Шамъи маҳфили таҳқиқ…

Таърих

Шамъи маҳфили таҳқиқ…

Мавлоно Сайид Зуфархони Ҷавҳарӣ

Машоҳир ва номоварон

Шоир ва орифи фозил, донишманд ва фақеҳи тавоно Мавлоно Сайид Зуфархони Ҷавҳарӣ дар соли 1860 милодӣ дар гузари Намозгоҳи шаҳри Истаравшан дар хонаводае ба дунё омада, ки насл андар насл шоир ва адиб будаанд. Ҳамчунон ки шоир худ мефармояд:

Сухан дар гавҳарам мавҷест васфи лозими зотӣ,

Ки назмизодаам, маънинажодам, фитратэҷодам.

Ба тақлиду такаллуф кай тавон шуд ҳамзабони ман,

Ки шамъи маҳфили таҳқиқаму нур аст иншодам.

Дар ҷойе дигар ба ҳамин мазмун мефармояд:

Хоназоди ақлу фаҳму чокари ҳушем мо,

Аҳли донишро ғуломи ҳалқабаргӯшем мо.

Гар сухан набвад чароғи маҷлиси ёдоварӣ,

Баъди хомӯшӣ зи хотирҳо фаромӯшем мо.

Баски аз фанни сухан бартар набошад санъате,

З-ин сабаб дар ин ҳунар пайваста мекӯшем мо…

Сайид Зуфархон то даҳсолагӣ дар мактабхона ва низ дар маҳзари падари гиромияшон Сайид Маҳмудхони Назмӣ (1826-1890) (аз фуқаҳо ва шуъарои шинохта ва соҳибдевони замони худ) таҳсил дидааст. Баъд аз фавти падар, сафари Бухороро пеш мегирад ва дар мадрасаҳои ин шаҳр ба таҳсили дониш мепардозад. Эшон ба 25 солагӣ бо фунуни мантиқу фалсафа, адабиёт ва ҳикмат ва дигар улуми он замон ошно ва бад-онҳо тасаллут меёбад. Баъди хатми мадраса, ба зодгоҳи худ муроҷиат намуда ва то охири умр (16-феврали соли 1945) дар ҳамонҷо зиндагӣ мекунад.

Ҳоҷӣ Неъматуллоҳи Мӯҳтарам дар бораи падари Сайид Зуфархон Сайид Маҳмудхони Назмӣ дар тазкираи худ менависад:

“Назмӣ тахаллуси олими олимон ва фозили маънишиносон, садрнишини хиттаи фасоҳати фаннӣ, барҳамзанандаи дағдағаи мову манӣ, Қозӣ Сайид Маҳмудхони Назмии Истаравшанӣ мебошад. Забони хомааш гавҳар, синаи номааш ҷавҳархез, нойи қаламаш раги гул, сарири номааш сари номаи булбул, волиди амҷади Зуфархон махдум мутахаллис ба Ҷавҳарӣ аст. Аз зумраи таломизи Олимхоҷаи Охунди Истаравшанӣ буда, дар Бухоро таҳсили камол карда, аз ҳақоиқи аксари улум ниқоби хифоро давонида, дар санаи 1309 ҳиҷрӣ ба олами бақо шитофт”. (Тазкират-уш-шуаро, Мӯҳтарам, шаҳри Душанбе, соли 1975).

Осори Зуфархон Ҷавҳарӣ бештар аз ғазалиёт, қасоид ва мухаммасот иборат буда ва дар маҳофили аҳли адаби Истаравшану Хуҷанд, Самарқанду Бухоро ва Ҳӯқанд сазовори таҳсину офарини бузургони он даврон будааст

Устод Садриддин Айнӣ дар мавриди осори Зуфархон Ҷавҳарӣ менависад:

“Аз шеърҳои Ҷавҳарӣ сарсарӣ гузаштан дуруст нест, мумо илайҳ шеърро бағоят устодона менигорад. Зотан Ҷавҳарӣ ба тарзи қадим аз устодони адаби ин давра аст…” (Садриддин Айнӣ, Намунаи адабиёти тоҷик, Москва, соли 1926).

Маҳфили шуарои Хуҷандро, ки дар он Тошхоҷа Асирӣ, Қозӣ Мавлавихон, Содирхони Ҳофиз ва Абдуллоҳ Файёз ҳамсӯҳбатони доимӣ буданд, ҳузури Зуфархон Ҷавҳарӣ гармтар мекард. Агар аҳли маҳфил муддате натавонанд ба дидори ҳамдигар бирасанд, бо ҳам мукотиба менамуданд.

Бар асоси руқаъоте, ки дар байни мироси адабии шоир ҳастанд, муқаррар шудааст, ки ӯ бо адибони тоҷик ва ӯзбак Боқии Ришдонӣ, Тамҳиди Самарқандӣ, Ҳишмати Бухороӣ, Абдуллохоҷа Таҳсини Бухороӣ, Киромии Истаравшанӣ, Абдулҳафизи Зоминӣ мутахаллис ба Ҳафиз, Мӯҳйии Ҳӯқандӣ, Васлии Истаравшанӣ, Муқимӣ ва дигарон мукотиба доштааст.

Ҳамчунин, шарҳи ҳоли Ҷавҳарӣ ва номаҳои манзуме, ки дар байни осори шоир мавҷуд аст, таъйид менамояд, ки ӯ бо саромади маорифпарварон шоир ва мутафаккири забардасти тоҷик Аҳмади Дониш, шоири тараққипарвар Тошхоҷа Асирӣ ва дигар бузургони аҳли адаб равобити дӯстӣ ва рафту омад доштаст.

Дар ин бора менависанд: “Байни Тошхоҷа Асирӣ ва Ҷавҳарӣ муоширате чанд воқеъ аст. Он чи шуъарои муосири Ҷавҳарӣ, ки ба ҳар кадоми онҳо муошират воқеъ шудааст, бисёр мебошад. Баъзе аз онҳо ба теъдод мераванд ба Аҳмадмахдуми Калла дар Бухоро, ба манзараи Гулобод, чанд мартаба дар манзили худи Аҳмадмахдум низ сӯҳбатҳо намуда, дар Хуҷанд бо Асирии мазкур, ки шоири сухангӯ ва фозил буд, асароти бисёр дорад, аммо девони мудавван аз ӯ намондааст. Дар бештари назму насраш муқаллиди Бедил аст. Таърихи вафоташ аз қалами Ҷавҳарӣ “Баромад аз чароғи анҷуман дуд” таҳрир ёфтааст”.

Эҷодиёти шоир аз синини понздаҳсолагӣ шурӯъ шудааст ва дар эҷодиёти ӯ, таъсири адабии шоирони гузашта, махсусан, Мирзо Абдулқодири Бедил ба вузуҳ рӯшан буда, ба ҳадде ки худи шоир дар шарҳи ҳолаш нақл мекунад:

“Аз айёми хурдсолӣ, яъне понздаҳсолагӣ ба хондану гуфтани ашъор аз ғазалиёти тоҷикӣ ва туркию арабӣ ва маснавиёти мутанаввеъа ва рисоланависию тахмисот бар ғазалиёти Бедил, Соиб ва Ҳофизи Шерозӣ…” ва дигарон машғул буда ва сабку равиши гузаштагонро бо камоли диққат омӯхтааст.

Профессор Атахон Сайфуллоев, ки бештарин таҳқиқотро дар осори Ҷавҳарӣ дошта ва хадамоти зиёде дар ин маврид намудааст, мегӯяд: “Махсусан, таъсири Мирзо Абдулқодири Бедил бар эҷодиёти Зуфархон Ҷавҳарӣ қобили таваҷҷӯҳ аст. Аммо ӯ мисли баъзе аз шуъаро, Бедилро кӯр-кӯрона пайравӣ нанамудааст. Ҳамон тавре ки Садриддин Айнӣ низ дар “Намунаи адабиёти Тоҷик” (Москва, соли 1956, саҳифаи 254) навиштааст: “Ҷавҳарӣ муқаллиди Бедил аст, аммо дар тақлид он қадр сохтакорӣ ва такаллуф ба кор набурдааст, лизо аз ин тақлид ба фасоҳати табиии забон латмае ворид нашудааст”. Ӯ эҷодиёти Бедилро ҳаматарафа омӯхта, пеш аз ҳама аз мундариҷаи осори ӯ пайравӣ намудааст. Аз ҳаминҷост, ки ҳам дар шакл ва ҳам дар мазмуни осори Ҷавҳарӣ сабки баён ва оҳанги бедилӣ ҳис мешавад”.(А.С.)

Ҳарчанд Зуфархон Ҷавҳарӣ қариб бо тамоми сабкҳои адабӣ асар эҷод намудааст, аммо ғазал дар эҷодиёти ӯ мақоми хоссе дорад. Ба назар мерасад, ин беҷиҳат набошад, зеро ғазал дар адабиёти форсӣ яке аз маъмултарин сабкҳои адабӣ ба шумор меравад ва бисёре аз асотиди назм ҳам, ба ғазал баҳои баланд додаанд ва ҳам ин ки асосан ба ғазалсароӣ машғул шудаанд. Ба унвони мисол, осори адабии Ҳофиз ва Камолро асосан ғазал ташкил медиҳад.

Зуфархон Ҷавҳарӣ мироси гаронбаҳое аз худ боқӣ гузоштааст, вале то ба имрӯз онҳо ба таври комил ҷамъоварӣ ва чопу нашр нашудааст. Ду асари муҳимми шоир, ки ба зевари чоп ороста гардида ва ба дасти хонандагони тоҷик расидааст, иборатанд аз “Асарҳои мунтахаб”, шомили 104 ғалаз, чаҳор рубоӣ, ҳашт мухаммас ва чаҳор достон, ва дигар, “Девони Ҷавҳарӣ” шомили 161 ғазал, 17 рубоӣ, 14 мухаммас, 8 байт, 9 қасида, 27 номаи манзум, 2 марсия, 4 достон ва амсоли инҳо мебошад.

Умед аст дар оянда куллиёти осори ин олим ва шоири тавонои тоҷик ба замимаи зиндагиномаи муфассал, мунташир гардида ва ба дасти дӯстдорони илму адаб ва тамоми форсизабонон дар ҷаҳон расида ва мавриди мутолиаву таҳқиқи бештар қарор бигирад.

 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Забони арабӣ – забони ислом ва порсӣ – забони мусалмонӣ
Суханронии Раҳмон дар ҳошияи Иҷлоси Сарони Кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон

Матолиби пурбоздид