Эй Офтоби Карбало!
Дар васфи имом Ҳусейн шаҳиди дашти Карбало
Эй сӯзи ҷонҳоро гувоҳ, эй Офтоби Карбало
Эй шоҳиди рӯзи сиёҳ, эй Офтоби Карбало
Аз чашми хунрези замон, аз теғи зулми беамон
Дар сӯзи дил бурдӣ паноҳ, эй Офтоби Карбало
Оне, ки ҷуз нураш набуд, як ришта аз нурат фузуд
Бо охирин оҳу нигоҳ, эй Офтоби Карбало
Яъқуб дар ғам мубтало, аз ашки чашмат камзиё
Бе Юсуфи дар қаъри чоҳ, эй Офтоби Карбало
Бо ӯ бигӯ, бо ман бигӯ, бе ман бигӯ , равшан бигӯ:
Кӯ кинавар, кӯ кинахоҳ, эй Офтоби Карбало
Бикшо раҳи наззораро, онгаҳ бикун сайёраро
Аз сабр кӯҳ, аз ҷабр коҳ, эй Офтоби Карбало
Ғам дар гулу, чин дар ҷабин бошад ба ин дорам яқин
Бар ту гуноҳ мондан гуноҳ, эй Офтоби Карбало
Бо риштаи нури ту сеҳр бодо танидан рахти меҳр
Кори ту дар ин коргоҳ, эй Офтоби Карбало
Аз сӯзи беҳад хастаӣ, дил бар нишастан бастаӣ
Роҳат сафед эй марди роҳ, эй Офтоби Карбало
Субҳат бишуд бо ғусса шом розат нашуд, аммо тамом
Деҳ риштаи розат ба моҳ, эй Офтоби Карбало
То ҷовидон дорад нигоҳ бар Карбало Хуршеду моҳ
Ҳамчун ду чашми бепаноҳ, эй Офтоб Карбало
Устод Низом Қосим