Андарзе аз Имом Ҳусейн

Андарзе аз Имом Ҳусейн

Марде назди Имом Ҳусайн омад ва гуфт: Ман марде гунаҳкорам ва аз маъсият парҳез намекунам, маро панд ва андарз бидеҳ.

Имом Ҳусайн фармуд:

“Панҷ кор анҷом бидеҳ ва он гоҳ ҳар чи мехоҳӣ, гуноҳ кун:

Аввал, рӯзии Худоро махӯр ва он гоҳ ҳарчи мехоҳӣ гуноҳ кун.

Дуввум, аз вилоят ва ҳукумати Худо хориҷ шав ва он гоҳ ҳар чи мехоҳӣ, гуноҳ кун.

Севвум, ҷоеро пайдо кун, ки Худо туро набинад ва он гоҳ ҳар чи мехоҳӣ, гуноҳ кун.

Чаҳорум, вақте Азроил барои гирифтани ҷони ту меояд, ӯро аз худ дур кун ва он гоҳ ҳар чи мехоҳӣ, гуноҳ кун.

Панҷум, вақте маъмур ва молики ҷаҳаннам мехоҳад туро дар оташ биандозад, дар оташ нарав ва он гоҳ ҳар чи мехоҳӣ, гуноҳ кун”.

Қаламонлайн

Паёмҳо ва хабарҳову таҳлилҳои ҷадиди моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ниёиш
Парастандагони Худо

Матолиби пурбоздид