Чархиши Арабистони Саудӣ ба самти Эрон
Таҳлиле аз Стивен А. Кук дар нашрияи Foreign Policy
Дар ҳафтаҳои ахир, пурсишҳои мутааддиде аз сӯйи ҳамкорон, мудирон, мушовирон ва ҳатто дӯстони қадимӣ аз даврони дабиристон дар хусуси “моҷарои Муҳаммад бен Салмон” матраҳ шудааст.
Ин баҳсҳо аз 11-ноябр оғоз шуд; замоне, ки валиаҳди Арабистони Саудӣ дар нишасти кишварҳои исломӣ дар Риёз, мавозеи қобили таваҷҷӯҳеро баён кард.
Муҳаммад бен Салмон дар ин нишаст бо таъкид бар зарурати эҳтиром ба ҳокимияти Ҷумҳурии Исломии Эрон, аз ҷомеаи байналмилалӣ – бихонед: Иёлоти Муттаҳида – хост, то Исроилро водор кунад аз ҳар гуна таарруз ба сарзаминҳои Эрон худдорӣ кунад. Ӯ ҳамчунин иқдомоти ахири нерӯҳои Исроил дар навори Ғаззаро бо унвони “наслкушии ҷамъӣ” маҳкум кард. Ин изҳорот ба таври комил бо тасаввуре, ки ағлаби афрод дар Вошингтун аз Муҳаммад бен Салмон доранд, муғойират дорад ва ҳамин амр боис шуда, ки пурсиши “чӣ бар сари ӯ омадааст?” матраҳ шавад. Ин бор, ҳадди ақал, ҷомеаи сиёсати хориҷии Вошингтун бедалел ҳассос нашудааст.
Дар гузашта, мақомоти саудӣ ҳамвора таъкид доштанд, ки оддисозии равобит бо Исроил на ба унвони як “агар”, балки ба унвони як “чӣ замоне” матраҳ аст. Ин мавзӯъ ба қадре такрор шуда буд, ки ба бахше аз паёмҳои диплумотики Арабистон табдил шуда буд. Бо ин ҳол, пас аз оғози ҷанг дар Ғазза, баҳои оддисозӣ, ки саудиҳо аз Исроил талаб мекарданд, ба тадриҷ афзоиш ёфт. Бо ин вуҷуд, дар тӯли соли гузашта, мақомоти Риёз ҳамчунон ба тавофуқ бо Исроил ӯҳдадор ба назар мерасиданд. Ҳарчанд Исроил аз ҳамон рӯзҳои ибтидоии ҷанг ба наслкушӣ муттаҳам шуда буд, аммо Муҳаммад бен Салмон ҳаргиз пеш аз нишасти 11-ноябр аз ин истилоҳ истифода накарда буд.
Пас моҷаро чист? Оё саудиҳо дар ҳоли чархиш ҳастанд? Барои ин тағйир, се фарзия қобили баррасӣ аст:
Чархиши сиёсати хориҷии Риёз, токтике аз ҷинси Урдуғон ё улгуи тоза?
Фарзия нахуст, Муҳаммад бен Салмон, валиаҳди Арабистон, мумкин аст бо тағйири лаҳни ахири худ дар қиболи Эрон, гоме аввалия барои омодасозии фазои музокирот бо раиси ҷумҳури мунтахаби Омрико, Дунолд Тромп, бардошта бошад. Таҳлилҳо ҳокӣ аз он аст, ки ин тағйири мавзеъ метавонад бахше аз роҳбурди маслиҳатгароёнаи саудиҳо дар мувоҷеҳа бо тағйироти пеши рӯ дар сиёсати хориҷии Омрико бошад. Дар шароите, ки мақомоти давлати интиқолии Тромп ваъдаи бозгардондани сиёсати “фишори ҳаддиаксарӣ” алайҳи Эронро додаанд, беҳбуди равобити Арабистон ва Эрон, ҳатто дар сатҳи баёнияҳои диплумотик, метавонад абзоре барои ҷалби таваҷҷӯҳ ва касби имтиёз аз давлати ҷадиди Омрико бошад. Гӯӣ валиаҳд Бен Салмон мегӯяд: “Хуб, оқои раиси ҷумҳури мунтахаб, шумо, ки худро як устоди муомила медонед, биёед бибинем, дар ин бозӣ чӣ чизе барои ироа доред!”
Чанд рӯзе ба ин назария бовар доштам, аммо дар ниҳоят ба назар мерасад, ки чандон қобили такя нест. Талош барои ҷалби назари мақомоти аршади Иёлоти Муттаҳида аз тариқи нишон додани ҳусни ният ба раҳбарони Эрон, рӯйкарде аст, ки Раҷаб Тайиб Урдуғон, раиси ҷумҳури Туркия, дар даҳаи 2010 дар пеш гирифт. Бо ин ҳол, то кунун собиқае аз ин ки саудиҳо чунин масиреро дунбол карда бошанд, дар даст нест. Шояд Муҳаммад бен Салмон ин токтикро аз Урдуғон илҳом гирифта бошад, аммо ба назар мерасад ин рӯйкард бо сабки ӯ ҳамхонии чандоне надорад.
Оё Риёз ба дунболи бозтаърифи мавзеи худ дар баробари Исроил аст?
Фарзияи дуввум ба назар мерасад мантиқитар бошад: ин ки Муҳаммад бен Салмон бо наздикӣ ба Эрон, дар воқеъ ба дунболи фосила гирифтан аз Исроил ва таваққуфи раванди оддисозии равобит аст. Хушунати шадиди амалиёти низомии Исроил дар навори Ғазза, мавҷе аз хашми умумиро дар Арабистони Саудӣ барангехтааст. Дар яке аз боздидҳои ахир, ҳамкорон ва ман бо селе аз интиқодот нисбат ба давлати Бойден дар қиболи идомаи куштор дар Ғазза мувоҷеҳ шудем. Ҳатто вожаи “шармовар” низ дар ҷараёни яке аз ин гуфтугӯҳои чолишӣ матраҳ шуд. Бидуни шак, ин эҳсосот бахше аз мулоҳизоти Муҳаммад бен Салмонро шакл медиҳад. Гарчӣ валиаҳди Арабистони Саудӣ қудрати бе чуну чаро дорад, аммо ӯ наметавонад комилан аз таъсири афкори умумӣ дар амон бошад. Дар шароити кунунӣ, оддисозии равобит бо Исроил, бавежа бо вуҷуди хашми амиқи мардум нисбат ба фаҷойеи Ғазза, барои ӯ аҳаммият ва авлавияте надорад.
Истифодаи Муҳаммад бен Салмон аз вожаи “наслкушӣ” ҳушдоре ошкор ба давлати ояндаи Тромп талаққӣ мешавад. Давлати Тромп ба оддисозии равобит миёни Исроил ва Арабистон ба унвони идомаи “Тавофуқҳои Иброҳим” аҳаммияти вежае медиҳад. Бо ин ҳол, дар шароите, ки шаҳракнишинони исроилӣ тасаввур мекунанд Тромп монее барои илҳоқ нахоҳад буд, баид аст раҳбарони саудӣ дар ин мақтаи замонӣ ба раванди оддисозии равобит тан диҳанд.
Интисоби Мойк Ҳокабӣ (Mike Huckabee), фармондори пешини Арканзас ва ҳомии ҳокимияти Исроил бар каронаи Бохтарӣ, ба унвони сафир дар Исроил, ин нигарониро тақвият мекунад. Барои валиаҳди Арабистон бисёр душвор хоҳад буд, ки дар масири оддисозӣ гом бардорад ва сипас шоҳиди густариши ҳокимияти расмии Исроил бар бахшҳое аз каронаи Бохтарӣ бо таъйиди Тромп бошад. Истифода аз вожаи “наслкушӣ” паёме равшан ба раиси ҷумҳури мунтахаб аст, ки дар шароити кунунӣ, саудиҳо омодагии пешбурди ин равандро надоранд.
Аз қудратнамоии минтақаӣ то авлавиятбахшӣ ба суботи дохилӣ, бознигарӣ дар сиёсатҳои Муҳаммад бен Салмон
Дар ниҳоят, мантиқитарин тавзеҳ барои тағйири зоҳирии мавзеи Муҳаммад бен Салмон ин аст, ки валиаҳд пас аз дахолат дар ҷанги дохилии Яман, муҳосираи Қатар, водор кардани нахуствазири Лубнон ба истеъфо, ҳимоят аз мухолифони давлати ба расмият шинохташудаи байналмилалӣ дар Либия ва нокомӣ дар дастёбӣ ба аҳдофи мавриди назари худ, ба ин натиҷа расида, ки тағйири масири минтақа мутобиқ бо иродаи ӯ, фаротар аз тавонаш аст. Ба назар мерасад ӯ акнун рӯйкарде дарунгаро иттихоз карда ва дар талош аст, то суботи дохилиро дар Арабистони Саудӣ тазмин кунад. Наздикӣ ба Эрон яке аз абзорҳое аст, ки метавонад ба контроли ошӯбҳои фаротар аз марзҳои ин кишвар кӯмак кунад.
Ин тағйири рӯйкард барои Муҳаммад бен Салмон аз аҳаммияти вежае бархӯрдор аст, чаро ки ӯ садҳо миллиард доллар барои шаклдиҳӣ ба ояндаи Арабистон сармоягузорӣ кардааст. Агарчӣ мумкин аст бархе нисбат ба ҳикмати пружаҳои азим ва баландпарвозонаи ӯ, монанди шаҳри ҷадиди Неом ва пружаи гардишгарии соҳилии Қиддия дар Ҷадда, тардид дошта бошанд, аммо бо таваҷҷӯҳ ба сармоягузории ҳангуфт дар ин тарҳҳо, раҳбарии саудӣ наметавонад бидуни эҷоди суботи иқтисодӣ ва сиёсии лозим, ба муваффақияти ин пружаҳо умедвор бошад. Ҳатто агар барои дастёбӣ ба ин ҳадаф маҷбур ба иқдомоте шаванд, ки чандон мутобиқи майли онҳо набошад.
Дар гузаштаи начандон дур, саудиҳо “сиёсати қудрат”-ро дар пеш гирифта буданд, яъне бо ҳазина кардани пул, итминон меёфтанд, ки мушкилоти минтақаӣ ба дохили подшоҳӣ сироят накунад. Иқдоми Муҳаммад бен Салмон, замоне, ки аз ҷомеаи ҷаҳонӣ мехоҳад Исроилро маҳор кунад ва дар айни ҳол Эронро узве аз “хонавода” мебинад – ҳарчанд бидуни ҳамон харҷҳои калон – бозтобе аз ҳамон сиёсат аст. Аз дидгоҳи валиаҳд, ин на як чархиш ба самти Эрон, балки чархише ба самти Арабистон аст.
Foreign Policy
Қаламонлайн