Эҳтироми обрӯи мӯъмин дар оини ислом

Эҳтироми обрӯи мӯъмин дар оини ислом

Сабки зиндагӣ

Паёмбари Акрам(с) дар мавриди ҳурмати обрӯи мӯъмин фармудаанд: “Ҳурмати ҳайсият ва обрӯи мӯъмин монанди ҳурмати ҷону моли ӯст”. Яъне ҳамон гуна ки ҷону моли мӯъмин ҳурмат дорад ва таҷовуз ба ҷону моли ӯ ҳаром аст, рехтани обрӯи мӯъмин низ ҳаром аст.

Дар ривояти дигаре омадааст: “Вақте обрӯ рехт ва беарзиш шуд, дигар ҷамъоварӣ ва ҷуброни он душвор хоҳад буд!”

Аз тарафи дигар, бар мӯъминон лозим аст, аз обрӯи бародари мӯъмини худ низ дифоъ кунад. Дар ин робита Расули гиромии ислом, ҳазрати Муҳамма(с) мефармоянд: “Касе, ки аз обрӯи бародари динии худ дифоъ кунад, барои ӯ ҳафтод сипар аз оташи ҷаҳаннам хоҳад буд. Инчунин дир ривояти дигаре ба ҳамин маъно омадааст: “Касе, ки аз обрӯрезии мусалмонон худдорӣ кунад, Худованд аз лағзишҳои ӯ дар рӯзи қиёмат гузашт хоҳад кард”.

Марде аз ансор назди Имом Ҳусайн(а) омад ва хост, то ниёзи моддии худро ба Имом бигӯяд. Имом Ҳусайн(а) фармуд:

— Эй бародар! Ниёзи худро ба забон нагӯ, то обрӯятро нигоҳ дошта бошӣ. Ҳар чӣ мехоҳӣ, дар номае бинавис ва биёвар. Ман ба хости Худованд ба қадре ба ту кӯмак хоҳам кард, ки туро хушҳол кунад.

Он мард навишт: “Эй Имом, ман аз фалон шахс панҷсад динор қарздор ҳастам. Ӯ талаби худро хостааст ва ман инак моле надорам. Аз ӯ бихоҳ, то ба ман мӯҳлат диҳад, ки пас аз сару сомон ёфтани рӯзгорам, талаби ӯро хоҳам дод”.

Имом Ҳусайн(а) пас аз хондани нома, вориди манзил шуд ва кисае ҳамроҳи худ овард, ки ҳазор динор дар он буд. Кисаро ба мард дод ва фармуд:

— Бо панҷсад динор он қарзатро адо кун ва панҷсад динори дигарро харҷи зиндагият кун. Аз ин пас ҳоҷати худро ҷуз бо се тан дар миён магзор: диндор, ҷавонмард ва обрӯдор. Зеро диндор ба хотири диндорияш ба ту кӯмак хоҳад кард. Ҷавонмард аз ҷавонмардии худ шарм мекунад ва ба ту ёрӣ мерасонад. Ва обрӯдор мефаҳмад, ки ту барои ҳифзи обрӯят ҳоҷати худро ба ӯ гуфтаӣ, ӯ низ обрӯятро ҳифз мекунад ва ҳоҷати туро бароварда месозад.

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Дар масири расидан ба ҳадаф ва комёбӣ
Ҷавон ва донишандӯзӣ

Матолиби пурбоздид