Ман наметавонам бо шумо ҳамсафар шавам!!!

Адаб

Танзи рӯз, аз Холиқназар Ҷумъаев

Ман наметавонам бо шумо ҳамсафар шавам!!!

Соли 1999 буд. Дар деҳа корҳои сохтмонӣ оғоз кардему бо Кароматулло ном хешамон аз деҳаи Гулистон шартнома баста, ӯро ба кор ҷалб кардем. Вақте ман омодаи бозгашт ба муҳоҷират шудам, гуфт:

–Хоҳиш мекунам, маро ҳам бо худ ба Русия баред.

Ман ӯро бо худ бурда наметавонистам, ин аст, ки барои рад кардани хоҳишаш баҳона ҷуста, пурсидам:

–Дуздӣ карда метавонӣ?

–Чи хел дуздӣ? -ҳайрон шуда пурсид.

–Фарқ надорад чӣ хел? -гуфтам – Аз кисса, аз сумка, аз мағоза…

–Намедонам, насанҷидаам – гуфт бо дудилагӣ.

Ба ӯ наздиктар шуда, ба гӯшаш гуфтам:

–Одам кушта метавонӣ?

–Эҳе, одам ҳам, куштан даркор?

–Ҳамин хел ҳам мешавад, барои он ки вақти дуздӣ каппида накушандат, ту бояд кушӣ – гуфтам дар ҷавоб.

Бе ягон фикр гуфт:

– Не, ман ҳамсафари шумо шуда наметавонам.

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳикмат
Ҳамдигарро таҳаммул кунем

Матолиби пурбоздид