Қадрдонӣ ва қадршиносӣ аз ҳамсар
Сабки зиндагӣ
Ҳамеша ёдамон бошад, ки чигунагии рафтор бо ҳамсар, аз масоилест, ки ба омӯзиш ниёз дорад.
Ҳамон тавре ки барои ворид шудан ба зиндагии муштарак бояд омодагӣ ва огоҳиҳои лозимро ба даст биёрем, лозим аст, то барои муваффақияту оромиш дар зиндагӣ, шеваҳои дурусти рафтор бо ҳамсарро низ ёд бигирем.
Рафтори дуруст суитафоҳумҳо, ихтилофот ва мушкилоти зану шавҳарро дар масири беҳбуд пеш мебарад.
Бо таҳсин кардани ҳамсар дар ҷамъ, зиндагии муштаракатонро ба ҳадди зиёде қувват мебахшед.
Албатта манзур ин нест, ки дар ин маврид зиёдаравӣ карда ва боиси хиҷолати ӯ ва дигарон шавед, балки беҳтар аст бо гуфтани хусусиёти хуб ва муваффақиятҳояш, эҳсоси ғуруро дар ҳамсаратон тақвият карда ва нишон диҳед, ки ба ӯ ифтихор мекунед.
Аксари мардон хеле дӯст медоранд, ки аз онҳо таърифу тамҷидшавад.
Агар ҳамсаратон коре мекунад, ки ба хушатон меояд, онро баён кунед ва ба ӯ бигӯед, ки аз ин кор лаззат бурдаед.
Бо ташвиқу таҳсини ҳамсаратон ба ӯ нишон медиҳед ки талошҳояшро мебинед ва барои онҳо арзиш қоилед.
Қаламонлайн
Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед: