Чаро Исроил ҷуръат пайдо кардааст?
Байналмилал
Бар гуфтаи раҳбари Ансоруллоҳи Яман, сукути мусалмонон боиси ҷуръати бесобиқаи Исроил гаштааст.
Сайидабдулмалик Бадруддин Ҳусӣ – раҳбари Ансоруллоҳи Яман мегӯяд:
“Сукути мусалмонон боис шуда Исроил ҷуръат пайдо кунад”
Раҳбари Ансоруллоҳи Яман бо ишора ба ин ки мусалмонон метавонанд иқдомоти бисёре барои миллати Фаластин анҷом диҳанд, вале фақат тарҷеҳ медиҳанд, наззорагар бошанд, хотирнишон кард:
“Сукути мусалмонон боис шуда Исроил ҷуръат пайдо кунад ва ин фоҷеаро рақам бизанад. Сукути мусалмонон ба Исроил фурсат дода, бо вақоҳати тамом ва итминон аз набуди ҳеч гуна вокунише, даст ба чунин ҷиноёте бизанад.”
Сайидабдулмалик Бадруддин Ҳусӣ, раҳбари Ансоруллоҳи Яман, дар суханоне, бо ишора ба ин ки ҷаҳони исломӣ ба маънои воқеии калима, иқдоми муфиде барои миллати Фаластин анҷом надодааст, гуфт: “Исроил дар ҳоли афзоиши ҷиноёти худ ва куштори гурӯҳии шанеи мардуми Ғазза аст, вале режимҳои арабӣ, фақат ба судури баёния басанда мекунанд ва ҳеч иқдоми амалӣ анҷом намедиҳанд.”
Раҳбари Ансоруллоҳ бо ишора ба ин ки ҳафтаи ҷорӣ, хунбортарин ҳафта дар хусуси ҷиноёти режими саҳюнистӣ дар Ғазза будааст, гуфт: “Ин ҳафта болиғ бар се ҳазор нафар аз мардуми навори Ғазза, ки бештари онон аз занону кӯдакон буданд, шаҳид ва захмӣ шуданд. Ин бештарин омор тайи тақрибан як солу ними гузашта аст ва шумори зиёде аз шуҳадо низ дар зери оворҳо қарор доранд.”
Вай бо баёни ин ки душмани саҳюнистӣ дар ҳоли ҳамалоти мустақим ба чодарҳо, мадорис ва марокизи искон аст, афзуд: “Душман бар рӯйи ҳадаф қарор додани оворагон бо истифода аз бомбҳои Омрико мутамаркиз шуда ва мудовим дар ҳоли фишор аст, то ин ки мардуми шимоли навори Ғазза маҷбур ба кӯчи иҷборӣ шаванд.”
Ҳусӣ идома дод: “Ҳаҷми ҷиноёти саҳюнистҳо боис шуда яке аз ҷинояткорони онҳо дар қиболи иқдомоти ин душман бигӯяд, ки бовар намекунам ин иттифоқ меафтод, зеро ҳама одат карданд рӯзона 100 нафар дар Ғазза кушта шаванд ва ҳеч кас низ ба он аҳаммият надиҳад.”
Вай зимни интиқод аз баёнияи кишварҳои арабӣ ва исломӣ дар қиболи Ғазза гуфт: “Ин кишварҳо аз дигарон мехоҳанд, ки барои миллати Фаластин коре анҷом диҳанд; гӯё онҳо уммати бидуни масъулияте ҳастанд. Исроил низ ба ин мизон аз вододагии аъроб ниҳояти истифодаро мебарад.”
Раҳбари Ансоруллоҳ бо ишора ба оғози муҷаддади амалиёти заминии режими саҳюнистӣ бо ҳадафи кӯчондани иҷбории сокинони Ғазза ва ишғоли шимоли он тасреҳ кард: “Исроил номи амалиётро “Аробакашаҳои Ҷидъун” қарор додааст. Иллати номгузорӣ низ ин аст, ки онро аз боварҳои хурофии яҳудӣ ба орият гирифтаанд ва бо ҷиноёти марбут ба кӯчондани иҷбории мардуми Фаластин аз соли 1948 дар иртибот аст.”
Раҳбари Ансоруллоҳ бо таъкид бар ин ки бисёре аз сарони режими саҳюнистӣ итминон доранд, амалиётҳои ҷинояткоронаи онҳо дар Ғазза шикаст хоҳад хӯрд, тасреҳ кард: “Бархе аз масъулони собиқи режим эътироф мекунанд, ки ин амалиётҳо шикастхӯрда аст ва суде ба ҳоли саҳюнистҳо нахоҳад дошт.”
Вай ҳамчунин гуфт: “Нахуствазири асбақи режими саҳюнистӣ, Эҳуд Олмарт мегӯяд, ки ин як ҷанги беҳадаф аст ва иқдомоти Исроил дар Ғазза ҷинояти ҷангӣ ба шумор меравад. Изҳороти Ёъир Гулон низ боиси ҳаёҳу дар миёни саҳюнистҳо шудааст.”
Раҳбари Ансоруллоҳ густариши қаҳтӣ дар Ғаззаро мояи нанги ҷаҳони ислом ва кишварҳои арабӣ донист ва гуфт: “Бархе аз хонаводаҳо дар Ғазза ҳар як рӯзу ним ё баъзан ҳар ду рӯз, як ваъда ғизо мехӯранд. Агар заррае аз инсоният ва мардонагӣ ва эҳсоси масъулият дар мусалмонон боқӣ монда бошад, фарёдҳои занони Ғазза кофӣ аст, ки ғайрати миллионҳо мусалмонро таҳрик кунад.”
Вай бо ишора ба ин ки мусалмонон метавонанд иқдомоти бисёре барои миллати Фаластин анҷом диҳанд, вале фақат тарҷеҳ медиҳанд, наззорагар бошанд, хотирнишон кард: “Сукути мусалмонон боис шуда Исроил ҷуръат пайдо кунад ва ин фоҷеаро рақам бизанад. Сукути мусалмонон ба Исроил фурсат дода, бо вақоҳати тамом ва итминон аз набуди ҳеч гуна вокунише, даст ба чунин ҷиноёте бизанад.”
Вай зимни интиқод аз иқдомоти Исроил барои яҳудисозии Қудси ишғолӣ хотирнишон кард: “Исроил дар урдугоҳи Ҷанин низ тайи чаҳор моҳи гузашта ба ҷиноёти худ идома медиҳад ва то кунун 22 ҳазор нафар аз ин урдугоҳ овора шудаанд ва садҳо хона ба сурати комил тахриб шудааст. Исроил дар пайи тағйири вазъият дар Ҷанин аст.”
Раҳбари Ансоруллоҳ бо ишора ба ин ки Исроил ба дунболи ишғоли комили навори Ғазза аст, хотирнишон кард: “Исроил шикасти худро бо ҷиноёт ҷуброн мекунад. Артиши Исроил тарсутарин артиши ҷаҳон аст ва дар дараҷаи нахуст фақат мубтанӣ бар ҷиноят ва наслкушӣ аст. Низомиёни Исроил ба шиддат аз амалиёти нерӯҳои муҷоҳиди фаластинӣ ва ҳатто наздик шудан ё даргирӣ бо онҳо метарсанд. Душмани исроилӣ дар ҳоли ҳозир дар вазъияти заъф қарор дорад ва дар талош аст шикасти худро бо иртикоби ҷиноёти бештар ҷуброн кунад.”
Қаламонлайн