Шӯхиҳои Устод
Шӯхиҳо ва латифаҳо аз Устод Ҳафиз Раҳмон
Мардуми мо ниҳоят ҳассосанд, агар шодӣ кунанд, шабу рӯз шодӣ мекунанд ва агар андӯҳ дошта бошанд, беист ғам мехӯранд… Хеле кам инсонҳоеро дучор меоем, ки ин ду ҳолати ҳиссӣ – ғаму андӯҳро дуруст танзим карда, хештанро эҳтиёт кунанд…
Аввали моҳи гузашта ба Хуҷанд сафар доштам ва азизон сахт таъкидам карданд, ки чашми рӯз накафида ба истгоҳи мошинҳои Хуҷанд ҳозир шавам. Каме дер карда бошам ҳам, мошини хубе ёфтам: дар радаи аввал, паҳлуи ронанда, мошини баландқомат. Ронанда зуд мақсадашро гуфт: барои чунин “комфорт” боз панҷоҳ сомонии дигар доданам лозим…
Дар сафи қафо ногаҳ якбора се хонуми хуҷандӣ нишастанд, гумонам, хеши ҳамдигар буданд. Мошин ба роҳ баромаду сар шуд: ин се бону ончунон бо хашму ғазаб сухан мегуфтанд ва касеро мазаммат мекарданд, ки банда то ҷойе хавотир ҳам шудам. Гоҳ бо садои баланду гоҳе паст, маълум, ки касе ё касоне инҳоро сахт ранҷонидаанд. Гарчи дашном намегуфтанд, аммо аз ҳамин гуфтори якнавохти сардашон ману ронанда то ҷойе нороҳат шудем… Ба ағбаи дувум набуромада, ронандаро хоҳиш кардам, ки назди обфурӯше мошинро қарор кунад.
Бо ишора гуфтам, ки “об мехоҳам”. Аз обфурӯше фалғарӣ оби соф хоҳиш карда, пулашро додаму ба мошин нишастам. Вақти ҳаракати мошин бинам, оби соф нею маъданӣ (минералӣ) будааст. Хеле дарғазаб шудам, охир, соати шаши субҳ киро дидаед, ки чунин навъи об бихӯрад?
Хостам бо ҳамин мавзуъ дили он бонуҳоро, ки ҳанӯз ҳам суханони дурушт мегуфтанд, каме гарм кунам, то ки ором бигиранд…
Бо садои баланд гуфтам:
– Маротибаи дуюм аст, ки “ҳа” мегӯяму дар бало мемонам…
Хонуме ба ин ҷумлаи банда таваҷҷуҳ карду гуфт:
– Ба Шумо чӣ шуд, ки ин хел мегӯед…
Гуфтам:
– Ина бинед, ман оби тоза хоҳиш кардам, обфурӯш оби маъданӣ дод. Иштибоҳан “ҳа” гуфтаму дар бало мондам…
– О, ҳеҷ гап набудааст-ку, болотар дигарашро мехаред.
– Дуруст, лекин сухан аз нафаҳмида “ҳа” гуфтанҳои ман меравад…
– Канӣ, дигарашро шунавем…
– Э, монед-е, дуюмаш аз ин ҳам вазнинтар…
– Акнун, ки гапа сар кардед, гӯед, шунавем, “ҳа”-и дуюматон чӣ будааст?
– Шаби никоҳ, пушти парда ба суоли мулло, ки фалонӣ бинти бисмадониро мегирӣ ё не, банда иштибоҳан “ҳа” гуфтаму инак, бисту чанд сол аст, ки дар бало гирифторам….
… Хандаи бонувон мошинро пур кард…
Гуфтам, ки бо ҳамин шаст як-ду латифаи дигар бигӯям, то ин занҳо умуман ташвишро фаромӯш кунанд. Латифаи марди хонасозро гуфтам:
…Марде якчанд сутунпояи чӯбӣ оварда, мехоҳад аввал онҳоро чен кунад. Сутунро рост карда, мехоҳад боло барояд, аммо меафтад, Маротибаи дуюм, сеюм, чаҳорум…
Марди раҳгузаре инро дида, суол мекунад:
– Чӣ кор мекунӣ?
– Ҳамин чӯбро чен кардан мехоҳам.
– О, дар замин гузору бафурҷа андоза кардан гир…
– Не, нафаҳмидӣ, агар дар замин монда чен кунам, дарозӣ мешавад, ман мехоҳам, ки баландиашро чен кунам…
Бад-ин минвол боз ду-се шӯхии дигар кардам ва роҳ ҳам аз нисф гузашт… Бонувон ба мавзуъҳои дигар гузаштанд ва ману ронанда низ ором шудем.
Дар Хуҷанд, вақти ҳисобӣ кардани роҳкиро: “ин сӣ сум барои ҳамон латифаҳои хубатон”-гӯён ронанда се даҳсумаро ба банда баргардонд. Ба дил гуфтам, ки ҳазлу шӯхӣ на фақат роҳати маънавӣ, балки моддӣ ҳам доштааст-ку…
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн