Эҳтимоли кудатои низомӣ дар Исроил вуҷуд дорад

Эҳтимоли кудатои низомӣ дар Исроил вуҷуд дорад

Ахбори байналмилал

Муҳаққиқи аршади амнияти миллии Исроил дар гуфтугӯ бо шабакаи исроилии i24NEWS гуфт: Дар сурати адами пазириши тарҳи тағйироти қазоӣ тавассути Девони олӣ, шоҳиди кудатои низомӣ алайҳи Бенёмин Натонёҳу хоҳем буд.

Дар ҳамин маврид, Муҳаммад Ватад – раиси донишкадаи ҳуқуқ дар донишгоҳи Сафд ва муҳаққиқи аршади муассисаи амнияти миллии Исроил дар мусоҳиба бо шабакаи i24NEWS аз эҳтимоли вуҷуи кудатои низомӣ алайҳи Натонёҳу сухан гуфт.

Вай таъкид кардааст: Баъд аз тасвиби бахше аз тарҳи ислоҳоти қазоӣ, ман интизор дорам, як кудатои низомӣ дар Исроил рух диҳад; ин оғози поёни низоми демукротик дар Исроил аст, ҳатто агар як системаи демукротики ланг бошад.

Инчунин вазири ҷанги собиқи Исроил бо ишора ба ихтилофҳои дохилӣ гуфтааст: Шикофҳои дохилии эҷодшуда бар Исроил ва амнияти он таъсир мегузорад, ин вайронаи Маъбади севвум аст. Имрӯз рӯзи сахтест ва Исроил шикаст хӯрдааст. Ҳар касе, ки имрӯз фикр мекунад, пирӯз шуда, ба зудӣ хоҳад фаҳмид, ки ин тасаввури хатои роҳбурдӣ ва стротежик будааст.

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Арзиши зиндагӣ
Кишварҳои Халиҷи Форс аз Осиёи Марказӣ чӣ мехоҳанд?

Матолиби пурбоздид