Ҳаким Саноӣ
Машоҳир ва номоварон
Абулмаҷд Маҷдуд ибни Одами Саноии Ғазнавӣ ё Ҳаким Саноӣ, аз бузургтарин шоирони қасидагӯ ва маснависаройи забони порсист, ки дар садаи шашуми ҳиҷрӣ мезистааст.
Саноӣ шоирест, ки барои нахустин бор ирфонро ба сурати ҷиддӣ вориди шеъри порсӣ кард, аммо ирфони ӯ наздик ба шаръ ва ахлоқ аст. Тасаввуфи Саноӣ бо он ки аз суханони қаландарон ва аҳли маломат низ моя мегирад, чизе мӯътадил аст.
Саноӣ тайи умри худ се ҳолати шахсиятии мухталиф пайдо кардааст. Нахуст, маддоҳ ва ҳиҷогӯй буда, пас аз он ба ваъз ва нақди иҷтимоӣ рӯй оварда ва ахиран ошиқ ва қаландар ва ориф шудааст.
Ҳаким Саноӣ дар соли 473 ҳиҷрии қамарӣ дар шаҳри Ғазна (воқеъ дар Афғонистони имрӯз) дида ба ҷаҳон гушуд ва дар соли 545 ҳиҷрии қамарӣ дар ҳамон шаҳр даргузашт. Номи ӯро Авфӣ Маҷдуддин Одам ас-Саноӣ ва Ҳоҷӣ Халифа Одам низ навиштаанд. Муҳаммад ибни Алӣ ар-Риқо, аз муосирони ӯ, дар дебочаи “Ҳадиқатул-ҳақиқа” номи ӯро Абулмаҷд ибни Одам ас-Саноӣ навиштааст. Ин ҳокӣ аз он аст, ки номҳои дигаре, ки бар рӯйи ӯ ниҳодаанд ғалат аст. Дар девони Саноӣ абёте ба чашм мехӯрад, ки дар он Саноӣ худро Ҳасан хондааст.
Дар ибтидо Саноӣ тибқи одати он замон ба дарбори салотин рӯй овард ва ба дастгоҳи Ғазнавиён роҳ ёфт. Ӯ дар ибтидо ба маддоҳӣ пардохт, то ин ки якбора шайдо шуд ва даст аз ҷаҳону ҷаҳониён шуст.
Бархӯрд бо Лойхор
Лойхор ном ва лақаби марде хокнишин ва муосири Саноӣ буд, ки сабаби рӯй овардани Саноӣ ба сайру сулук ва ирфон шудааст. Шарҳи онро бад-ин гуна навиштаанд:
“Сабаби тавбаи Саноӣ он буд, ки дар зимистоне, ки Султон Маҳмуд ҷиҳати тасхири баъзе аз диёри куфр аз Ғазнин берун рафта буд, Саноӣ дар мадҳи ӯ қасидате дар силки назм кашида, мутаваҷҷеҳи урдуи вай шуд, то ба арз расонад. Дар аснои роҳ ба дари гулхане расид, ки яке аз маҷзубони машҳур ба Лойхор соқии худро мегуфт: қадаҳе пур кун ба кӯрии Маҳмуди Сабуктекин. Соқӣ гуфт: Маҳмуд подшоҳест мусалмон ва ба амри ҷиҳод машғулӣ менамояд. Лойхор гуфт: мардакест нохушнуд ва он чӣ дар таҳти ҳукми вай даромадааст забт наметавонад кард, меравад, ки мамлакати дигар бигирад. Ва он қадаҳро даркашид. Боз бо ӯ гуфт: қадаҳе дигар пур кун ба кӯрии Саноии шоир. Соқӣ гуфт: Саноӣ мардест шоир, фозил, муқайяд, муттақӣ, латифтабъ. Лойхор гуфт: агар вай аз лутфи табъ баҳравар будӣ, ба коре иштиғол намудӣ, ки вайро ба кор омадӣ, газофе чанд дар коғазе навишта, ки ба ҳеч кор намеояд ва намедонад, ки ӯро барои чӣ кор офаридаанд. Саноӣ аз шунидани ин сухан мутаҳайир шуда, аз шароби ғафлат ҳушёр гашт ва ба сулук машғул шуд.
Ва бар хиради арбоби фазлу ирфон пӯшида намонад, ки аз мазмуни ин ҳикоят чунон ба вузуҳ мепайвандад, ки иштиҳори Шайх Саноӣ ба назми ашъор дар замони салтанати Маҳмуди Ғазнавӣ буда бошад, ва ҳол он ки аз китоби “Ҳадиқатул-ҳақиқа” чунон зоҳир мешавад, ки Шайх Саноӣ муосири Баҳромшоҳ буда ва китобро ба номи номи он подшоҳи олиҷоҳ назм намуда ва Султон Маҳмуд дар санаи 421 вафот ёфта ва назми Ҳадиқа – чунон ки ҳам аз он китоб ба таҳқиқ меанҷомад – дар санаи сабъ ва салосин ва хамсамиъа (537) ба итмом пайваста. Ва аз мулоҳизаи ин ду торих, ки муттафақи аҳли хабар аст, назди авлиё (-и фазл)-сифат вузуҳ меёбад, ки сиҳҳати ҳикояти маҷзуби Лойхор ба ғоят (но)муносиб аст, вал-ълму ъиндаллоҳ.” (Ҳабибус-сайр, ҷ.1, с.340)
Давлатшоҳи Самарқандӣ гӯяд: “Сабаби тавбаи Ҳаким Саноӣ он буд, ки ӯ мадҳи салотин гуфтӣ ва мулозимати ҳукком кардӣ. Навбате дар Ғазнин мадҳе ҷиҳати Султон Абӯисҳоқ Иброҳими Ғазнавӣ гуфта буд ва Султон азимати Ҳинд дошт ба тасхири қилоъи (қалъаҳои) куффори Ҳинд ва Ҳаким мехост ба таъҷил қасидаро бигузаронад. Қасди мулозимати Султон кард. Ва дар Ғазнин девонае буд, ки ӯро Лойхор гуфтандӣ ва аз маънӣ холӣ набуд. Ҳамвора дар шаробхонаҳо дурди шароб ҷамъ кардӣ ва дар гулханҳо таҷарруъ намудӣ. Чун Ҳаким Саноӣ ба дари гулхан расид, аз гулхан тараннуме шунид ва қасди гулхан кард. Шунид, ки Лойхор бо соқии худ мегӯяд: пур кун қадаҳе то ба кӯрии чашми Иброҳимаки Ғазнавӣ бинӯшам. Соқӣ гуфт… (бақияи он назири он чизе аст, ки дар “Ҳабибус-сайр” нақл шудааст, то он ки) Ҳаким чун ин сухан бишнид, аз ҳол бирафт ва бар ӯ ин сухан коргар омад ва дили ӯ аз хидмати махлуқ бигардид ва аз дунё дилсард шуд ва девони мадҳи мулукро дар об андохт ва тариқати инқитоъ ва зуҳд ва ибодатро шиъори худ сохт…” (Тазкиратуш-шуъарои Давлатшоҳи Самарқандӣ, с.95 ва 96)
Рафтан ба Балх
Саноӣ чанд соле аз даврони ҷавониро дар шаҳрҳои Балх ва Сарахс ва Ҳирот ва Нишопур гузаронд. Мегӯянд, дар замоне ки дар Балх буд, ба Каъба рафт. Баъд аз ин ки аз Макка бозгашт, муддате дар Балх монд.
Он чӣ ки Саноиро аз Ғазнӣ ба Балх кашонд, ғайр аз ишқе, ки дар ҷавонӣ бад-он гирифтор буд, то ҳадде низ умед ба эҳсони Хоҷа Асилулмулки Ҳиравӣ дошт. Дар Балх Саноӣ аз эҳсони Хоҷа Асли Ҳиравӣ бебаҳра намонд, аммо зуд миёнаи онҳо барҳам хӯрд ва тундзабониҳои Саноӣ ӯро гирифтори озору миҳнат кард ва Балхро раҳо кард ва бори сафар ба мақсади Сарахс баст. Дар Сарахс низ кажхуйӣ, бадзабонӣ ва бенавоии худро ҳамроҳ бурд ва шикояти ӯ аз фақр ва тангдастии иқтисодӣ дар ин давра аз умри ӯ дар ашъораш бозтоб ёфтааст. Пас аз он Саноӣ ба Ҳирот рафт ва муддате дар онҷо сокин шуд ва сипас ба Нишопур, Хоразм, Балх ва роҳии ҳаҷ шуд. Пас аз бозгашт аз ҳаҷ, дубора ба Балх омад, аммо зиёрати Макка ӯро комилан дигаргун карда буд ва осори таҳаввули дарунӣ ва инқилоби фикрӣ дар Саноӣ оғоз шуд ва дил аз ситойишгарӣ ва зиндагии бебандубори гузашта гирифт ва ба парҳезкорӣ ва зуҳд рӯй овард. Саноӣ пас аз муддате иқомат дар Балх, дубора роҳии Сарахс шуд ва то солҳо ба осудагӣ дар онҷо зист ва аз ситойиш ва ҳурмати бисёре дар назди мардуми Сарахс бархӯрдор буд. Қивомуддин Даргузинӣ, вазири маъруфи Ироқ дар дастгоҳи Салҷуқиён, дар Сарахс ба ҷустуҷӯи Саноӣ баромад ва хост то ӯро дубора ба дарбор бибарад, аммо Саноӣ, ки дигар сари сӯҳбат бо аҳли дунё фуруд намеовард, дархости ӯро рад кард ва аз Сарахс берун шуд.
Саноӣ маснавии “Сарул-ъибод илал-маъод“-ро дар Сарахс суруда ва бо мадҳи Сайфуддин Муҳаммад ибни Мансур, қозии Сарахс ба поён бурдааст.
Вай пас аз хуруҷ аз Сарахс, ба шаҳрҳои Хуросон мусофират кард ва дубора ба зодгоҳи худ Ғазнӣ бозгашт, аммо дигар ҳаргиз ба дарбори салотин по нагузошт ва машғули саройиши қасоиди зуҳдомези худ шуд.
Дар соли 518 қамарӣ, ки ба Ғазнин баргашт, ёдгори пурарзиши сафарҳояш миқдоре аз қасоиди вай аст. Баъд аз бозгашт ба Ғазнин мегӯянд, ки хонае надошт ва яке аз бузургони Ғазнин ба номи Хоҷа Амид Аҳмад ибни Масъуд ба ӯ хонае бахшид ва Саноӣ то поёни умр дар Ғазнин дар узлат ба сар бурд. Ва дар ин айём маснавии “Ҳадиқатул-ҳақиқа“-ро навишт.
Насоеҳ ва андарзҳои Ҳаким Саноӣ диловез ва пуртанаввуъ, шеъраш равон ва пуршӯр ва хушбаён ва худи ӯ дар зумраи поягузорони нахустин адабиёти манзуми ирфонӣ дар забони порсӣ ба шумор омадааст.
Ӯ дар маснавӣ, ғазал ва қасида тавонои худро ба вузуҳ нишон додааст.
Саноӣ девони “Масъуди Саъди Салмон“-ро ҳангоме ки Масъуд дар асорат буд, барои ӯ тадвин кард ва бо эҳтимоми Саноӣ, девони Масъуди Саъд ҳамон замон сабт ва пароканда шуд ва ин низ аз бузургвории Саноӣ ҳикоят мекунад.
Мазомини ирфонӣ
Бисёре аз мафоҳим ва мазомини баланди ахлоқӣ ва ирфонӣ, барои нахустин бор, бо содагии сухани дилнишин, зулол ва аз ҷон бархостаи Ҳаким Саноӣ ба адабиёти куҳани порсӣ ворид шуд.
Ин сухан туҳфаест раббонӣ,
Рамзи асрорҳои руҳонӣ.
Хотири ноқисам чу комил шуд,
Ба суханҳои бикр ҳомил шуд.
Ҳар нафас шоҳиде дигар зояд,
Ҳар як аз як шигарфтар зояд.
Шоҳидоне ба чеҳраи ҳамчу ҳилол,
Дар ҳиҷоби ҳуруфи зуҳраи ҷамол.
Дар мақоме, ки ин сухан хонанд,
Ақлу ҷон сеҳри мутлақаш донанд.
Хокиён ҷон нисори Ӯ созанд,
Қудсиён хирқаҳо дарандозанд.
Ҳамин базрҳои аввалияи суханони руҳонӣ ва ирфонист, ки Саноӣ пароканда кард ва Аттор ва Мавлоно ва Саъдӣ ва Ҳофиз ва ҷуз онон, дар тӯли бештар аз се қарн, онҳоро ба авҷи пухтагӣ, салобат, равонӣ ва пурмаъноӣ расониданд.
Саноӣ ва Мавлоно
Маъонӣ ва алфози навзуҳури ирфонӣ дар шеър ва сухани Саноӣ дар ашъор ва андешаҳои дигар устодони сухани порсӣ ҳамчун Мавлоно таъсир гузорда ва дар мавориде бозтоби мустақим доштаанд. Мавлонои Балхӣ Аттори Нишопурӣ ва Саноии Ғазнавиро ба манзилаи руҳу чашми худ медонист:
Аттор руҳ буду Саноӣ ду чашми ӯ,
Мо зи пайи Саноиву Аттор омадем.
Осори Саноӣ
Ҳадиқат-ул-ҳақоиқ, Тариқ-ут-таҳқиқ, Сайр-ул-ибод илал-маод, Корномаи Балх, Ишқнома, Ақлнома, Макотиб, Таҳримат-ул-қалам.
Манобеъ:
Wikipedia (форсӣ)
Ҳабибус-сайр
Луғатномаи Деҳхудо
Тазкиратуш-шуарои Давлатшоҳи Самарқандӣ
Қаламонлайн