Ҷоҳилият – I

Ҷоҳилият – I
Бахши аввал
Сайидюнуси Истаравшанӣ
Дар се чаҳор бахш, агар Худо бихоҳад, мехоҳам дар бораи ҷоҳилият бинависам ва ин ки оё тасаввуре, ки аз ин вожа ба зеҳнҳо меояд вақте ба кор бурда шавад, дуруст аст? Оё ҷоҳилият фақат ба фазои ҳоким дар ҷомеаи даврони ҳазрати Паёмбар (с) ҳангоми беъсати ӯ гуфта мешавад, ки он ҳазрат онро тағйир дод ё на, фаротар аз он аст? Ва ба сухани дигар, оё ҷоҳилият махсуси як замон ва як макони муайян аст ё на, балки як силсила вежагиҳо ва хусусиятҳо ҳаст, ки агар ин вежагиҳо ва хусусиёт дар ҳар замон ва дар ҳар макон дар ҷомеае дида шавад, он ҷомеа ҷомеаи ҷоҳилият ба шумор меравад? Ва баҳсҳои дигаре, ки марбут ба ин мавзӯъ аст. Ин баҳсро бо баёни чанд нукта пайгирӣ мекунем:
1) Он чи маъмулан ба зеҳнҳо меояд вақте вожаи ҷоҳилият ба кор равад ин аст, ки ҷомеаи шибҳиҷазираи Арабистон ҳамзамон бо беъсати Паёмбар (с), як ҳолат ва вазъияти бисёр асафбор дошт аз назари фарҳангӣ ва иҷтимоӣ ва сиёсӣ; одамҳо аксарият бесавод буданд, шумори босаводҳо аз адади ангуштон таҷовуз намекард, вуҷуди фарзанди духтар дар хонавода нангу ор шумурда мешуд ва ба ҳамин ҷиҳат, падароне буданд, ки вақте барояшон духтар зода шавад, зинда ба зинда гӯраш мекарданд, одамҳо ба хотири кучактарин масоил ва ҷузъитарини онҳо бо ҳам даъво ва даргир мешуданд ва ин даргириҳо мунҷар ба ҷангҳои хунин миёни онҳо мегашт ва ғайра. Ва он гоҳ замоне, ки ҳазрати Паёмбар (с) ба паёмбарӣ барангехта шуд, муҳимтарин ва асоситарин вазифаи ӯ ба унвони як паёмбар, тағйири ин вазъият буд ва ӯ тавонист. Яъне дар хилоли 23 соли нубувват ва паёмбарӣ, эшон тавонист ин вазъиятро дигаргун созад ва ё лоақал, фазоеро ба вуҷуд овард ва шогирдонеро парвариш дод, ки баъд аз реҳлати ӯ кори ӯро идома доданд ва тавонистанд фазоро аз назари фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ тағйир бидиҳанд.
Бо ба кор рафтани вожаи ҷоҳилият, ғолибан ҳамин маъно ба зеҳнҳо меояд яъне ҷоҳилият аз назари макон, махсуси ҷомеаи шибҳиҷазираи Арабистон буд ва назари замон, марбут ба даврони беъсат ва паёмбарии ҳазрати Муҳаммад (с).
Ва лозимаи ин маъно бо ин қайд ин аст, ки якчунин ҳолат ва вазъиятро марбут ба соири сарзаминҳо ва ҷомеаҳои он рӯз мисли Рум ва Форс – ки ду имперотурии бузург буданд ва дунёи он рӯз байни ин ду тақсим мешуд – надонем, гӯ ин ки онҳо ба ин эътибор, ки абарқудрат буданд, ҷоҳилӣ ба ин маъно, ки гуфта шуд набуданд, ҳам ба ҷиҳати фарҳангӣ ва ҳам иҷтимоӣ ва ҳам сиёсӣ.
Хуб, оё чунин аст? Дар бахши баъдӣ, роҷеъ ба ин матлаб сӯҳбат хоҳем кард.
Идома дорад…
Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Маод – ХYI
Киштии коғазӣ

Матолиби пурбоздид