Эҳё

Адаб
Эҳё
Рустами Ваҳҳоб
Чи солҳо, ки гузашту надидаем туро,
Чу қисса аз лаби мардум шунидаем туро.
Гирифтаем саломи туро зи дасти насим,
Зи ғунчаи гули сурӣ шамидаем туро.
Тасаввуре ба лаби ту гаҳе ба лабханде,
Гаҳе ба гӯшаи чашм оби дидаем туро.
Гаҳе зи сӯзи дили ту гирифт таб моро,
Гаҳе ба чеҳра чу ранги паридаем туро.
Ба хушксори ҷаҳон, эй умеди сабзи ҷон,
Ба оби ноби сухан парваридаем туро.
Чи ҳосиле, ки дар ин боғ мисли маҷнунбед
Ба пойи хушки хазон сархамидаем туро.
Фақат ба хотири фардо, фақат ба ёди висол,
Зи лаб чу сураи эҳё дамидаем туро.
Ту, бениёз чу Анқо аз ин зуҳури вуҷуд,
Барои ҳастии худ офаридаем туро.
Рустами Ваҳҳоб
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳикояти қавми пароканда
Сабаби ақибмондагии кишварҳои исломӣ аз назари Аҳмади Дониш

Матолиби пурбоздид