Шоири «бемор»-ро мунаққид табобат мекунад…
Ҳафиз Раҳмон
(Ду-се ҷумла аз вазъи шеър, шоирон бо ғурури нозарурашон ва нақди хомӯш)
Тақрибан як маҳ қабл ду маҷмуаи шеър ба дастам уфтод, ки якеро муаллиф навқаламе буд ва дигареро соҳибунвон. Шеър бояд мояи хушнудии табъ бошад, аҷиб, ки аз мутолиаи ин ду маҷмуа хаста шудам. Гумонам, маҷмуаи навқаламро каси огаҳ аз асрори сухан ва фазоили шеър надидааст, агар медид, ҳадди ақал сактаҳои вазнро ислоҳ мекард.
Аз ин китоб чанд шеъре пайдо шуд, ки агар дубора коркард шаванд, ҳамчун офаридаҳои зебову гуворо номи муаллифашро дар таърихи адабиёт сабт хоҳанд кард…
Китоби шоири дувумро низ, ки ҳолиё ифтихор аз шеъру шоирӣ дорад, ба ду даста ҷудо кардам: дар яке қудрати баён ва фасоҳати гуфторро дидам ва дар дастаи дувум адами ин фазилатҳоро. Баъди ҳар шеъри хуб панҷ-шаш шеъре, ки ба хотири пур кардани китоб таълиф шудаанд, дар онҳо аз ҳунар ҳамчун меъёри аслии шеър нишоне нест…
Ҳарду китоб ҳарчанд муҳаррир доштанд, аммо кори таҳрир ба мушоҳида нарасид, ҳатто ғалатҳои имлоӣ ислоҳ нашудаанд, чӣ расад ба тарзи баён, мазмуну муҳтаво, шеваи нигориш ва шакли шеър…
Ҳамасола, балки ҳар моҳ ҷилд-ҷилд китоби шеър ба нашр мерасад ва аксаран пурғалат ва бидуни таҳрир, бидуни машварат бо донандагони шеър, бидуни баррасиҳо дар маҳофили эҷодӣ чоп мешаванд. Ғурури нозарур ва такаббури осмонии баъзе шоирон аспи ҷавхӯрдаи омода ба пойгаро мемонад. Ҳамин кибру фахри ношоиста имкон намедиҳад, ки шеърашон пухтаву сара ба дасти хонанда бирасад. Садои баланд, аммо беруҳи “ман”-и онҳо масъулияташонро назди адабиёт фурӯгузор кардааст. Хоса, он шоироне, ки солҳо дар арсаи шеър ҳастанд, соҳаеро мудирият мекунанд, мақому мартабае дар ҷомеа доранд…
Аслан кори шоирӣ табъозмоӣ ва офариниши зебоист ва фарқе нест, ки гӯяндаи шеър чӣ ҷойгоҳу чӣ вазифаву мансаб ва чӣ ҳолу ҳавое дар иҷтимоъ дорад. Дар муқоваи китоб наменависанд, ки ин одам роҳбар аст ё аробакаш, ҳаммол аст ё каси дигар… Фақат ному насаб асту дастаи шеър. Ана ҳамон дастаи шеър муайян мекунад, ки ин одам шоири воқеист ё на…
Шоире китоби навашро ҳадяам карду хоҳиш кард, ки “як назар кунед”… Пурсидам, ки маҷмуан чанд китобат нашр шуда? Посух дод, ки се китоби шеър. Касе дар бораи шеърат чизе навишта? Гуфт, ки ҳоло на. Ба ҷуз як-ду китобиёт, ки аз жанри нақд нест, шиносномаи умумии китоб аст, хабари кутоҳ аст…
Бибинед, ки се китоби шеър чоп шудааст, аммо тақризе на. Касе аз муҳаққиқин таваҷҷуҳ накарда…
Ин ҳолат ҳар каси огоҳ аз адабиётро бидуни ташвиш намегузорад. Гумон мекунам, ки нисбат ба “бемор” будани аҳли қалам (ба маънои зиёд ва бидуни таҳриру баррасиҳо чоп шудани маҷмуаҳо) нақди адабии мо “бемортар” аст ва сабаб ҳам дорад.
Ду андеша дар ин мавзуъ ҳаст: яке – мунаққидони ҳирфаии шеър кам дорем ё хеле кам дорем ва дувум, танқиди дурусти маҳсули аҳли қалам ҳоло имкон надорад… Андешаи дувум дурусттар аст: як мақолаи танқидӣ даҳҳо проблема эҷод мекунад, аз ҳаёҳуйи беасос сар карда, то кашмакашҳои лафзӣ… Сар мешавад қасосгириҳои ноҷавонмардона ва ба кор даровардани “фабрика”-и бадномсозӣ…
Ҳамин сабаб аст, ки муҳаққиқони шеър хомӯширо ихтиёр мекунанд (хонда шавад – саломатии асаби хешро эҳтиёт мекунанд…). Вагарна, донандагони ҳам назария ва ҳам амалияи шеър зиёд дорем, ки ба корҳои дигар машғуланд…
Агар касе бемор шуд, меравад назди табиб, зеро роҳу равиши табобаташро ҳамин табиб медонаду халос. Шоирон ҳам бемор мешаванд ва табибонашон мунаққидон ҳастанд. Худтабобаткуниро илм намепазирад, махсусан дар соҳаи шеър, ки ҷавлонгаҳи ҳунар аст, на намоиши зӯриву орои бадан…
Ду сол қабл духтараке аз Покистон дар озмуни “Фурӯғ” ширкат кард ва аз як шоири мо шеъре хонд, ки кутаҳӣ дар вазн дошт ва маъно ҳам хароб… Натавонистем гуфта, ки ин шеърро нахон, ҳарчанд дар урфи мо гуфтан мумкин аст, аммо барои як шахси хориҷӣ таъкид кардани он ки ин шеър ба тақозои шеърият посухгӯ нест, айби бузургест. Мулоим карда фаҳмондем, ки беҳтар аст аз фалон шоир азёд кунӣ…
Борҳо дар ин мавзуъ гуфтаанд, аммо чизе, ки барои навиштани ин матлаби кутоҳ маҷбурам кард, ҳамин ду китоби шеър буд, ки яке аз навшоир асту дигаре аз шоири баркамол ё унвондору соҳибвазифа… Ба назарам, ҳарду ҳам беморанд, ҳам навкору ҳам куҳнакор… Ва ягона илоҷи дармонашон нақди холисона аст…
Кай роҳ ҳалли ин мушкил пайдо мешавад, маълум нест. Аммо ҳал шуданаш лозим, зеро ба шеър, ки зеботарин ва гуворотарин рукни фарҳанг аст, ҳамасола зарар мерасад…
Ҳафиз РАҲМОН
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн