Эй дил зи ҷон гузар кун…

Адаб

Эй дил зи ҷон гузар кун…

Мавлоно

Эй дил зи ҷон гузар кун, то ҷони ҷон бубинӣ,

Бигзор ин чаҳонро, то он ҷаҳон бубинӣ.

То нагзарӣ зи дунё, ҳаргиз расӣ ба уқбо,

Озод шав аз ин ҷо, то бегумон бубинӣ.

Аз чору панҷ бигзар, дар шашу ҳафт мангар

Чун аз замин барои ҳафт осмон бубинӣ.

Ҳафт осмон чу дидӣ, дар ҳаштумин малак шав,

По бар сари макон неҳ, то ломакон бубинӣ.

Дар ломакон чу дидӣ, ҷонҳои нозанинон,

Бе тан ниҳода сарҳо дар остон бубинӣ.

Эй нониҳода гоме дар роҳи номуродӣ,

Бе ранҷ ганҷу ваҳдат кай ройгон бубинӣ.

Барбанд чашми даъвӣ, бикшой чашми маънӣ,

Як дам зи худ ниҳон шав, Ӯро аён бубинӣ!

Мавлоно

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳикматнома
Бартарии инсон

Матолиби пурбоздид