Ё нобиноем ё худро ба нобиноӣ мезанем?!

Ё нобиноем ё худро ба нобиноӣ мезанем?!

Як нафар оқо – аз тоҷикони худамон – ки одат карда бо таҳаккум ҳарф бизанад яъне бигӯяд, инро бикунед ва онро макунед ва дӯст дорад ҳамеша амру наҳй кунад, ингор ё нобиност ва ё худро ба нобиноӣ мезанад вақте ҳамбастагӣ бо фаластиниҳоро ба ҳамбастагӣ бо амсоли ДОЪИШ ташбеҳ мекунад.

Оё ту намебинӣ, ки ҷаҳон бештар бо фаластиниён ҳамбаста ҳастанд? Оё намебинӣ, ки ҷаҳон имрӯз дар воқеъ ба ду қисм тақсим шуда: мардумон ва ҳукком. Мардумон, аъамм аз мусалмону ғайримусалмон яъне тамоми озодаҳо, бо Фаластинанд ва аммо ақаллияти ҳукком ва сардамдорон ва дар раъсашон ҳокими Омрико ва бештари ҳуккоми кишварҳои урупоӣ, бо режими кӯдаккуши “Исроил”.

Аз ин рӯ ин ки Ҳамосро “даҳшатафкан” бихонӣ ва ба амсоли ДОЪИШ ташбеҳаш кунӣ ва чашмбаста тамоми озодаҳоро терурист бихонӣ, ин дигар кӯҳна шуда. Инро бирав ба аммаат бигӯ!

Аз миёни 5-6 амру наҳйе, ки ин оқо одат карда амру наҳй кунад, ин дуяш хеле масхара аст:

“4) Маҳкумият ва халъи силоҳи гурӯҳҳои даҳшатафкане чун Ҳамос ва Ҷиҳоди исломӣ дар минтақа;

5) Фошсозӣ ва пешгирии манбаъҳое, ки бо хабарҳои “фаврӣ” ҷавонони тоҷикро бо барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ ва динию мазҳабӣ мағзшӯйӣ мекунанд…”

Лобуд ин одамҳо, ки дирӯз дар эътироз ба рафторҳои сардамдоронашон вориди Кунграи Омрико шуданд (ва навори онро гузоштаам ва аз қазо бештарашон яҳудӣ ҳам ҳастанд) ба назари шумо, “терурист”, “даҳшатафкан” ва аз ин қабил ҳарфҳои “раҳмонӣ” ҳастанд?!

Оқо! Бедор шав! Ҷаҳон дигар шуда.

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Муфтии Уммон: “Аз заъфи кишварҳои арабӣ ва сукути ҷаҳон дар қиболи ҷиноёти ишғолгарон мутаассифам”
Мо зи ёрон чашми ёрӣ доштем…

Матолиби пурбоздид