Эътирофи Амрико аз нотавонии хеш дар баробари раёсати Русия бар Шӯрои амнияти СММ

Эътирофи Амрико аз нотавонии хеш дар баробари раёсати Русия бар Шӯрои амнияти СММ

Ахбори байналмилал

Раёсати Русия бар Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид оғоз шуд ва амрикоиҳо изъон карданд, ки чорае ҷуз пазириши ин мавзӯъ надоранд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Карин Жан-Пйер, сухангӯи Кохи Сафед дар посух ба дархостҳои зиёдахоҳонаи Украина барои мамониат аз раёсати Русия бар Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид гуфт, Амрико имкони анҷоми ин корро надорад ва наметавонад, Русияро ба унвони яке аз аъзои доими Шӯрои амният ва дорандаи ҳаққи вето, аз тасаддии раёсати шӯро манъ кунад.

Русия аз 1 апрели 2023, раёсати давраии Шӯрои амнияти СММ-ро ба муддати як моҳ бар ӯҳда гирифт.

Охирин боре, ки Русия раёсати давраии Шӯрои амниятро бар ӯҳда гирифт, феврали 2022 буд.

Раёсати Шӯрои амният давраӣ ва тули муддати он як моҳ аст ва раиси ҳайати намояндагии ҳар кишвар ба унвони раиси Шӯрои амнияти Созмони Милал шинохта мешавад.

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Намояндаи Украина эъломи оташбасро рад кард
Артиши Яман чӣ андоза қудрат дорад?

Матолиби пурбоздид