Қазоқистон дар дуроҳаи демукросӣ ва қавмгароӣ
Бахши дуввум
Таҳлил
Чӣ чизе метавонад мардумро муттаҳид кунад?
Дар ин миён коршиносон мушкилотеро дар таҳкими ҷомеа мушоҳида мекунанд. Барои 30 соли истиқлол, шаҳрвандон натавонистанд ба як забони воҳид суҳбат кунанд, дар эҷоди арзишҳои муштарак ноком мондаанд ва дар ҳубобҳои иттилоотии мутафовит зиндагӣ мекунанд. Ҳар суоле баҳсҳои гарм ва дуқутбӣ шудани нигаришҳоро ба вуҷуд меоварад. Бар асоси додаҳои расмӣ, 80 фоиз аз мардуми Қазоқистон ба забони расмӣ сӯҳбат мекунанд, дар ҳоле ки 49 фоизи мардуми кишвар аз забони расмӣ дар зиндагии рӯзмарраи худ истифода мекунанд. Ба гуфтаи Фарҳод Каснов, таҳлилгари сиёсӣ, бо ин ҳол, ин додаҳои оморӣ иғроқомез аст.
“Натоиҷи бархе аз мутолиот нишон додааст, ки 70 фоизи мардум, ба забони русӣ сӯҳбат ва гуфтугӯ мекунанд ва аз он истифода мекунанд ва танҳо 30 фоиз ба забони қазоқӣ сӯҳбат мекунанд ва аз ин забон истифода мекунанд. Ин як додаи такондиҳанда аст. Мушкили мо ин аст, ки худи қазоқҳо низ қазоқӣ (ба забони расмӣ) сӯҳбат намекунанд”.
Алия Булатхон, муваррих, ба мутолиаи ҳувияти миллӣ ва равобити байниқавмӣ дар давраи шӯравӣ дар Қазоқистон мепардозад. Ӯ бар ин бовар аст, ки қазоқистониҳо ғолибан мафҳуми миллатро мутародифи калимаи қавмият медонанд, ки ин иштибоҳ аст. Ҳувияти миллӣ маъмулан бар ҳасби алоими расмӣ, монанди тобеият ва равобити иқтисодӣ дар назар гирифта мешавад.
Алия Булатхон мегӯяд: “Ин нусхаи комилан муваффақе аз миллатсозӣ нест. Муҳим ин аст, ки шаҳрвандон эҳсоси муштараке аз тааллуқ ба як ҷомеа дошта бошанд, ки дорои абъоди фарҳангӣ ва торихӣ аст. Ба унвони мисол, дар Қазоқистон як хӯроке вуҷуд дорад, ки дар натиҷаи пешинаи торихии ҳамаи сокинони он шакл гирифтааст. Дар натиҷа он таоми миллӣ аст. Муҳим аст, ки онро бо хӯрокҳои қазоқӣ ё уйғурӣ иштибоҳ нагирем, зеро қазоқ, ақвоми пешинаи фарҳангии гурӯҳҳои қавмии ҷудогона дар гузашта аст”.
Ба гуфтаи Алия Булатхон, қазоқистониҳо дар торихи муштараки худ, суннатҳои муштараке доранд, сарфи назар аз пешинаи қавмӣ, аммо онҳо бояд ошкор шаванд, тавзеҳ дода шаванд, тақвият шаванд то дарки миллати воҳид шакл бигирад ва ин ки мо (шаҳрвандони Қазоқистон) як созаи сохтагӣ нестем, (балки як ҳақиқат ҳастем).
Қазоқҳо чӣ касоне ҳастанд?
Ба гуфтаи Маҷлис (порлумон), барномаи миллии “Ult Kuru” (миллатсозӣ) ба зудӣ ироа мешавад. Бархе аз намояндагон пешниҳод мекунанд, ки сутуни “қавмият” аз гузарномаҳои байналмилалӣ ҳазф шавад. Ин саволи бузур аст, ки оё шаҳрвандон аз ин бозтанзими ҳувият ҳимоят мекунанд, ё на.
Ойдус Сорим дар 27-апрел, ин идеяро барои хабарнигорон дар Маҷлис тавзеҳ дод. “Акнун мо бояд дубора баҳс кунем, дубора дар мавриди ин ки қазоқҳо чӣ касоне ҳастанд, чӣ масъулияти торихӣ доранд ва чӣ гуна мардумро муттаҳид кунем, бояд сӯҳбат кунем. Дар дунё чӣ мегӯянд? Русҳои қазоқистонӣ, куреиҳои қазоқистонӣ. Бо ин ҳол, ҳар кадом ҳамоне, ки ҳастанд, боқӣ мемонанд. Аммо ҳувияти умумии давлат, қазоқистонӣ хоҳад буд”.
Мухторбек Шайкамелов – коршиноси равобити қавмӣ, гуфт, ки бисёре аз мушкилот, аз ҷумла таъйини ҳувият, ба ин далел рух медиҳад, ки қазоқҳо ба вазъияти худ итминон надоранд.
“Онҳо байни ифроту тафрит ҳаракат мекунанд. Аз дарки ин ки мо “болотар” ҳастем ва бақия дар поинтар, то навъе худтаҳқирӣ ва адами итминон дар мавриди вазъияти худ. Ҳамаи инҳо ба таври куллӣ аз торих меояд ва ба замоне бармегардад, ки ҳувияти ашоирӣ ва қазоқҳо ақибмонда талаққӣ мешуданд, забони қазоқӣ ақибмонда талаққӣ мешуд. Ба назар мерасад, ҳавият бисёр мутаҳаррик аст, бисёр тағйир мекунад, баста ба шароити берунӣ. Фишори хориҷии бештаре вуҷуд дорад – мо адабиёти гуфтории худро ба самти фишори байналмилалӣ тағйир намедиҳем; ки ҳар вақт фишори камтаре вуҷуд дошта бошад, ба самти аносури қавмсолор гароиш пайдо мекунад”.
Ин коршинос, иқдоми Маҷмаи Халқии Қазоқистонро муассир хонд. Мухторбек Шайкамелов пешниҳод кард, ки анҷуманҳои қавмӣ ва фарҳангии қазоқҳо ва дигар гурӯҳҳои қавмӣ бояд муаррифи ин масъала бошанд, ки ағлаб иттифоқ меафтод.
“Давлат аз тафовутҳои қавмӣ ва фарҳангӣ, арзиши зотӣ, аҳамияти гурӯҳи қавмӣ, забон ва фарҳангии он аз тариқи Маҷмаъ ҳимоят мекунад. Бо ин ҳол онҳо мехоҳанд ҳувияти муштарак бисозанд. Сохтани як ҳувияти воҳид ва дар айни ҳол таъкид бар тафовутҳои қавмӣ бисёр душвор аст. Ин мутазаммини тазодҳои зотӣ аст”.
Идома дорад…
Қаламонлайн