Шарти қабул шудани дуои банда
Мактаби инсоният
Дар ҳадис аст аз Имом Содиқ (а), ки фармуд:
“Ҳар гоҳ яке аз шумо бихоҳад дуояш мустаҷоб шавад, кору касб ва роҳи даромад ва рӯзии худро покиза кунад ва худро аз зери бори мазлимаҳое, ки аз мардум бар ӯҳда дорад халос кунад. (Масалан, ба касе зулм карда, бояд ҳалолият биталабад ва ё ҳаққи касеро хӯрда, бояд ҳаққи ӯро баргардонад ва ғайра). Зеро дуои банда ба сӯйи Худо боло бурда намешавад, агар дар шикамаш моли ҳаром ё ҳаққи касе бар гардани ӯ бошад.”
(“Биҳорул-анвор”, ҷ.93, с.321)
Қаламонлайн