Эй асири ранг, пок аз ранг шав…
Машоҳир ва номоварон
Муҳаммадиқболи Лоҳурӣ – шоир, файласуф ва сиёсатмадор дар Ҳинди таҳти султаи Бритониё дар хонаводае мусалмон ба дунё омад ва баъд, ки дониш андӯхт, бар хилофи бисёре, ки маръуби султа ва фанноварӣ ва андешаи ғарбиҳо шуда буданд, бар ғарбпарастӣ теғ кашид ва пеши ҳазорон ҳазор чашм, ки нигоҳ ба Ғарб доштанд, баланду расо гуфт:
Эй асири ранг! Пок аз ранг шав,
Мӯъмини худ, кофири афранг шав!
Ва фақат ҳамин набуд, ӯ инқилобе мехост барпо кунад дар дили шарқиҳо:
Он чи аз хоки ту руст, эй марди ҳур!
Он фурӯшу он бипӯшу он бихӯр.
Эй амини давлати таҳзибу дин!
Он яди байзо барор аз остин.
Хезу аз кори умам бигушо гиреҳ,
Нақшаи афрангро аз сар бинеҳ.
Моҷарои шеъри “Чароғи лола”
Иқбол дар Донишгоҳи Кембриҷ ва Донишгоҳи Муних (Мюнхен) дарс хонда буд ва дуктурои фалсафа дошт ва ошиқи Эронзамин буд ва рисолаи дуктурояш “Рушди мобаъдуттабиа дар Эрон” буд ва ошиқи Ҳофиз буд ва гуфта буд: “Ҳар вақт завқу қувваи тафаккури ман авҷ мегирифт, руҳи Ҳофиз дар ман ҷилва мекард ва ман худ Ҳофиз мешудам.” Ва ошиқи Мавлоно буд ва гуфта буд: “Мавлавӣ маро бо худ ошно кард ва бо ӯ буд, ки худро ёфтам.” Ва машҳур аст, ки Алӣ Шариатӣ ӯро “эронитарин хориҷӣ” номида буд. Ӯ суннӣ буд, вале на аз сунниҳои мутаассиб, ӯ гуфта буд:
Рамзи Қуръон аз Ҳусайн омӯхтем,
З-оташи ӯ шӯълаҳо андӯхтем.
Ва ин Иқболи мо, ки равшанбин ва равшанзамир буд, дар шеъре машҳур ба “Чароғи лола”, ки дар ситоиши эрониён суруда буд, гӯӣ Инқилоби Исломии Эронро ҳам пешбинӣ карда буд:
Чун чароғи лола сӯзам дар хиёбони шумо,
Эй ҷавонони Аҷам, ҷони ману ҷони шумо!
Ғӯтаҳо зад дар замири зиндагӣ андешаам,
То ба даст овардаам афкори пинҳони шумо.
Меҳру маҳ дидам, нигоҳам бартар аз Парвин гузашт,
Рехтам тарҳи Ҳарам дар кофиристони шумо.
То синонаш тезтар гардад фурӯ печидамаш,
Шӯълае ошуфта буд андар биёбони шумо.
Фикри рангинам кунад назри тиҳидастони Шарқ
Пораи лаъле, ки дорам аз Бадахшони шумо.
Мерасад марде, ки занҷири ғуломон бишканад,
Дидаам аз равзани девори зиндони шумо.
Ҳалқа гирди ман занед, эй пайкарони обу гил!
Оташе дар сина дорам аз ниёкони шумо.
Ҳаққи матлаб чист?
Дар бораи Иқбол сухан бисёр аст, аммо ҳаққи матлабро дар бораи Иқбол ва шеъри Иқбол ба ривояти Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Эрон бихонем, ки мӯҷаз ва равшангар аст:
“Иқбол аз шахсиятҳои барҷаста таърихи Ислом аст ва шахсияти ӯ чунон амиқу мутаолӣ аст, ки наметавон танҳо бар яке аз хусусиятҳои ӯ ва абъоди зиндагиаш такя кард ва ӯро дар он буъд ва он хусусиёт сутуд.
Агар мо фақат иктифо кунем ба ин ки бигӯем, Иқбол як файласуф аст ва як олим аст, ҳаққи ӯро адо накардаем, зеро абъоди дигари зиндагии Иқбол он қадр дурахшанда аст, ки чунончи бигӯем Иқбол як файласуф ё як олим ё як шоир аст, Иқболро кучак кардаем.
Албатта Иқбол бешак як шоири бузург аст ва аз бузургони шеър ба ҳисоб меояд. Шеъри урдуи Иқболро мутахассисони забону адабиёти урду мегӯянд беҳтарин шеъри урдуст. Шеърҳои форсии Иқбол ҳам ба назари ман аз мӯъҷизоти шеър аст.”
Моҷарои руъёи Иқбол
Иқбол барои нахустин бор руъёи ташкили як кишвари мустақил барои мусалмонони Ҳиндро матраҳ кард ва ин ҳамон фикре буд, ки ҳудуди 10 сол пас аз вафоти Иқбол, тавассути Муҳаммадалӣ Ҷиноҳ амалӣ шуд ва иёлати Панҷоб, ки Иқбол зодаи онҷост, бахше аз Покистон шуд ва Иқбол ҳам покистонӣ шуд; ҳамон кишваре, ки руъёяшро дошт.
Қаламонлайн