Чаро Суқрот эъдом шуд?

Таърих

Чаро Суқрот эъдом шуд?

 

Суқрот аз машҳуртарин файласуфони таърих аст; марде, ки бо вуҷуди он ки ҳеч навиштае аз худ баҷо нагузошт, таъсире амиқ бар масири фалсафаи Ғарб гузошт. Бештари он чи дар бораи зиндагӣ ва андешаи ӯ медонем, аз навиштаҳои шогирдонаш бавижа Афлотун ва Ксенофон ба даст омадааст. Суқрот бо пурсишҳои пай дар пай, боварҳои роиҷ дар бораи ахлоқ, сиёсат, дониш ва ҳақиқатро ба чолиш мекашид ва ҳамин шева саранҷом ӯро дар баробари дастгоҳи қазои Отен (Афина) қарор дод.

Муҳокимаи Суқрот дар соли 399 пеш аз мелод иттифоқ афтод. Суқрот ба бединӣ ва фосид кардани ҷавонон муттаҳам шуд, дар додгоҳ муҷрим шинохта шуд ва дар ниҳоят бо нӯшидани ҷоми шавкарон (ҷоми заҳр) ба зиндагии худ поён дод. Аммо чаро чунин файласуфе ба марг маҳкум шуд ва чаро ҳозир нашуд аз Отен бигурезад?

Суқрот кӣ буд?

Иттилооти дақиқ дар бораи зиндагии Суқрот андак аст. Медонем, ки ӯ шаҳрванди Отен буд, ӯ зоҳире содда дошт. Дар ривоятҳои марбут ба ӯ, аз беэътиноӣ ба зоҳир ва одати роҳ рафтан бо пойи бараҳна ёд шудааст.

Суқрот дар зиндагии шахсӣ низ бар хештандорӣ таъкид дошт ва чандон ба лаззатҳои моддӣ ва завоҳири зиндагӣ аҳаммият намедод. Аз назари сиёсӣ низ наметавон ӯро ба соддагӣ дар яке аз ҷиноҳҳои аслии Отен ҷой дод. Бо ин ҳол, равиши пурсишгарии ӯ борҳо боварҳои сиёсӣ ва ахлоқии роиҷро зери суол мебурд ва ҳамин мавзӯъ боис шуд ба шахсияте шинохташуда ва дар айни ҳол баҳсбарангез дар ҷомеаи Отен табдил шавад.

Суқрот чӣ гуна фалсафа меварзид?

Бахши муҳимме аз тасвире, ки имрӯз аз Суқрот дорем, ҳосили осори Афлотун аст. Суқрот ҳеч китобе нанавишта буд ва ба ҳамин далел наметавон бо итминони комил ташхис дод, ки кадом як аз андешаҳое, ки дар гуфтугӯҳои афлотунӣ ба ӯ нисбат дода шуда, воқеан мутааллиқ ба Суқрот буда ва кадом як бозтоби дидгоҳҳои худи Афлотун аст.

Дар осори Афлотун, Суқрот маъмулан бо пурсидани пурсишҳои содда ва пай дар пай вориди гуфтугӯ мешавад. Ӯ худро соҳиби ҳақиқат муаррифӣ намекунад, балки аз нодонии хеш оғоз мекунад ва аз тарафи муқобил мехоҳад таъриф ё иддаои худро тавзеҳ диҳад. Сипас бар асоси ҳамон посухҳо пурсишҳои баъдиро матраҳ мекунад, то саранҷом таноқузе дар истидлоли тарафи муқобил ошкор шавад. Ба ин тартиб, Суқрот ағлаб бидуни ироаи назарияе омода, нишон медиҳад, ки инсонҳо гоҳе тасаввур мекунанд чизеро медонанд, дар ҳоле, ки дар таъриф ва дифоъ аз он нотавонанд.

Ин шева баъдҳо “равиши суқротӣ” ном гирифт ва ҷустуҷӯи ҳақиқат аз тариқи пурсиш, гуфтугӯ ва ошкор кардани таноқузҳоро ба яке аз аносири муҳимми суннати фалсафии Ғарб табдил кард.

Иттиҳомҳои Суқрот чӣ буд?

Дар соли 399 пеш аз мелод, марде ба номи Мелет шикояте расмӣ алайҳи Суқрот матраҳ кард. Иттиҳомоти аслӣ, фосид кардани ҷавонони отенӣ ва бетақвоӣ ё беэътиқодӣ нисбат ба худоёни мавриди пазириши шаҳр буд. Парванда пас аз пазириши расмии иттиҳом ба додгоҳ супурда шуд.

Заминаи сиёсии ин муҳокима аҳаммияти зиёде дошт. Отен танҳо чанд сол пеш аз он дар ҷанги Пелопоннес аз Спарта шикаст хӯрда буд ва пас аз шикаст, ҳукумати маъруф ба “30 ҷаббор” бо ҳимояти Спарта бар шаҳр мусаллат шуда буд. Бархе аз чеҳраҳои ин ҳукумат бо ҳалқаҳои фикрии муртабит бо Суқрот иртибот доштанд; муҳимтар аз ҳама, Критий, яке аз раҳбарони ҳукумати “30 ҷаббор”, дар шумори касоне буд, ки аз Суқрот таъсир пазируфта буданд. Бо ин ҳол, ин иртибот ба танҳоӣ собит намекунад, ки муҳокимаи Суқрот сирфан иқдоме сиёсӣ алайҳи ӯ будааст.

Дар додгоҳ чӣ иттифоқе афтод?

Ривояти машҳури муҳокима беш аз ҳама аз рисолаи “Дифоияи Суқрот”-и Афлотун шинохта мешавад. Бар асоси ин ривоят, Суқрот дар баробари иттиҳомот аз худ дифоъ кард ва ҳозир нашуд барои ҷалби тараҳҳуми додгоҳ аз мавозеъи фикрии худ ақибнишинӣ кунад. Ӯ таъкид дошт, ки вазифааш пурсишгарӣ ва водоштани шаҳрвандон ба андешидан дар бораи зиндагӣ ва фазилат аст.

Дар ниҳоят, додгоҳ Суқротро муҷрим шинохт. Афлотун гузориш мекунад, ки ихтилофи раъй барои маҳкумияти ӯ бисёр андак буд ва бо ҳудуди 30 раъй таъйин шуд. Пас аз эъломи муҷримият, марҳилаи таъйини муҷозот оғоз шуд. Суқрот бо лаҳне танзомез пешниҳод кард, ба ҷойи муҷозот, ба далели хидмате, ки ба шаҳр кардааст, аз имтиёзи дарёфти ғизои ройгон бархӯрдор шавад. Сипас бо пешниҳоди пардохти ҷаримаи 100 драхм мувофиқат кард ва дӯстон ва шогирдонаш низ ҳозир шуданд маблағи бештаре, ҳудуди 3000 драхм, барои ӯ фароҳам кунанд. Аммо пешниҳоди ниҳоии додситон, муҷозоти марг буд ва раъйи ниҳоии додгоҳ низ ба эъдоми Суқрот анҷомид.

Чаро Суқрот аз Отен фирор накард?

Пас аз судури ҳукм, дӯстон ва шогирдони Суқрот аз ӯ хостанд аз Отен фирор кунад. Дар ривояти Афлотун, имкони фирор вуҷуд дошт ва метавонист аз иҷрои ҳукм ҷилавгирӣ кунад. Бо ин ҳол, Суқрот ин пешниҳодро напазируфт.

Далели ин тасмимро бояд дар дидгоҳи ӯ дар бораи қонун ва зиндагии маданӣ ҷустуҷӯ кард. Суқрот солҳо дар бораи адолат, қонун ва вазифаи шаҳрвандӣ баҳс карда буд ва акнун бо мавқеъияте рӯбарӯ шуда буд, ки иҷрои ҳамон қонун ба марги худаш мунтаҳӣ мешуд. Дар ривояти Афлотун, ӯ ҳозир набуд бо фирор, чизеро, ки аз назари худаш назми қонунии шаҳр буд нақз кунад. Ба ин тартиб, Суқрот на танҳо дар суханонаш, балки дар тасмими ниҳоии зиндагиаш низ ба усуле, ки ба онҳо бовар дошт вафодор монд.

Ӯ дар ҳудуди 70-солагӣ ҷоми шавкаронро нӯшид. Заҳр ба тадриҷ боиси фалаҷ шудани баданаш шуд ва саранҷом ба марги ӯ анҷомид.

Оё муҳокимаи Суқрот сиёсӣ буд?

Муҳокимаи Суқрот қарнҳост, ки маҳалли тафсирҳои мутафовит аст. Бархе аз пажӯҳишгарон бар заминаи сиёсии он таъкид мекунанд: Отен тоза даврае аз ҷанг, шикаст, ҳукумати олигархӣ ва хушунати сиёсиро пушти сар гузошта буд ва ҷомеа ҳассос буд.

Аз сӯйи дигар, наметавон аз ин заминаи таърихӣ натиҷа гирифт, ки иттиҳомоти Суқрот сирфан пӯшише барои як тасвияҳисоби сиёсӣ будааст. Иттиҳомоти расмӣ мушаххас буданд ва додгоҳ низ дар чорчӯби низоми қазоии Отен баргузор шуд. Ҳамчунин, тасвире, ки аз Суқрот дар осори Афлотун мебинем, борҳо сиёсатмадорон, муддаиёни дониш ва боварҳои умумии шаҳрро ба чолиш мекашад. Бинобар ин, робита миёни фалсафаи Суқрот, фазои сиёсии Отен ва ҳукми эъдоми ӯ ҳамчунон мавзӯи баҳси таърихӣ ва фалсафӣ аст.

Мероси муҳокимаи Суқрот

Муҳокима ва марги Суқрот ба яке аз мондагортарин намунаҳои таърихи фалсафа дар бораи робитаи фард, ҳақиқат ва қудрат табдил шуд. Афлотун дар осори худ, бавижа дар “Дифоияи Суқрот”, “Крит” ва “Федон”, тасвире аз охирин рӯзҳои зиндагии устодаш ироа кард ва ҳамин ривоят саҳми бузурге дар шаклгирии тасвири таърихии Суқрот дошт.

Қарнҳо баъд низ марги Суқрот ҳамчунон дар фалсафа, адабиёт, ҳунар ва назарияи сиёсӣ бозтафсир шудааст. Яке аз муҳимтарин далоили мондагории ин достон он аст, ки Суқрот на ба унвони файласуфе, ки китобе аз худ баҷо гузошта, балки ба унвони инсоне, ки шеваи зиндагӣ ва маргаш бахше аз фалсафаи ӯ шуд, дар таърих боқӣ мондааст.

Афлотун баъдҳо дар тамсили машҳури “Ғор” аз инсоне сухан гуфт, ки аз ҷаҳони сояҳо хориҷ мешавад, ҳақиқатро мебинад ва сипас барои бозгашт ба ғор ва огоҳ кардани дигарон бо муқовимати онон рӯбарӯ мешавад. Ин тамсилро наметавон ба соддагӣ шарҳи мустақими муҳокимаи Суқрот донист, аммо шабоҳат миёни ин ду тасвир қобили таваҷҷӯҳ аст: инсоне, ки боварҳои пазируфташударо ба пурсиш мегирад ва ҷомеае, ки дар баробари чунин пурсишҳое вокуниш нишон медиҳад.

Шояд ба ҳамин далел аст, ки беш аз ду ҳазор сол пас аз марги Суқрот, ҳанӯз як пурсиши асосӣ боқӣ мондааст: ҷомеа то чӣ андоза ҳозир аст касеро таҳаммул кунад, ки ба ҷойи пазируфтани посухҳои омода, мудом дар бораи ҳақиқати онҳо суол мекунад?

(istaravshani.com)

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Мӯҳсини Ризоӣ: Маводди ҳастаии ғанишуда аз Эрон хориҷ нахоҳад шуд
Артиши Яман амалиёти муваффақ дар умқи Арабистон анҷом дод

Матолиби пурбоздид