Эътибор мурд…

Адаб

Эътибор мурд…

Фирдавси Аъзам

Дар пеши чашми бози ҷаҳон эътибор мурд!

Хуршеди дод дар паси хатти мадор мурд

Вақте ки коҷ сӯи табарҳо паноҳ бурд

Дар пешгоҳи сабзи чаман навбаҳор мурд

Умре ба ифтихор дам аз ину он задем

Ҳоло бубин чигуна ҳамин ифтихор мурд!

Гуфтем аз табори фулонем! Ҳо, дуруст!

Аммо кунун чӣ шуд, ки шукӯҳи табор мурд!

Лаънат ба он ҳисор ба ҷуғрофиёи кин

Азбаски аз ҳавои бадаш ҳамдиёр мурд

Пушти хутути қирмизи ғурбат тамоми вақт

Рӯҳи шараф шикаста шуду иқтидор мурд

Оғози фасли кӯч, қиёми саросарӣ

Кӯтоҳу сода ин ки, бале, кору бор мурд

***

Аммо ҳанӯз дар дилам уммед зинда аст

Гарчи чироғи додраси рӯзгор мурд!

Ҳатман ки ҳақ ба ҷониби ҳақдор мерасад

Зуд аст иддао бикунам; эътибор мурд!

Қаламонлайн

Паёмҳо ва хабарҳову таҳлилҳои ҷадиди моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Низоми ҳуқуқи зан дар ислом – I
Дар нигористони сухан

Матолиби пурбоздид