Ғунчаи хобидаро бедор кардӣ…
Фирдавси Аъзам
(Ба Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ)
Ғунчаи хобидаро бедор кардӣ, офарин!
Қавми ноогоҳро ҳушёр кардӣ, офарин!
Ваҳдату ҳамбастагиро дар “Паёми Машриқ”-ат
Байт-байт овардию такрор кардӣ, офарин!
Худшиносиро ба мо омухтӣ аз ин масир
Чангро тарфанди истеъмор кардӣ, офарин!
Тарҳи нав андохтӣ, бурдӣ ба боми осмон
Парчамаш бар шонаи афкор кардӣ, офарин!
Ҳаст бо фарҳанги мо бемоя фарҳанги Фаранг
Дам ба дам ин нуктаро ихтор кардӣ, офарин !
Такя бар аҳкоми исломӣ намудӣ, Ғарбро
Бар сари фарҳангашон овор кардӣ, офарин !
Аз “Рамузи бехудӣ” гуфтию “Асрори худӣ”
Дардро пайвасти ин осор кардӣ, офарин !
Дар китоби “Пас чӣ бояд кард, эй ақвоми Шарқ”
Ғунчаи хобидаро бедор кардӣ, офарин!
Фирдавси Аъзам
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн