Шӯри илоҳӣ

Таърих

Шӯри илоҳӣ

Устоди ахлоқ оятуллоҳ Мазоҳирӣ мегӯяд: Дар мавриди зани Фиръавн гуфтем, ки дар қафаси зиндагии Фиръавн чӣ гуна амал мекард. Пиромуни ӯ аз ҳар назар олуда буд. Ӯ мебоист ғаризаи молдӯстӣ ва ҷоҳталабии худро зери по гузошта, ба дастгоҳи пурҷозиба ва ба зоҳир шукӯҳманди фиръавнӣ пушти по занад.

Ӯ ба хотири Худованд ин корро кард ва ҳамаи қафасҳоро шикаст. Вақте ки алайҳи шавҳараш қад барафрошт, Фиръавн ибтидо бо забони хуш, бо мавъиза ва насиҳат (насиҳату мавъизаи шайтонӣ) хост ӯро гумроҳ созад, дид фоида надорад, пас бо иръобу таҳдид ворид шуд. Дид на, фоида надорад.

Қафас шикаста шуд, парвоз шурӯъ шуд.

Охируламр мардумро ҷамъ кард ва ин занро оварданд ва он гоҳ дастур дод, мехкубаш кунед. Зери мехҳо мегуфт: Аҳад, Аҳад, Аҳад. То билахира гуфт: Парвардигоро, барои ман хонае дар биҳишт қарор бидеҳ!

Башар ба куҷо мерасад?…

Худоё, он чӣ бароям мушкил аст, ин қафас ва ҳамнишинӣ бо Фиръавн аст. Худоё, дилам мехоҳад назди ту биёям.

Худоё, маро бибар пеши худат. Рафт пеши худаш. Дар як лаҳза одамӣ метавонад раҳи садсоларо паймояд. Ин шеваи бурхурди зани фаҳмидаи Фиръавн буд.

Дар ҳикояти баъд, дар мавриди машшотаи Фиръавн, вазъи мушобеҳи вазъи руҳӣ ва шӯру шавқи Осия – ҳамсари Фиръавнро чунин баён карда, ки бо ҳам мехонем.

Машшотаи Фиръавн

Дар бораи машшотаи Фиръавн низ вазъ ин гуна аст. Машшотаи Фиръавнро зоҳиран ҳамин зани Фиръавн ба роҳи тавҳид ва худопарастӣ овард.

Як вақт зани машшота сари духтари Фиръавнро хост шона занад, дар ҳангоми шурӯъ гуфт: Бисмиллоҳир-Раҳмонир-Раҳим.

Ин духтар чунин ибороте ба гӯшаш нахурда буд, пурсид: Ин калима чист?

Гуфт: Ҳақиқат ин аст, ки падари ту одами мутқаллибу ҳуққабозе аст, ки иддаои худоӣ мекунад. Худо ҳақиқати дигарест, Худо он аст, ки Мӯсо(а) мегӯяд.

Кам-кам хабарро ба назди Фиръавн бурданд. Дар торих омадааст, ки ин занро бо чаҳор фарзандаш оварданд.

Гуфтанд: Дар миёни мардум аз ақоидат даст бардор, раҳоят мекунем!

Гуфт: Даст намекашам! Аҳад, Аҳад, Аҳад. Худо Худои Мӯсост ва Фиръавн дурӯғ мегӯяд!

Оташ барафрӯхта, дастур доданд, фарзандонашро яке-яке дар оташ афкананд. Аммо ӯ боз мегуфт: Аҳад, Аҳад, Аҳад…

Хушо ба ҳоли он кас, ки ин қафасҳоро бишканад.

Навбат ба тифли ширхорааш расид. Дар он ҳол, додани фарзанд дар роҳи Худо барояш мушкил шуд, кудак фарёд зад: Модарҷон, чаро бароят мушкил аст? Аҳад, Аҳад, Аҳад!!!

Он гоҳ модар ва кудакро бо ҳам дар оташ андохтанд.

Пайғамбари Акрам(с) мефармуданд: Шаби Меъроҷ дар осмони чаҳорум буи атре истишмом кардам, ки тамоми осмонро фаро гирифта буд.

Гуфтам: Ин буи чист?

Ҷабраил гуфт: Ё Расулаллоҳ, буи атри зану фарзандон ва машшотаи Фиръавн аст, ки ҳама ҷоро дарбар гирифтааст!

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Русияҳаросӣ дар Лаҳистон (Полша)
Мулоқоти намояндаи Чин бо раиси ҷумҳури Сурия

Матолиби пурбоздид