Чаро Испониёи мусалмон фурӯпошӣ шуд?
Нигоҳе ба торих ё дарсҳое аз торих
3 марҳила ва 5 иқдом барои фурӯпошии фарҳангии Испониёи мусалмон
Бозхонии вазъияти фарҳангӣ ва иҷтимоӣ дар Андалуси исломӣ ва фаҳми иллатҳои фурӯпошии фарҳангӣ дар он, як зарурати таърихӣ барои имрӯзи мост.
Фатҳи Андалуси масеҳӣ тавассути мусалмонон, барои масеҳиён бисёр гарон тамом шуд ва бар ҳамин асос, фикри шикаст додани мусалмонон лаҳзае аз сари зимомдорони масеҳӣ хориҷ нашуд. Ин шикасти масеҳиён боис шуд, ки онон аз ҷабҳаи фарҳангӣ алайҳи мусалмонон ворид шаванд ва бо тарвиҷи фасоду фаҳшо ва бебандуборӣ, бармусалмонон пирӯз шаванд.
Роҳбурди онҳо шомили се марҳила буд:
Марҳилаи аввал: эҷоди тазалзул дар ақоиди ҷавонони мусалмон ва суст намудани онон дар пойбандӣ ба аҳкоми динӣ;
Марҳилаи дуввум: рахна дар марокизи таълиму тарбият аз тариқи гирифтани имтиёзи боз кардани мадориси маҷҷонӣ;
Марҳилаи севвум: густариши равобити тиҷорӣ бо мусалмонон бо ҳадафи тарвиҷи фасод ва бебандуборӣ бахусус дар миёни зимомдорони мусалмони Андалус.
* * *
Натиҷаи мароҳили сегона
Натиҷаи мароҳили сегонаи мазкур, ки ҷумлагӣ як роҳбурди асосӣ барои фурӯпошии Андалуси исломӣ ва хориҷ кардани ин сарзамин аз дасти мусалмонон буд, тахдири афкору андешаҳои мусалмонон буд. Вазъияти фарҳангӣ–иҷтимоии эҷодшуда дар Андалуси исломӣ, ин гуна дар китоби “Ғуруби офтоб дар Андалус” ташреҳ шудааст:
“1) Майхорагӣ, ки дар гузашта дар миёни мардуми айёши Андалус ба таври хафо анҷом мешуд, як амали умумӣ ва аланӣ гардид ва чун табақаи таҳсилкарда ва ба истилоҳ, равшанфикри мардуми Андалуси он рӯз дар ин амал пешқадам буданд, аз ин рӯ шаробхорагӣ ва майгусорӣ нишонаи таҷаддуд ва равшанфикрӣ гардида ва ҳар кас аз ин амал иҷтиноб мекард, кӯҳнапараст ва хурофотӣ номида мешуд;
2) Ҷавонони майгсору бебандубор равиши падарони худро ҳақир шумурда ва ононро нодону аҳмақу дур аз тамаддун хонданд;
3) Либоси соддаи худро, ки нишонаи сабру таҳаммул ва кору фаъолияту кӯшиш буд, аз тан дароварда ва либоси ҳамоқату такаббуру зиштсиратон, яъне ҷомаи танпарвариро ба тан карданд;
4) Масоҷиду мадориси мазҳабӣ дар инҳисори пирамардону пиразанон даромад ва ҷавононро бо масҷиду намоз сару коре набуд;
5) Духтарони зебову таннози урупоӣ, ки дар ҳамаҷо маъмури дилрубоӣ аз ҷавонони мусалмон буданд, бо диққати ҳарчи тамомтар маъмурияти худро анҷом доданд ва дар натиҷа ҷавонони мусалмон то нимаҳои шаб дар гӯшаи меҳмонхонаҳо ба сар мебурданд”.
* * *
Таҳлили устод Мутаҳҳарӣ
Устоди шаҳид Муртазо Мутаҳҳарӣ дар китоби “Ошноӣ бо Қуръон” қиссаи пурғуссаи Андалуси исломиро ин гуна шарҳ медиҳад:
“Таърихи башар нишон медиҳад ки ҳар гоҳ қудратҳои ҳоким мехоҳанд ҷомеаеро таҳти султаи худ қарор диҳанд ва онро истисмор кунанд, талош мекунанд то руҳи ҷомеаро фосид кунанд ва барои ин манзур асбоби шаҳватрониро барои мардум муҳайё мекунанд ва онҳоро ба шаҳватронӣ тарғиб мекунанд. Намунаи ибратангезе аз ин шеваи касиф, фоҷеае буд, ки дар Испониёи мусалмон барои мусалмонон рух дод.
Масеҳиён барои хориҷ кардани Испониё аз чанги мусалмонон, аз роҳи фосид кардани руҳия ва ахлоқи ҷавонони мусалмон вориди амал шуданд, то он ҷо ки тавонистанд васоили лаҳву лаъибу шаҳватрониро ба суҳулат дар ихтиёри мусалмонон қарор доданд ва дар ин кор то он ҷо пеш рафтанд, ки ҳатто сардорону мақомоти давлатиро низ фирефтанд ва ононро олуда сохтанд ва ба ин тартиб тавонистанд азм, ирода, нерӯ, шуҷоат, имон ва покии руҳи мусалмононро аз миён бардоранд, онҳоро ба одамҳои забун, заъиф, шаҳватрон, шаробхор ва занбора мубаддал кунанд. Ва пурвозеҳ аст, ки ғалаба ва пирӯзӣ бар чунин мардуме кори душворе нест”.
Дар ниҳоят масеҳиҳо ба натиҷаи матлуб расиданд ва фармондеҳони танпарвару айёши ба зоҳир мусалмон, дар баробари душман руҳи мубориза, истиқомат ва пойдориро аз даст доданд ва бархе бо масеҳиён ба таври маҳрамона қарори хиёнат ба дину сарзамини исломӣ гузоштанд ва бархе дигарро коре бо дифоъ дар баробари таҳоҷумоти душман набуд ва аз тарафе ҳам ҷавонони мусалмон, ки бояд дар ҳуҷум ба арзишҳо ва ҳарими муқаддаси ислом ва кишвари исломӣ ба унвони нерӯҳои бисёр корсоз вориди саҳна гарданд, дар асари гуноҳу олудагӣ бетафовут шуда буданд. Ва инчунин буд, ки дар рӯзи 2-январи 1492 мелодӣ, пас аз 8 қарн (800 сол), Гронодо (Ғерното) охирин мақарри исломии Испониё, бидуни ҷанг таслими ҳуккоми масеҳӣ шуд. Масеҳият пас аз тасаллут бар Испониё, шароити сахту душвореро барои мусалмонону яҳудиҳо ба вуҷуд овараданд, ба гунае ки ё бояд ба масеҳият мегаравиданд ва ё аз Испониё хориҷ мешуданд.Пас аз муддате масеҳиҳо тамоми касонеро, ки собиқаи мусалмонӣ доштанд, аз сарзамини исломӣ ихроҷ карданд ва бо тамоми мазоҳири исломӣ муқобила намуданд, ба гунае ки акнун дар Испониё аз ислому мусалмонон ҷуз биноҳои таърихӣ чизе боқӣ намондааст.
(Манбаъ: Пойгоҳи интернетии “Кимиёи саодат”)
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн