Яке аз раҳбарони Ҳамос: Терури шаҳид Орурӣ бо посухи муносиби муқовамат мувоҷеҳ хоҳад шуд

Яке аз раҳбарони Ҳамос: Терури шаҳид Орурӣ бо посухи муносиби муқовамат мувоҷеҳ хоҳад шуд

Усома Ҳамдон: “Терури шаҳид ал-Орурӣ бо посухи муносиби муқовамат мувоҷеҳ хоҳад шуд”

Ахбори байналмилал

Irna

Усома Ҳамдон, аз раҳбарони ҷунбиши Ҳамос, бомдоди чаҳоршанбе (3 январ) гуфт, ки терури шаҳид Солеҳ ал-Орурӣ бо посухи муносиби муқовамат мувоҷеҳ хоҳад шуд.

Ба гузориши Ирно ба нақл аз аз хабаргузории Само (Фаластин), Усома Ҳамдон гуфт: “Бархе аз вокунишҳои байналмилалӣ ба терури ал-Орурӣ риёкорона аст.”

Вай афзуд: “Мо аз кишварҳои ғарбӣ мехоҳем, ки барои таваққуфи ҷиноёти ишғолгарон алайҳи мардуми Фаластин иқдом кунанд.”

Ин узви аршади Ҳамос изофа кард: “Вошингтун пӯшише барои таҷовузи режими Исроил ба навори Ғазза фароҳам кард ва терури Ал-Орурӣ бахше аз он аст.”

Ҳамдон ҳамчунин гуфт: “Тавҷеҳи Вошингтун мабнӣ бар адами иттилоъ аз терури Ал-Орурӣ фирор аз масъулияти сиёсӣ аст.”

Вай афзуд: “Ҷинояти терури ал-Орурӣ бо вокуниши муносиби мардуми Фаластин ва муқовамат мувоҷеҳ хоҳад шуд ва ҳамаи эҳтимолот пас аз терури Ал-Орурӣ вуҷуд дорад.”

Ҳамос сешанбешаб (2 январ) эълом кард, Солеҳ ал-Орурӣ, ноиби раиси дафтари сиёсии Ҳамос, Самир Фандӣ ва Аззом ал-Ақраъ, аз фармондеҳони Қассом ва Маҳмуд Закӣ Шоҳин, Муҳаммад ал-Райс, Муҳаммад Башшоша ва Аҳмад Ҳаммуд, аз аъзои Ҳамос, дар ҳамлаи теруристии режими саҳюнистӣ ба Зоҳияи Ҷанубии Бейрут шаҳид шуданд.

Irna

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман терури Ал-Оруриро маҳкум кард
Ҳизбуллоҳ: “Қатъан ҷинояти терури Ал-Орурӣ бидуни муҷозот намемонад”

Матолиби пурбоздид