Шабакаи 12 телевизиони Исроил: “Типи “Гулонӣ” дар ҷануби Лубнон болотарин талафотро аз соли 1948 доштааст”
Ахбори байналмилал
Almayadeen
Бо талафоте, ки типи сарбозони нухбаи режими саҳюнистӣ маъруф ба “Гулонӣ” ба дасти Ҳизбуллоҳ дар Лубнон мутаҳаммил шудааст, Йуволи Ур, муовини собиқи фармондеҳи типи “Гулонӣ” ва женероли захираи режими саҳюнистӣ гуфт, ин талафот бештарин талафот аз замони таъсиси ин тип дар соли 1948 аст.
Ба гузориши Алмаёдин, дар ҳоле, ки артиши режими саҳюнистӣ рӯзи панҷшанбе ба кушта шудани як афсар ва захмӣ шудани шадиди як тани дигар аз гурдони 51 вобаста ба типи “Гулонӣ” ба далели даргириҳо дар ҷануби Лубнон эътироф кард ва як рӯз қабл аз он низ аз кушта шудани 5 сарбоз ва фармондеҳи як гурӯҳ аз ҳамон гурдон хабар дода буд, аммо расонаҳои режими саҳюнистӣ мегӯянд, ки артиш иттилоотро махфӣ мекунад ва теъдоди воқеии кушташудагони типи “Гулонӣ”-ро эълом намекунад.
Дар мавриди ҷузъиёти ҳодиса, ки шабакаи 12 телевизиони режими саҳюнистӣ гузориш дод, унвон шуд, дар камине, ки нерӯҳои Ҳизбуллоҳ барои нерӯҳои исроилӣ аз даҳонаи як тунели зерзаминӣ тадорук дида буданд, нерӯҳои муқовамат ба самти нерӯҳои исроилӣ аз масофаи кӯтоҳе шиллик карданд.
Йуволи Ур, муовини собиқи фармондеҳи типи “Гулонӣ” ва мудири иҷроии кунунии Анҷумани ин тип, дар бораи талафоти “Гулонӣ” аз замони ҷанг дар ҷануби Лубнон гуфт, ин талафот бештарин талафот аз замони таъсиси тип дар соли 1948 аст ва ниме аз кушташудагон аз фармондеҳон буда ва 22 афсар ва 37 афсари вазифа ва як гурӯҳбон кушта шуданд.
Рӯзи гузашта расонаҳои режими саҳюнистӣ гузориш доданд, типи “Гулонӣ”, ки дар ибтидо вориди навори Ғазза ва сипас вориди Лубнон шуд, баҳои вурудаш сангин буд ва радаҳои ин тип дар ҳоли нобудӣ аст.
Almayadeen
Қаламонлайн