Қафқоз дар масири торих – 1
Бахши аввал: Захмҳои Қафқоз
Алии Алибобоии Дерманӣ
Қафқоз сарзамине дар миёни Осиё ва Аврупо, дар даврони бостон марзи миёни ҷаҳони мутамаддин ва биёбонгардони шимоли Қафқоз буд, ки бо гузар аз гузаргоҳҳои Қафқоз, манотиқи ҷанубӣ, чун Эрон ва Осиёи Сағирро ғорат мекарданд. Аз ин рӯ, ин сарзамин ҷойгоҳи муҳимме дар торихи Эрон дошт, ҷойгоҳе, ки то кунун ҳифз шудааст.
Шоҳони номдори эронӣ чун Куруши Бузург, Дориюши Бузург, Шопури Аввал, Хусрави Анушервон, Хусрави Парвиз ва Шоҳ Аббоси бузург ба таъмини амнияти ин минтақаи балохез номбардор буданд, чунон ки метавон гуфт, яке аз милокҳои доварӣ дар бораи шукӯҳу бузургии шоҳони Эрон чирагии комил бар Қафқоз будааст. Ин чирагӣ на танҳо амнияти Эрон, балки амнияти қавмҳои Қафқози ҷанубӣ, чун арманиҳо ва гурҷиҳоро таъмин мекардааст ва дар тӯли торих сабаби таҳкими пайвандҳои торихӣ ва фарҳангӣ миёни Эрон ва ин қавмҳо шуд.
Аз дигар сӯ, дар тӯли торих, дар паи фатрат ва сустии ҳукуматҳои Эрон, биёбнгардоне, ки дар пушти истеҳкомоти қафқозии Эрон саф кашида буданд, ҷуръат пайдо мекарданд то сарзаминҳоеро, ки дар ҷануби ин истеҳкомот буданд, тороҷ кунанд, монанди ончи дар садаи ҳафтӯми мелодӣ рух дод ва ба қатли оми мардуми Қафқози Ҷанубӣ ба дасти хазарҳо ва туркҳо анҷомид.
Дар торихи муосир русҳо ҷои эрониёнро дар Қафқоз гирифтанд ва ба сабаби надоштани пайвандҳои торихӣ бо мардумони Қафқоз, барои тасаллут бар ин сарзамин мутавассил ба сиёсатҳои касифи истеъморӣ шуданд. Сталин, қафқозие, ки муҷрии сиёсатҳои русҳо шуда буд, ба сабаби ошноии нисбӣ бо Қафқоз, назарияпардози ин сиёсатҳои залилона шуд.
Бар асоси ин сиёсатҳо, дар марзбандиҳои ҷумҳуриҳои сотсиалистии Қафқоз, ҳеч як аз ин ҷумҳуриҳо, ҳарчанд бо масоҳати кучак, набояд аз як миллати воҳид шакл мегирифт ва даруни ҳар як аз ин ҷумҳуриҳо бояд минтақаи худмухторе аз ақвоме бо табори мутафовит гунҷонда мешуд то пайваста омиле барои адами сабот дар ҳар ҷумҳурии шӯравӣ вуҷуд дошта бошад.
Идома дорад…
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн