Қатар: “Фурсати муносибе барои дастёбӣ ба тавофуқи оташбас дар Ғазза ба вуҷуд омадааст”

Қатар: “Фурсати муносибе барои дастёбӣ ба тавофуқи оташбас дар Ғазза ба вуҷуд омадааст”

Ахбори байналмилал

Сухангӯи Вазорати хориҷаи Қатар аз шаклгирии фурсате ҷадид барои таҳаққуқи оташбас дар Ғазза, бавежа пас аз таваққуфи ҷанги Исроил бо Эрон хабар дод.

Ба гузориши “Ал-арабӣ ал-ҷадид”, Моҷид ал-Ансорӣ, сухангӯи Вазорати хориҷаи Қатар, имрӯз (шанбе) дар гуфтугӯ бо хабаргузории Фаронса изҳор дошт: “Фурсати муносибе барои дастёбӣ ба тавофуқи оташбас дар Ғазза ба вуҷуд омада, бавежа пас аз тавофуқи поёни ҷанг бо Эрон.”

Вай афзуд: “Агар аз ин фурсат истифода накунем ва аз фазои эҷодшуда баҳра набарем, ба зудӣ ин фурсат низ аз даст хоҳад рафт ва мо намехоҳем чунин иттифоқе дубора такрор шавад.”

Ин дар ҳолест, ки Дунолд Тромп, раиси ҷумҳури Омрико низ шаби гузашта дар ҷамъи хабарнигорон гуфт: “Тавофуқи оташбас дар Ғазза наздик аст ва мумкин аст ҳафтаи оянда ба он бирасем.”
#iranwins
#Эрон_пирӯз_аст

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Хариди ҳавопаймои ҷанганда тавассути Эрон
Яман: Беърус-Сабъро бо мушаки “Зулфиқор” ҳадаф қарор додем

Матолиби пурбоздид