Қадрдонии Оятуллоҳ Хоманаӣ аз Раҳмон ба хотири иқдомоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон барои густариши забони форсӣ

Қадрдонии Оятуллоҳ Хоманаӣ аз Раҳмон ба хотири иқдомоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон барои густариши забони форсӣ

Ахбори байналмилал

Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Ҷ.И.Эрон, субҳи имрӯз (сешанбе) дар дидори Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва ҳайати ҳамроҳ, сиёсат ва авлавияти аслии Ҷумҳурии Исломии Эронро “густариши равобит бо кишварҳои минтақа бавежа кишварҳои ҳамзабон ва дорои фарҳанг, таърих ва дини муштарак” донист ва гуфт: “Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамчун гузашта омодаи ҳамкории самимона бо Тоҷикистон дар заминаҳои мухталиф аст.”

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Оятуллоҳ Хоманаӣ, вай бо қадрдонӣ аз сафари раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Теҳрон барои ҳузур дар маросими таҳлифи раисиҷумҳури Эрон, рафту омади мақомоти ду кишварро заминасози густариши ҳамкориҳо хонд ва гуфт: “Забони форсӣ яке аз иштирокоти муҳимми Эрон ва Тоҷикистон ва Афғонистон аст ва бояд барои ҳифз ва густариши ин забон ва ҷилавгирӣ аз бархе талошҳо барои инзивои он, ҳамкориҳои бештаре анҷом шавад.”

Оятуллоҳ Хоманаӣ, бо ташаккур аз иқдомоти раисиҷумҳури Тоҷикистон барои густариши забони форсӣ изҳори умедворӣ кард: “Хатти бостонии форсӣ низ дар Тоҷикистон тарвиҷ шавад.”

Раҳбари Эрон дар поён хотирнишон кард: “Густариши равобити Эрон ва Тоҷикистон мухолифоне дорад, ки бояд барои муқобила бо онҳо, барнома вуҷуд дошта бошад.

Дар ин дидор, ки оқои Муҳаммадризо Ориф, муовини аввали раисиҷумҳури Эрон низ ҳузур дошт, Эмомалӣ Раҳмон бо ибрози хурсандии фаровон аз дидори муҷаддад бо раҳбари Эрон, ба музокироти худ бо оқои Пизишкён ишора кард ва гуфт: “Ҳамон гуна, ки чанд сол пеш ҷаноби олӣ фармудед, ду кишвар хешованд ҳастанд ва мо густариши пеш аз пеши равобит ва истифода аз таҷориб ва пешрафтҳои Ҷумҳурии Исломӣ дар арсаҳои илмӣ, саломат ва санъатро хосторем.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ин дидор ҳамчунин ба бархе иқдомоти худ барои густариши забони форсӣ дар ин кишвар ишора кард.

(khl.ink)

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Реша
Оғоз ва поёни тамаддун

Матолиби пурбоздид