Қирғизистон: Мушкилоти марзӣ то соли нав бартараф хоҳад шуд!

Қирғизистон: Мушкилоти марзӣ то соли нав бартараф хоҳад шуд!

Ахбори минтақа

Давлати Қирғизистон эълом кардааст, бар асоси “Созишномаи марзӣ бо Тоҷикистон”, ки тарҳи он дар ҳоли омодасозӣ аст, то соли нав, мушкилоти марзӣ бартараф хоҳад шуд.

Бар асоси гузориши 24.kg раиси ҷумҳури Қирғизистон, Содир Ҷабборов гуфтааст, тарҳи созишномаи марзӣ бо Тоҷикистон дар ҳоли омода шудан аст ва ба зудӣ ба порлумони ин кишвар ироа дода мешавад, ки бар асоси ин созишнома, то соли нав, тамоми муноқишоти марзӣ хотима хоҳад ёфт.

Ҷабборов гуфтааст, масоили марзӣ бо Тоҷикистон низ ҳал хоҳад шуд ва таъкид кардааст, ки “пас аз ҳалли масъалаи сарҳад ва тасвиби созишномаҳо, сулҳ на танҳо дар кишвари мо (Қирғизистон), балки дар тамоми Осиёи Марказӣ барқарор хоҳад шуд”.

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Тоҷикистон аз Иттиҳодияи Аврупо кумакҳои нақдӣ дарёфт хоҳад кард
Аз пандҳои Луқмони Ҳаким

Матолиби пурбоздид