Ғазали зебое аз Ҳофиз

Адаб

Ғазали зебое аз Ҳофиз

Дар хароботи муғон нури Худо мебинам,
Ин аҷаб бин, ки чӣ нуре зи куҷо мебинам!
Ҷилва бар ман мафурӯш, эй маликулҳоҷ, ки ту
Хона мебиниву ман хонахудо мебинам.
Хоҳам аз зулфи бутон нофакушоӣ кардан,
Фикри дур аст ҳамоно, ки хато мебинам.
Сӯзи дил, ашки равон, оҳи саҳар, нолаи шаб,
Ин ҳама аз назари лутфи шумо мебинам.
Ҳар дам аз рӯйи ту нақше занадам роҳи хаёл,
Бо кӣ гӯям, ки дар ин парда чиҳо мебинам?!
Кас надидаст зи мушки Хутану нофаи Чин
Он чӣ ман ҳар саҳар аз боди сабо мебинам.
Дӯстон, айби назарбозии Ҳофиз макунед,
Ки ман ӯро зи муҳиббони шумо мебинам.
(Ҳофиз)
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ислоҳи Қонуни асосии Узбекистон
Вазири дифои Русия: Русия дар ҳоли афзоиши омодагии низомии пойгоҳҳои худ дар Тоҷикистон ва Қирғизистон аст

Матолиби пурбоздид