Яман: Ғофилгириҳое дорем

Раҳбари Ансоруллоҳи Яман: “Ғофилгириҳое дорем, ки душманон интизори онро надоранд ва аз ҳамакнун онро оғоз хоҳем кард”

Ахбори байналмилал

Almayadeen

Сайид Абдулмалик Ҳусӣ, раҳбари ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман гуфт: “Амалиёти мо дар баҳри Сурх ба таври муассиртар идома ва густариш хоҳад ёфт. Мо ғофилгириҳои бузурге дорем, ки душманон интизори онро надоранд ва аз ҳамакнун онро оғоз хоҳем кард.”

Ба гузориши шабакаи хабарии Алмаёдин, раҳбари ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман гуфт: “Душмани саҳюнист бо ҳимоят ва мушорикати Омрико ва Ғарб ва сукути давлатҳои арабӣ, ба рафтори ҷинояткоронаи худ дар остонаи моҳи шашум идома медиҳад.”

Вай дар суханронии имрӯз (панҷшанбе, 29 феврал)-и худ афзуд: “Рафтори кишварҳои ғарбӣ ва дар раъси онҳо Омрико, дар таноқузи комил бо шиорҳояшон дар бораи ҳуқуқ башар аст.”

Сайид Ҳусӣ бо баёни ин ки таҷовуз ба Ғазза, иддаои Ғарб ва Омрико ва лаффозиҳои онро бармало мекунад, афзуд: “Абъоди ҷинояти саҳюнистҳо, ки Омрико мустақиман дар он мушорикат дорад ва мавриди ҳимояти Ғарб аст, фаротар аз ҳар тасаввуре аст ва ҳамаи тобуҳоро зери по мегузорад.”

Сайид Ҳусӣ афзуд: “Шиорҳои Омрико дар мавриди башарият ва ҳуқуқи башар беш аз ҳама мутаноқиз аст.”

Раҳбари Ансоруллоҳ идома дод: “Ба рағми қатл, вайронӣ ва гурусна нигаҳ доштани аҳолии Ғазза тавассути душмани саҳюнистӣ, аммо ин душман дар заминаи водор кардани мардум ба муҳоҷират аз Ғазза бо шикаст мувоҷеҳ шудааст.”

Вай тасреҳ кард: “Ишғолгарон 2735 қатли оммро дар ҷанги наслкушӣ бо ҳадаф қарор додани ғайринизомиён дар Ғазза анҷом доданд, аз ҷумла охирин қатли омм дар хиёбони Аррашид рух додааст. Дар асари таҷовуз ба Ғазза, беш аз 100 ҳазор шаҳид, маҷрӯҳ, мафқуд ва асир вуҷуд дорад.”

Раҳбари Ансоруллоҳ бо ишора ба шуюъи беморҳои мусрӣ дар Ғазза ба далели ҷиноёти саҳюнистҳо хотирнишон кард: “Акнун дар Ғазза шуюъи бемориҳои уфунӣ вуҷуд дорад, ки ҳудуди як севвуми ҷамъияти навори Ғаззаро мубтало кардааст.”

Вай идома дод: “Бештари кӯдакони Ғазза аз гуруснагӣ ва беморӣ ранҷ мебаранд ва ишғолгарон ба ҷанги гуруснагӣ, маҳрумият аз ғизо ва ташдиди муҳосира идома ме‎диҳанд. Кӯмакҳои муҷоз ба Ғазза, 5 дарсад аз ниёзҳои ҷамъиятро бароварда намекунад, дар ҳоле, ки аз вуруди комюнҳо ба навори Ғазза ҷилавгирӣ мешавад.”

Раҳбари Ансоруллоҳ изофа кард: “Режими ишғолгар дар аз байн бурдани муҷоҳидин Ғазза ва бозгардондани асирони он, бо вуҷуди ҳимояти зиёди тарафи омрикоӣ, ба тарзи фаҷеъе шикаст хӯрд.”

Вай идома дод: “Бо вуҷуди гузашти 5 моҳ аз таҳоҷум ва муҳосираи Ғазза, размандагони муқовамат дар Ғазза дар муқобила бо душман далерона ва муассир меҷанганд.”

Вай дар идома гуфт: “Режими ишғолгар ба ҷанги гуруснагӣ дар Фаластин идома медиҳад, ки мунҷар ба марги бархе аз кӯдакон шуд, ки ба далели гуруснагӣ маҷбур шуданд ба ҷойи орд ғизои ҳайвонот бихӯранд. Ҳамаи мардуми Ғазза дар ҳоли гузарондан як фоҷеаи воқеӣ ҳастанд ва он чи дар шимоли навори Ғазза дар ҳоли рух додан аст, фаротар аз сатҳи як фоҷеа аст.”

Сайид Ҳусӣ таъкид кард: “Мардуми Ғазза ва муқовамати онҳо алорағми ҳимояти Ғарб ва ноумедии аъроб, собитқадам ҳастанд ва ба эътирофи ишғолгарон, хисороти чашмгире ба онҳо ворид кардаанд.”

Раҳбари Ансоруллоҳ дар идома аз сукути кишварҳои минтақа дар қиболи ҷиноёти саҳюнистҳо алайҳи фаластиниён интиқод кард ва гуфт: “Чаро дасти миллати исломии мо ва кишварҳои мо дар ҷаҳони араб дар ҳимоят аз Фаластин дар муқобили ҳимояти ошкори Омрико ва Ғарб аз душман бастааст? Мардуми Ғазза ва муҷоҳидони он бояд мавриди ҳимоят ва пуштибонӣ қарор гиранд, агар арабҳо каме аз онҳо ҳимоят мекарданд, метавонистанд набард бо душманро ҳал кунанд. Кишварҳои арабӣ наметавонанд аз масъулият шона холӣ кунанд, зеро ин авоқиби ҷиддӣ барои онҳо дорад.”

Вай изофа кард: “Агар мусалмонон ва арабҳо ба аҳолии Ғазза кӯмак мекарданд, ин мардум метавонистанд кори душманро дар ҷабҳаҳои ҷанг яксара кунанд.”

Сайид Ҳусӣ дар идома ин суолро матраҳ кард, ки чаро сатҳи ҳимояти уммати исломӣ аз мардуми Фаластин дар сатҳи ҳимояти Омрико ва Ғарб аз душмани саҳюнистӣ нест?

Вай идома дод: “Тахриби Алақсо ва ҷойгузинии он бо маъбади иддаоии онҳо, илова бар ишғоли бисёре аз манотиқи арабнишин, ҳамчунон ҳадафи аслии исроилиҳо аст.”

Раҳбари Ансоруллоҳ хотирнишон кард: “Наслкушӣ ва ҷиноёти шанеъи саҳюнистҳо дар Фаластин, ҳақиқати нафрати онҳо аз мусалмонон бавежа аъробро ошкор мекунад. Ҳар касе, ки мекӯшад дар ақсо нуқоти ҷаҳони араб ва ислом заминаро барои саҳюнистҳо омода кунад, бояд чашмандози куштори ҷамъӣ ва ҳатки ҳурматро бибинад. Аъроб аввалин касоне ҳастанд, ки тавассути яҳудиёни саҳюнист ҳадаф қарор мегиранд, аз ин рӯ бояд сареътар иқдом кунанд. Набояд бовар кунанд саҳюнистҳое, ки сарзамини онҳоро ишғол кардаанд, мушкиле надорад. Мутаассифона дар миёни аъроб нисбат ба тавтиаҳое, ки алайҳи онҳо мешавад, бисёр бетаваҷҷӯҳ ҳастанд.”

Вай бо баёни ин ки аксари кишварҳои исломӣ-арабӣ дар қиболи хатари саҳюнистҳо алайҳи уммати мо коре накардаанд, афзуд: “Эрон аввалин кишваре буд, ки аз Фаластин дар баробари душмани саҳюнистӣ ҳимоят кард.”

Уммати исломӣ мебоист аз хоби ғафлат бедор шавад ва бо ҳикмат ва басират ба масъулиятҳояш амал кунад. Уммати исломӣ мебоист аз муқовамати Ироқ дарс биёмӯзад, ки Омрикоро шикаст дод. Уммат мебоист аз короӣ ва таъсири ҷабҳаи Яман, ки ҳатто душман ба он эътироф карда, дарс биёмӯзад.”

Раҳбари Ансоруллоҳи Яман бо ишора ба ин ки мақомоти Омрико ва Урупо барои ҳимоят аз режими саҳюнистӣ худро саҳюнист медонанд, афзуд: “Касоне дар Ғарб ба худ меболанд, ки саҳюнист ҳастанд, ки дидгоҳи бисёр хасмона алайҳи миллатҳои минтақа доранд.”

Сайид Абдулмалик Ҳусӣ дар бахши дигаре аз суханонаш ба таҳаввулоти ҷануби Лубнон ва даргирии Ҳизбуллоҳ ба саҳюнистҳо дар марзҳои шимолии Фаластини ишғолӣ ишора кард ва гуфт: “Ҷабҳаи ҷануби Лубнон, коромадӣ ва нуфузи зиёди худро бо амалиёти Ҳизбуллоҳ ба исбот расонд, ки пирӯзиҳои зиёде ба даст овардааст. Ҷанг ва даргирӣ идома дорад ва паёмадҳои воқеии он ноумедии душманон ва шикасти ҳатмии онҳо хоҳад буд.”

Вай бо баёни ин ки дар амалиётҳои нерӯҳои мусаллаҳи Яман дар ҳимоят аз Ғазза, то кунун 54 киштӣ ҳадаф қарор гирифтааст, афзуд: “Ба нудрат пеш меояд, ки киштии муртабит бо душман аз Бобулмандиб убур кунад.”

Раҳбари Ансоруллоҳ афзуд: “Омрикоиҳо дар ҷанги Ғазза аз душман ҳимояти зиёде карданд ва онҳо ҳастанд, ки бо вуҷуди тақозои густурдаи байналмилалӣ, монеъ аз оташбас шудаанд.”

Вай бо ишора ба ин ки омрикоиҳо ба миллатҳо эҳтиром намегузоранд ва бар идомаи ҳимоят аз таҷовуз ба Ғазза исрор доранд, тасреҳ кард: “То замоне, ки таҷовузот ба Ғазза мутаваққиф шавад ва муҳосира бардошта шавад, ба мумонаъат аз ҳаракати киштиҳое, ки аз тариқи Бобулмандиб ба сӯйи режими ишғолгар мераванд, идома хоҳем дод.”

Раҳбари Ансоруллоҳ дар идома ба таҷовузоти эътилофи омрикоӣ-англисӣ ба Яман ишора кард ва афзуд: “Омрикоҳо ба ҳамроҳи англисиҳо дар таҷовуз ба кишварамон ҳузур доштанд, ки заработи дардноке дарёфт карданд.”

Вай идома дод: “Мо 384 мушак ва паҳпод ба самти киштиҳое, ки ба самти режими ишғолгар дар баҳри Сурх дар ҳаракат буданд, партоб кардем.”

Вай таъкид кард: “Ҳамалоти Омрико ва Англис ба ҳеч ваҷҳ бар тавони низомии мо таъсире надошт ва баръакс, раванди афзоиш ва густариши ҳамалоти мо идома дорад. Омрикоиҳо ҳамакнун ба шикасти худ дар расидан ба аҳдофи таҷовузкоронаи худ ба кишварамон эътироф мекунанд ва аз қудрати мо шигифтзада шудаанд.”

Сайид Ҳусӣ таъкид кард: “Ҳамалоти Омрико ва Англис ирода ё руҳияи мардуми моро аз байн нахоҳад бурд. Ташдиди танишҳои душман ҳеч таъсире бар мо нахоҳад гузошт, на бар тавоноиҳо, на руҳиамон ва на ҳузури мардумиамон дар хиёбон.”

Раҳбари Ансоруллоҳи Яман афзуд: “Он чи амнияти дарёии ҳар кишвареро бо ҳадаф қарор нагирифтан тавассути мо бима мекунад, нарафтан ба самти режими Исроил ва ширкат накардан дар таҷовуз ба Ғазза аст. Омрикоӣ ва касоне, ки Иёлоти Муттаҳидаро бо худ ба самти низомӣ кардани баҳри Сурх мекашонанд, касоне ҳастанд, ки бар киштиронии байналмилалӣ таъсир мегузоранд.”

Вай дар поёни суханронии имрӯзи худ гуфт: “Амалиёти мо дар баҳри Сурх ба таври муассиртар идома ва густариш хоҳад ёфт. Мо ғофилгириҳои бузурге дорем, ки душманон интизори онро надоранд ва аз ҳамакнун онро оғоз хоҳем кард.”

Almayadeen

Қаламонлайн

 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Муҳаббат ва дӯст доштан 
Амирабдуллоҳиён: “Агар дар Англис ва Эрон референдум баргузор шавад, Англис ҳатман мебозад”

Матолиби пурбоздид