Яман аз анҷоми ду амалиёти низомӣ дар хоки Исроил хабар дод
Ҳамла ба нерӯгоҳи барқи Телавив
Ахбори байналмилал
Нерӯҳои мусаллаҳи Яман соатҳое пеш (ҷумъа) дар баёнияе эълом кард, ки ду амалиёти низомӣ алайҳи аҳдофи душмани исроилӣ дар минтақаи Ёфои ишғолӣ анҷом шуд.
Ба гузориши Алмаёдин ба нақл аз Алмасира, нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар эълом кард, амалиёти аввал бо ҳадаф қарор додани истгоҳи барқи мутааллиқ ба душмани исроилӣ дар шарқи минтақаи Ёфои ишғолӣ ихтисос дошт.
Бар асоси ин гузориш, амалиёти дуввум низ як ҳадафи низомии душмани исроилӣ дар минтақаи Ёфои ишғолиро бо истифода аз паҳподи навъи ”Ёфо” ҳадаф қарор дод, ки бо муваффақият ба ҳадафи худ бархӯрд кард.
Яҳё Сареъ, сухангӯи низомии Ансоруллоҳ дар ин бора афзуд, ки амалиёти аввал бо мушаки болистики мофавқи савти “Фаластин-2” сурат гирифт, ки мушак бо диққат ба ҳадафи мавриди назар исобат кард.
Ба гуфтаи Сареъ, амалиёти дуввум аммо бо паҳпод сурат гирифт ва ҳадафи мавриди назар бо диққат дар Ёфо мавриди исобат қарор гирифт.
Қаламонлайн