Шод зиндагӣ кунед

Муҳоҷират

Шод зиндагӣ кунед

Шодӣ ҳаққи шумост

Хонавода ва оила

Сабки зиндагии солим

Доштани зиндагии шод орзуву хостаи ҳамаи мост.

“Агар мехоҳед зиндагии шоде дошта бошед, онро ба як ҳадаф гиреҳ бизанед, на ба афрод ё чизҳои дигар”. (Алберт Эйнштейн).

Вақте сӯҳбат аз таъйини ҳадаф меравад, бисёре аз афрод ба иштибоҳ, аҳдофи моддиро таъйин мекунанд. Аҳдофи худро барои ба даст овардани чандин ҳазор доллар ва сомонӣ таъйин мекунанд. Онҳо доштани як мошини хубу лукс, ё як тиҷорати чанд миллиониро ҳадаф таъйин мекунанд; албатта ин аҳдоф, аҳдофи  хубе ҳастанд, аммо маънодор нестанд.

Ҳеч маъное барои доштани як миллион доллару чанд миллион сомонӣ вуҷуд надорад, ё анҷом додани кори пуршӯре лозим надорад.

Ба ҳамин далел, 92% мардум натавонистаанд ба ҳадафҳои худ дар зиндагӣ бирасанд. Ҳама ҳадафҳои моддию молиро таъйин мекунанд, мисли бақияи одамон.

Агар ҳадафатон бароятон маънодор нест, ҳеч вақт наметавонед рӯзҳои сахтро таҳаммул кунед.

Мардум ба хотири коре, ки метавонанд бо пул анҷом диҳанд, сарватманд ҳастанд. Яъне касе ба хотири сарватманд шудан худро бо талошҳои зиёд сарватманд намекунад. Пул фақат василаест барои поён додани кор.

Доштани як мошини лукс ва хубу зебо чӣ маъное дорад?

Чаро мехоҳед дар як иморати бузург дар канори дарё зиндагӣ кунед?

Дар пушти он чӣ ҳадафе вуҷуд дорад? Чӣ ангезае ҳаст?

Оё ниҳояти ҳадафи шумо ҳамин аст, ё ҳадафи дигаре ҳам дар миён ҳаст?

Пас бояд дар зиндагиамон як ҳадафи маънодор дошта бошем.

Танҳо доштани як ҳадафи маънодор ба зиндагиамон маъно мебахшад ва руҳу ҷисмамонро шоду шодобу пурнишот нигаҳ медорад.

Дар навиштаҳои баъдӣ, дар мавриди аҳдофи маънодор дар зиндагӣ бештар суҳбат хоҳем намуд.

Сабки зиндагии солим

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Фишори Apple, Disney ва IBM ба Илон Маск ба хотири мавозеи зидди исроилӣ
Офриқои Ҷанубӣ хостори боздошти Натонёҳу шуд 

Матолиби пурбоздид