Эрдуғон шаҳодати шаҳрвандони эронӣ дар ҳодисаи теруристии Кирмонро таслият гуфт

Эрдуғон шаҳодати шаҳрвандони эронӣ дар ҳодисаи теруристии Кирмонро таслият гуфт

Ахбори байналмилал

farsnews

Раиси ҷумҳури Туркия дар паёме дар бораи ҳодисаи теруристии шаҳри Кирмон ибрози таассуф кард ва ба мардуми Эрон таслият гуфт.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия, шомгоҳи чаҳоршанбе, (3 январ), дар паёме, ки дар ҳисоби корбарии худ дар шабакаи иҷтимоии X, онро мунташир кард, шаҳодати шаҳрвандони эронӣ дар ҳодисаи теруристии Кирмонро таслият гуфт.

Раиси ҷумҳури Туркия навишт: “Дар бораи ҳамалоти теруристии нафратангезе, ки дар устони Кирмони Эрон рух дод, амиқан андӯҳгин ҳастем. Худованд касонеро, ки дар ин ҳамалот ҷони худро аз даст доданд раҳмат кунад ва барои маҷрӯҳон шифои оҷил масъалат дорам.”

Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар идомаи ин паём изофа кард: “Ба мардуми дӯст ва бародари Эрон таслият мегӯям.”

Гуфтанист, асри рӯзи чоршанбе дар масири мунтаҳӣ ба Гулзори шуҳадои Кирмон, дар маросиме, ки барои солрӯзи шаҳодати сардор Сулаймонӣ, фармондеҳи шаҳиди нерӯи Қудси Сипоҳ дар Кирмон тадорук дида шуда буд, садои 2 инфиҷор ба гӯш расид, ки лаҳазоте баъд манобеи хабарӣ ба нақл аз манобеи огоҳ, ин ду инфиҷорро теруристӣ эълом карданд.

То кунун дастикам 103 шаҳрванди эронӣ дар пайи ин ду инфиҷори теруристӣ ба шаҳодат расидаанд ва ҳадди ақал 170 эронӣ маҷрӯҳ шудаанд.

farsnews

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ансоруллоҳи Яман: “Ҷумҳурии Исломии Эрон қавитар аз тамоми тавтиаҳост”
Туркия 11 узви “ҳалқаи ҷосусии Исроил (Мусод)”-ро, ки қасди харобкорӣ дар Эронро доштанд боздошт кард

Матолиби пурбоздид