Эрдуғон: Барои таҳаққуқи руъёи Туркияи Бузург ҳар кореро анҷом медиҳем!
Ахбори байналмилал
Раиси ҷумҳури Туркия дар суханронӣ дар ҷамъи Ҳизби адолат ва тавсиа гуфт, ки ҳар коре барои таҳаққуқи руъёи Туркияи Бузург лозим бошад анҷом хоҳем дод.
Ба гузориши рӯзномаи Turkiye
Раҷаб Тайиб Эрдуғон – раиси ҷумҳури Туркия, бо ишора ба аҳзоби курдӣ дар Туркия ва Сурия гуфт: “Даврони бакоргирии созмонҳои теруристии ҷудоиталаб ба поён расида ва онҳо ё таслеҳоти худро дафн кунанд ё он ки бо силоҳҳояшон дафн мешаванд ва роҳи севвуме барои созмонҳои теруристӣ вуҷуд надорад.”
Вай, ки дар нишасти Ҳизби адолат ва тавсиаи Туркия суханронӣ мекард, афзуд: “Поёни созмонҳои теруристӣ ва таслеҳоти онҳо фаро расидааст.”
Эрдуғон гуфт: “Ояндае барои созмонҳои теруристӣ дар Туркия ва минтақа вуҷуд надорад ва мо беш аз ҳазор сол аст, ки дар ин минтақа ҳузур дорем ва барои ҳазорон соли дигар дар ин ҷо барои сабти рашодатҳо ҳузур хоҳем дошт.”
Раиси ҷумҳури Туркия изофа кард: “Комилан мусаммам ҳастем, ки кишварро ба таври комил аз теруристҳои ҷудоиталаб, ки нерӯҳои империализми истеъморгар беш аз 40 сол аз онҳо баҳра гирифтаанд, наҷот диҳем.”
Вай гуфт: “Ҳамвора манофеи кишварро дар раъс қарор дода ва ҳар коре барои таҳаққуқи руъёи Туркияи Бузург ва таҳаққуқи аҳдофи бузург анҷом хоҳем дод.”
Қаламонлайн