Чаро эҳтимол дорад Путин дубора ба Тромп кумак кунад?
Таҳлил
Чаро Путин мумкин аст дубора ба Тромп кӯмак кунад?
Путин барои кӯмак ба бурди Тромп ва шикасти Бойден дар интихоботи 2024, чӣ аҳрумҳое дар ихтиёр дорад?
Таҳлиле дар пойгоҳи Yahoo Finance
Ҷанги Русия дар Укройн ба бунбаст расида ва ҳеч як аз тарафайн қодир ба анҷоми як ҳаракати низомии қотеъ ва ҳозир ба оғози музокира барои ёфтани роҳи ҳал нест. Бинобар ин, чӣ чизе мумкин аст чашмандозро тағйир диҳад? Як рухдод ва он ҳам интихоботи риёсати ҷумҳурии 2024-и Омрико метавонад ин вазъиятро тағйир диҳад.
Таҳлилгарон бар ин боваранд, ки Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, ба умеди он ки Дунолд Тромп, раисиҷумҳури собиқи Омрико ва рақиби аслии ҷумҳурихоҳон, пирӯзи интихобот шавад, хостори хариди замон аст. Тромп ишора карда, ки хостори коҳиши кӯмакҳои низомӣ ва ё поён додани кӯмакҳои низомии Омрико ба Укройн аст, дар ҳоле, ки Бойден, раисиҷумҳури феълӣ гуфта, давлаташ то ҳар замоне, ки лозим бошад, дар канори Укройн боқӣ хоҳад монд.
Майкл Макфол, ки дар даврони риёсати ҷумҳурии Убомо, ба унвони сафири Иёлоти Муттаҳида дар Русия фаъолият мекард, ахиран навишт: “Бадеҳӣ аст, ки Путин мунтазири натиҷаи интихоботи риёсати ҷумҳурии 2024-и Иёлоти Муттаҳида аст. Агар Тромп дубора интихоб шавад, Путин далоиле барои ин бовар дорад, ки метавонад тавофуқи бисёр беҳтаре дар мавриди Укройн анҷом диҳад. Пас ӯ далеле намебинад, ки ҳамакнун вориди музокира шавад.”
Дар воқеъ, Путин акнун далоили бисёр бештаре барои орзуи пирӯзии Тромп дар муқоиса бо соли 2016 дорад замоне, ки ӯ ба авомили рус дастур дод, то аз ҳисобҳои ҷаълии расонаҳои иҷтимоӣ ва абзорҳои дигар барои осеб расондан ба корзори интихоботи Ҳилори Клинтун ва кӯмак ба Тромп истифода кунанд. Дар он замон, Путин Тромпро ба Клинтун тарҷеҳ дод, зеро фикр мекард, таҳдид ба ҷанги тиҷорӣ ва дигар сиёсатҳои ғайри мутаъорафи Тромп мумкин аст равобити Омрико бо бархе аз муттаҳидонашро мухтал карда ва манофеъи Русияро тақвият намояд.
Путин ба ҳадафе, ки дунбол мекард даст ёфт. Тромп ба унвони раисиҷумҳур таърифаҳои ҷадидеро бар колоҳои воридотӣ аз Конодо ва Урупо вазъ кард ва ба яке аз мунтақидони дохилии эътилофи низомии НАТО табдил шуд ва бисёре аз кишварҳои урупоиро ба далели коҳиши ҳазина дар умури дифоъӣ мавриди интиқод қарор дод. Тромп дар нишасти соли 2018 дар Фанлонд (Финляндия) амалан мутеъи Путин буд. Сипас Тромп барои лағви натиҷаи интихоботи 2020, ки дар он аз Бойден мутаҳаммили шикаст шуда буд талош кард ва ба дунболи он шӯришҳое дар сохтмони Кунграи Иёлоти Муттаҳида оғоз шуд. Аз бархе ҷиҳот дар он замон Омрико ба унвони душмани Русия дар заъифтарин мавзеъи мумкин қарор гирифта буд; амре, ки Путин аз он истиқбол мекард.
Бо ин вуҷуд, акнун хатарот барои Путин бисёр бештар аст, зеро ҳамлаи ӯ ба Укройн дар соли гузашта мунҷар ба заъфҳое дар артиши Русия ва таҳримҳои байналмилалӣ анҷомида ва ба зарари иқтисод тамом шудааст. Укройн бидуни ҳимояти Омрико лузуман аз ҳам фурӯ нахоҳад пошид, аммо эҳтимолан наметавонад умеде низ ба берун рондани нерӯҳои Русия ё ҳатто ҳифзи хутути сарзаминии мавҷуд дошта бошад.
Қимати бензин
Аз он ҷое, ки Путин дар соли 2016 талош кард бар натиҷаи интихоботи Иёлоти Муттаҳида таъсир бигузорад, дар соли 2024 чӣ коре метавонад анҷом диҳад, то ба Тромп ё як номзади ҷумҳурихоҳи дигар барои пирӯзӣ дар Кохи сафед кӯмак кунад? Посух мумкин аст шомили яке аз бузургтарин осебпазириҳои сиёсии Бойден бошад: қимати бензин.
Бо наздик шудани қимати бензин ба болотарин ҳадди ҷадид – 5 доллар дар июни 2022, рутбаи маҳбубияти Бойден коҳиш ёфт. Қимати бензин аз он замон ба ин сӯ ҳудуди 3 доллару 80 сент коҳиш ёфта, бо ин вуҷуд рутбаи маҳбубияти Бойден дар маҳдудаи камтар аз 40 дарсад боқӣ мондааст. Барои доштани шонс барои интихоби муҷаддади Бойден, ӯ бояд дастикам мизони маҳбубияти 45 дарсад ё бештар ва тарҷеҳан 50 дарсадро дошта бошад. Ба назар мерасад, ин шуданӣ нест.
Путин дар тӯли ҷанг талош кард, то аз содироти нафту гози Русия ба манзилаи як силоҳ истифода кунад ва метавонист ин корро барои таъсиргузорӣ бар интихоботи 2024-и Омрико анҷом диҳад. Русия ҳамчунон пас аз Арабистони Саудӣ дуввумин содиркунандаи бузурги нафт дар ҷаҳон аст. Русия ба далели таҳримҳо акнун нафти камтаре ба Урупо ва нафти бештаре ба Чин ва Ҳинд мефурӯшад. Аммо нафт як колои ҷаҳонӣ аст ва тағйирот дар арза ё тақозо дар ҳар ҷое бар қиматҳо дар ҳама ҷо таъсир мегузорд. Бинобар ин, суол ин аст, ки оё Русия метавонад ба андозаи кофӣ нафт аз бозор хориҷ кунад, то қимати бензини Омрикоро ба гунае афзоиш диҳад, ки ба шонси интихоби муҷаддади Бойден осеб бирасонад ё хайр?
Мусалламан Русия барои идомаи таъмини молии ҷанги пурҳазинаи худ, ба шиддат ба даромади нафт ниёз дорад. Бо ин вуҷуд, он кишвар дар ҳоли ҳозир тавлиди нафти худро ҳудуди 300 ҳазор бушка дар рӯз дар соли ҷорӣ коҳиш додааст, ки ҳамроҳ бо коҳиши тавлиди нафти Арабистони Саудӣ ба мизони ҳудуди 1 миллион бушка дар рӯз мебошад. Ин коҳиш ба афзоиши қимати ҷаҳонии нафт то ҳудуди 10 доллар дар ҳар бушка дар тобистони имсол доман задааст. Бархе аз кишварҳои тавлидкунандаи нафт дар сурати афзоиши тақозо ва афзоиши қиматҳо, метавонанд бо тавлиди нафти камтар даромади бештаре касб кунанд; мавзӯе, ки дар соли ҷорӣ рух дод.
Нишонаҳое вуҷуд доранд, ки давлати Бойден аз ин хатар огоҳ аст. Ширкати таҳқиқотии CLEAR VIEW ENERGY PARTNERS дар гузорише дар 6 август ишора кард, ки давлати Бойден бе сару садо бо чандин кишвари тавлидкунандаи нафт аз ҷумла бархе кишварҳои ғайри дӯст кор мекунад, то нафти хоми бештареро ба бозори ҷаҳонӣ арза кунад. Таҳлилгарони CLEAR VIEW навиштанд: “Аз ҳамакнун то интихоботи риёсати ҷумҳурии ноябри 2024, мо фикр мекунем, ки сиёсати энержии Бойден эҳтимолан қиматҳои мақрун ба сарфаи бензинро дар авлавият қарор медиҳад. Ба назар мерасад, ҳассосиятҳои марбут ба ҳазинаи сӯхт ҳамзамон бо наздикӣ ба Арабистони Саудӣ ва Чин таркибе аз наздикии воқеӣ бо се рақиби шадидан таҳримшуда яъне Эрон, Венесуэла ва Русия сурат мегирад.”
Бойден ба унвони номзади интихоботи соли 2019, Арабистони Саудиро ба нақш доштан дар қатли Ҷамол Хошуқҷӣ, рӯзноманигори саудӣ, ки дар он замон дар Иёлоти Муттаҳида зиндагӣ мекард ва барои “Вошингтун пост” менавишт, мавриди интиқод қарор дод. Бо ин вуҷуд, Бойден акнун бо Арабистони Саудӣ барои кӯмак ба оддисозии равобит бо Исроил ва таъқиби аҳдофи миллии дигар ҳамкорӣ мекунад. Ин амр метавонад шомили як тавофуқи эъломнашуда барои подшоҳии саудӣ ба манзури тавлиди нафти бештар дар сурати боло рафтани қиматҳо дар буҳбуҳаи корзори интихоби муҷаддади Бойден бошад. CLEAR VIEW дар идома меафзояд: “Тавофуқи Арабистон ва Исроил бо замонатҳои амниятии густурдаи Иёлоти Муттаҳида метавонад таъсире бар пазириши бештари Риёз нисбат ба нигарониҳои Кохи сафед дар мавриди тангнои бозор дошта бошад.”
Соли гузашта давлати Бойден иҷоза дод нафти бештаре аз Венесуэла ба Иёлоти Муттаҳида сарозер шавад; амре, ки акнун дар ҳоли вуқӯъ аст. Ҳамчунин, гарм шудани зимнии робита байни Омрико ва Эрон вуҷуд дорад, ба тавре, ки тавлиди нафти Эрон ба болотарин сатҳ дар ҳадди ақал панҷ соли гузашта расида ва интизор меравад тавлиди он кишвар бештар шавад. Дар мавриди Русия давлати Бойден то кунун аз коҳиши сақфи қимати нафти Русия, ки кишварҳои пешрафта мавсум ба G7 дар декабри гузашта эъмол карданд худдорӣ варзидааст. Бар асоси ин тавофуқнома довталабона кишварҳое, ки умдатан хадамоти бимаӣ ва дарёиро барои нафткашҳои ҷаҳон ироа мекунанд наметавонанд бо тарафе, ки нафти Русияро бо қиматҳои болои 60 доллар дар ҳар бушка ҳамл мекунад ҳамкорӣ кунанд. Бо ин вуҷуд, миёнгини қимати пардохтшуда барои нафти Русия болотар аз он афзоиш ёфта ва акнун ҳудуди 67 доллар аст умдатан ба ин далел, ки Русия роҳҳое барои давр задани таҳримҳо ёфта ва қимати нафти Русия ҳамроҳ бо қимати нафтҳои дигар дар ҳоли афзоиш аст.
Мунтақидони ин тавофуқ аз гурӯҳи G7 мехоҳанд, ки сақфи қиматро ба 50 доллар ё камтар коҳиш диҳад, аммо давлати Бойден намехоҳад хатари коҳиши арзаи ҷаҳонии нафт ҳатто аз тарафи Русияро ба хатар биандозад. Бар асоси гузориши Идораи иттилооти энержии Омрико, арзаи нафти изофии Омрико низ кӯмаккунанда аст, зеро интизор меравад ҳаффориҳои омрикоӣ то соли 2024 ба рекорди ҷадиде яъне тавлиди 13 миллион бушка дар рӯз бирасад. Бо ин вуҷуд, бар хилофи аксари кишварҳои узви ОПЕК, давлати Омрико тавлиди энержии дохилиро контрол намекунад, балки ширкатҳои бахши хусусӣ ин корро анҷом медиҳанд ва танҳо замоне тавлиди бештаре анҷом медиҳанд, ки мутмаин бошанд ҳазинаи изофашуда боздеҳии судоваре эҷод мекунад. Бойден як абзор барои коҳиши қимати энержӣ дорад: интишори нафт аз захоири стратегии кишвар.
Бо ин вуҷуд, Бойден дар соли 2022 180 миллион бушка нафт мунташир кард ва акнун захоир дар пойинтарин сатҳ аз соли 1983 қарор доранд. Агар ояндаи сиёсии ӯ ба ин мизони ин захоир бастагӣ дошта бошад, эҳтимол дорад, ки ӯ он чиро, ки дар захоир боқӣ монда тахлия кунад, бо ин вуҷуд, дар он сурат ӯ ба далели истифода аз захоири изтирорӣ барои аҳдофи сиёсиаш мавриди интиқод қарор хоҳад гирифт.
Метавон ҳадс зад, ки Путин осебпазириҳои интихоботии Бойденро медонад ва Бойден низ нисбат ба ин мавзӯъ огоҳӣ дорад. Бинобар ин, дар ҳоле, ки Бойден худро барои муқобила бо Тромп ё ҷумҳурихоҳи дигаре омода мекунад, мумкин аст низоъи дигаре дар соя ба роҳ биафтад.
Yahoo Finance