва мутанаввеътаре дар баробари ин ҷумҳуриҳо аз ҷумла Тоҷикистон дорад. Вуҷуди лашкари 201-уми Русия дар Тоҷикистон, ҳамкориҳои густардаи дифоӣ ва амниятӣ дар канори узвияти Дашанбе дар Созмони амниятӣ дастаҷамъӣ (СПАД) Русияро ба муҳимтарин шарики амниятӣ ва низомии Тоҷикистон мубаддал сохтааст. Дар ҳавзаи сиёсӣ низ мухолифати Русия бо падидаи инқилобҳои рангӣ дар ҳавзаи пасошӯравӣ ва тарси ҳокимияти Душанбе аз шароити чунин ҷараёноте, сабаби саркуби густардаи мухолифин дар ин кишвар шудааст; масъалае, ки интиқоди густардаи ғарб аз сиёсатҳои ҳуқуқи башарии давлати Тоҷикистонро ба дунбол доштааст.

Дар ҳавзаи иқтисод низ Русия муҳимтарин шарики тиҷории Душанбе маҳсуб мешавад. Илова бар ин, ҳузури муҳоҷирини корӣ дар Маскав ва нақши маблағҳои ирсолӣ аз Русия дар сохтори иқтисодии Тоҷикистон аст.

Бахши фарҳангӣ низ дар чорчуби муаллифаҳои расонаӣ, донишгоҳӣ, забон ва нақши фарҳангии нируи кор, наздикии ду тарафро дар тӯли солҳои пасоистиқлол дар пай доштааст.

Бар хилофи Русия, ҳузури Амрико дар Тоҷикистон дар давраи пасофурӯпошӣ маҳдуд будааст. Дар ҳавзаи иқтисод алорағми кумакҳои эътошуда, Вашингтон аз ҷойгоҳи болое дар ҳавзаи тиҷории ин кишвар бархурдор нест.

Бахши фарҳангӣ низ бо таваҷҷуҳ ба нигоҳи ҳокимияти Тоҷикистон ва таъсиргузории Русия ва ҳамчунин пайвандҳои фарҳангӣ бо Эрон фурсати зиёдеро барои Вашингтон фароҳам насохтааст; ин масъала сабаб шудааст, ки ҳамкориҳои фарҳангӣ ва донишгоҳии Амрико дар Осиёи Миёна бештар дар ҷумҳуриҳои Қирғизистон ва Қазоқистон мутамаркиз бошанд. Бар хилофи ин ду бахш, дар ҳавзаи низомӣ ва амниятӣ фаъолият ва ҳамкорӣ аз тавсиаи бештаре бархурдор будааст. Ҳавзаи амниятӣ бо таваҷҷуҳ ба муҷовират ва ҳамсоягии Тоҷикистон бо Афғонистон ва муаллифаҳое чун терроризм, ифротгароӣ ва қочоқи маводди мухаддир аз аҳамияти бисёре барои Амрико бархурдор аст. Ин масъала сабаби тавсиаи ҳамкори Душанбе-Вашингтон дар бахшҳои низомӣ, бавижа дар ҳавзаи омӯзиши мутахассисон, ҳамкориҳои иттилоотӣ ва амниятии марзӣ шудааст. Аз ин рӯ, бахши низомӣ-амниятиро метавон муҳимтарин ҷилваи рақобати Русия ва Амрико дар Тоҷикистон қаламдод кард. Муҳимтарин мисдоқи ҳамкориҳои Вашингтон-Душанбе дар ин заминаро бояд дар баргузории размоишҳои муштараки миёни ду кишвар донист, ки бо нигаронӣ аз сӯи Маскав дунбол мешавад.

Баргузории тамриноти муштараки низомии минтақаӣ миёни кишварҳои Амрико ва Осиёи Миёна ва ҷанубӣ аз соли 2004 оғоз шудааст. Моневрҳои низомии муштарак байни Амрико ва дигар кишварҳои Осиёи Миёна пас аз шуюи вируси куруно ба муддати чанд сол ба таъхир афтод.

Монёври низомии соли 2022 шашӯмин рӯйдод дар ин замина буд, ки ба мизбонии Тоҷикистон баргузор шуд.

Ин размоиш як тамрини солона бо ҳадафи тақвияти амалиёти чандмиллиятӣ барои тазмини сабот, мубориза бо терроризм, тавсиаи ҳамкорҳо ва қобилиятҳои муштараки кишварҳои Осиёи Миёна ва ҷанубӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, Муғулистон, Покистон ва Амрикост.

Илова бар ин  Тоҷикистон ва Амрико тамриноти панҷрӯзаро дар маркази омӯзишии Фахробод, дар бахши дуҷониба баргузор карданд. Ҷон Морк Поммершейм, сафири Амрико дар Тоҷикистон, зимни истиқбол аз ширкаткунандагон дар ин размоиши низомӣ гуфта буд: Ин ҳамкорӣ бузургтарин размоиши низомии Амрико бо мушорикати кишварҳои Осиёи Миёна ва ҷанубӣ аст ва фурсате беназир барои тақвияти равобити мо бо шуракои худ дар минтақа аст.

Вай афзуд: Ин размоишҳо ба унвони як арса барои ҳалли масоили муҳимми минтақаӣ, аз ҷумла посухҳои сулҳомез ба чолишҳои ҷаҳонӣ, ба иштирокгузории иттилоот ва ҳамкориҳои амниятӣ хоҳад буд.

Баргузории ин размоиш бо интиқоди Русия рӯбарӯ шуд. Николай Петрушев, дабири Шӯрои амнияти Русия дар нишасти дабирони Шӯрои амнияти кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шангҳай дар Тошканд, дар изҳороте баён дошт, ки размоишҳои муштараки амрикоиҳо бо кишварҳои Осиёи Миёна барои баррасии тавоноиҳои низомии минтақа ва дақиқтар кардани аҳдофи нақшаҳо дар минтақа аст. Ба гуфтаи дабири Шӯрои амнияти Русия, размоиши ҳамкориҳои минтақаии соли 2022 ба раҳбарии Амрико дар Тоҷикистон тавассути амрикоиҳо, барои кашфи саҳнаи ҷанги эҳтимолӣ истифода мешавад.

Петрушев хотирнишон кард, ки Русия размоиши “Ҳамкории минтақаии 2022” ба раҳбарии Амрико дар Тоҷикистонро идомаи талошҳои Вашингтон барои эҷоди як зерсохти низомии зоҳиран муваққат дар Осиёи Миёна медонад.

Размоиши “Ҳамкории минтақаии 2022” густардатарин размоиш дар солҳои ахир аст ва интихоби Тоҷикистон барои мизбонии ин размоиш аз чанд ҷиҳат дорои аҳамият ва таваҷҷуҳ аст:

1) Амрико пас аз хуруҷ аз Афғонистон ҳузур ва ҳамкории худро бо Тоҷикистон тақвият кардааст.

2) Мақомоти Тоҷикистон пойгоҳи ҳавоии Фахрободро барои баргузории размоиши муштарак бо нируҳои амрикоӣ интихоб карданд. Ин пойгоҳ яке аз тавонмандтарин пойгоҳҳои низомии Тоҷикистон аст, ки аз як сӯ дар наздикии шаҳри Душанбе – пойтахти Тоҷикистон қарор дорад ва аз сӯи дигар, барои контроли марзҳои ҷанубии Тоҷикистон муносиб аст. Ин пойгоҳ ҳамчунин маҳалли чанд ҳавопаймо ва болгард аст, ки дар замони суқути ҳукумати Ашраф Ғанӣ аз артиши Афғонистон фирор карданд. Аз ин рӯ, размоиши муштараки Тоҷикистон бо Амрико, илова бар ин ки метавонад паёми амниятӣ барои кишварҳои Осиёи Миёна бошад, дарбардорандаи ҳушдори ҷиддӣ барои қудратҳои минтақа, аз ҷумла Русия, Эрон ва Чин ба шумор меравад ва ҳатто қодир аст, оянда назми амнияти минтақаӣ дар Осиёи Миёнаро низ таҳти таъсир қарор диҳад.

Qalamonline

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Инсон ва озодихоҳӣ – III
Чаро барои Русия ва Амрико Тоҷикистон муҳим аст? – II

Матолиби пурбоздид