Ҳазфи баёнияи Алазҳар аз фазои маҷозӣ

Ҳазфи баёнияи Алазҳар аз фазои маҷозӣ

Байналмилал

Чаро Алзҳар баёнияи худ дар бораи наслкушии Ғаззаро ҳазф кард?

Рӯзномат Ал-арабӣ ал-ҷадид ба нақл аз манобеи огоҳ навишт, ки шайхи Алазҳар, Аҳмад Тайиб, таҳти фишори шадиди ниҳодҳои олирутба дар давлати Миср қарор гирифт, то баёниаеро, ки дар бораи қаҳтӣ дар Ғазза ва ҷиноёти ишғолгарони исроилӣ алайҳи ғайринизомиён содир карда буд, аз сафҳаи расмии Алазҳар ҳазф кунад; баёнияе, ки ба гуфта ин манобеъ, бо “рӯйкарди феълии давлати Миср” дар тазод буд.

Иқдоми Алазҳар дар ҳазфи баёнияи худ – ки бо лаҳне бесобиқа, ҷанг ва қаҳтӣ дар Ғаззаро “наслкушии тамомаёр” тавсиф карда буд – аз сафҳаи расмиаш дар Фейсбук, танҳо андаке пас аз интишори он, мавҷе аз хашм ва пурсишҳои густарда дар шабакаҳои иҷтимоиро барангехт.

Ин баёния, ки акнун ҳазф шудааст, ҷанги наслкушӣ ва иқдоми артиши Исроил дар гурусна нигаҳ доштани сокинони навори Ғаззаро ба шиддат маҳкум карда буд.

Матни баёнияи Алазҳар ба шарҳи зерин буд:

“Алазҳари шариф фарёди андӯҳгин ва нидои ҷаҳонии худро бо андӯҳе амиқ сар медиҳад ва ба виҷдонҳои бедор дар миёни озодагон, хирадмандон, шарофатмандон ва касоне, ки ҳанӯз аз захми виҷдон ранҷ мебаранд, рӯй меоварад. Касоне, ки ба ҳурмати мсъулияти инсонӣ имон доранд ва ба ҳуқуқи маҳрумон ва фурӯдастон, барои бархӯрдорӣ аз зиндагии амн ва каромати инсонӣ монанди дигар инсонҳо, бовар доранд. Ин нидо барои иқдоми фаврӣ ва наҷоти мардуми Ғазза аз қаҳтии маргборе аст, ки ишғолгар бо қудрат, ваҳшигарӣ ва бераҳмие бесобиқа таҳмил кардааст, ки чӣ басо таърих дигар ҳаргиз шоҳиди он набошад.

Виҷдони инсонӣ имрӯз дар озмуне сахт қарор гирифтааст, дар ҳоле, ки ҳазорон кӯдак ва бегуноҳ бо хунсардӣ кушта мешаванд ва онон, ки аз қатл ҷони солим бадар мебаранд, ба сабаби гуруснагӣ, ташнагӣ, хушксолӣ, камбуди дору ва таваққуфи фаъолияти марокизи дармонӣ, ҷони худро аз даст медиҳанд.

Гурусна нигаҳ доштани амдӣ ва маргбори мардуми Ғазза ба дасти ишғолгар, дар ҳоле, ки барои тиккае нон ё ҷуръае ранҷ мебаранд ва паноҳгоҳҳо ва марокизи тавзеъи кӯмакҳо ҳадафи гулӯлаи мустақим қарор мегиранд, ҷинояти комил дар чорчӯби наслкушӣ аст.

Ҳар кас ин режимро ба силоҳ муҷаҳҳаз мекунад, ё бо тасмимот ва суханони риёкорона аз он ҳимоят мекунад, шарик дар ин наслкушӣ аст ва рӯзе довари додгар ва мунтақими қудратманд, ононро муҳокима хоҳад кард; дар рӯзе, ки молу фарзанд суде барои дорандааш надорад. Бояд ба ёд биёваранд он ҳақиқат ҷовидонаро, ки мегӯяд: моро хӯрданд, рӯзе, ки гови сафед хӯрда шуд.

Аз нерӯҳои таъсиргузор хоста мешавад, тамоми тавони худро барои муқобила бо ин режими ваҳшӣ ба кор гиранд, онро водор кунанд, то қатлҳои барномарезишударо мутаваққиф кунад, кӯмакҳои инсониро бедиранг ворид кунад ва масири дармони беморон ва маҷрӯҳонеро, ки ба далели ҳадаф қарор гирифтани бемористонҳо вазъияташон вахимтар шуда, бозгушоӣ кунад, иқдоме, ки нақзи ошкори тамоми адёни осмонӣ ва қавонини байналмилалӣ аст.

Дар баробари Худованд аз ин сукути ҷаҳонии машкук ва аз ин кӯтоҳии шармовари байналмилалӣ дар ёрирасонӣ ба мардуми бедифоъи Ғазза, эъломи бароат мекунем ва аз ҳар гуна даъват ба кӯчондани мардуми Ғазза ва аз ҳар касе, ки онро пазирост ё ба он посухи мусбат медиҳад, низ эъломи инзиҷор мекунем. Масъулияти хунҳои рехташуда, ҷонҳои гирифташуда ва шикамҳои гуруснаро бар ӯҳдаи ҳомиёни ин ҷиноят медонем.

Алазҳари шариф ҳама мусалмононро фаро махонад, то бо дуои паёмбари ислом, барои ёрии мазлумони Ғазза дуо кунанд…”

(Поёни баёнияи Алазҳар)

Далели ҳазфи ин баёния чӣ буд?

Рӯзномат Ал-арабӣ ал-ҷадид ба нақл аз манобеи огоҳ навишт, ки шайхи Алазҳар, Аҳмад Тайиб, таҳти фишори шадиди ниҳодҳои олирутба дар давлати Миср қарор гирифт, то баёниаеро, ки дар бораи қаҳтӣ дар Ғазза ва ҷиноёти ишғолгарони исроилӣ алайҳи ғайринизомиён содир карда буд, аз сафҳаи расмии Алазҳар ҳазф кунад; баёнияе, ки ба гуфта ин манобеъ, бо “рӯйкарди феълии давлати Миср” дар тазод буд.

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Чолишкон: Шарм бар давлати Эрдуғон!
Интихоби фарҳанги мутаолӣ ё бехиёлӣ ва фароғати бештар

Матолиби пурбоздид