Чаро ва чигуна жопуниҳо пешрафт карданд?

Чаро ва чигуна жопуниҳо пешрафт карданд?

Дар муҳитҳои корӣ дар Жопун таъриф кардан аз дигарон ба нудрат иттифоқ меафтад, зеро “амали таҳсину офарин гуфтан” метавонад мӯҷиби шармсорӣ шавад.

Мақолае аз Эрик Бортун (Eric Barton) дар BBC World

Марде, ки сари миз нишаста буд, фарёд зад: “Ту сокит бош!”, ҳамаи коркунон даст аз кор кашиданд ва ба Кейку Сокурой (Keiko Sakurai) хира шуданд. Хонум Сокурой ба суръат мутаваҷҷеҳи иштибоҳаш шуд.

Чанд сол аз он мавзӯъ мегузарад. Он хотира барои замоне буд, ки Кейку Сокурой фақат як ҳисобдор дар як ширкати бузурги жопунӣ буд. Он мард низ муштарии Кейку буд: мудири иҷроии як ширкати тавлиди энержӣ, ки беш аз 40 сол син дошт. Ба ҳамин хотир ва бар асоси прутукулҳои суннатии Жопун — эҳтиром ба бузургтарҳо ва ҳамчунин мӯҳтарам шумурдани коркунони бо собиқаи бештар – Кейку медонист, ки баланд шудани садои он мард муваҷҷаҳ аст.

Он мард ҳангоми сарфи нӯшиданӣ пас аз кор, аз равишҳои кории ҳисобдории Кейку интиқод мекард. Сокурой аммо аз худаш дифоъ кард ва гуфт, ки равишҳояш комилан саҳеҳ будааст. Он мард даст аз гилоя барнадошт. Сокурой ҳам дар охир гуфт, ки равишҳои кории ӯ дуруст тибқи қарордод будааст.

Кейку мегӯяд: “Ҳамон мавқеъ буд, ки ӯ ҷӯш овард ва сарам дод зад. Ман қонунҳои роиҷ дар Жопунро зери по гузошта будам ва бо бузургтар аз худам мухолифат карда будам. Гарчи ҳақ бо ман буд, аммо дар ҷойгоҳе набудам, ки бо ӯ мухолифате кунам.”

Муҳим набуд, ки равишҳои Сокурой дуруст аст ва ё ин ки он мард бо бахши аъзами корҳои Сокурой мувофиқ аст ва фақат бо бахши кучаке аз он мушкил дорад, балки дар муҳитҳои корӣ дар Жопун, ба нудрат касе аз каси дигаре таърифу тамҷид мекунад.

Касбу кор дар Жопун сози худашро мезанад, ба шакле, ки қонунҳои кории Жопун бо қонунҳои кории кишварҳои ғарбӣ ва ҳатто дигар кишварҳои осиёӣ низ фарқ дорад. Масалан тамоми мудироне, ки мехоҳанд барои нахустин бор касбу корашонро дар Жопун роҳ биандозанд, навъи “вокуниш” метавонад мӯҷиби буҳту ҳайрат шавад. Бинобар ин беҳтар аст тамоми чизҳоеро, ки аз қабл дар мавриди наҳваи таъомул бо коркунон омӯхтаед канор бигузоред.

* * *

Жопуниҳо вожае барои “бозхӯрд” (таҳсину офарин) надоранд!

Шорун Швойтзер (Sharon Schweitzer), мудири прутукул ва одоби муоширати ҷаҳонӣ (Protocol and Etiquette Worldwide) мегӯяд, ки жопуниҳо ба шакле суннатӣ ҳеч вожае барои бозхӯрд надоранд, зеро амали “ бозхӯрд” чизе нест, ки дар Жопун ба кори касе биёяд. Ба ҳамин далел онҳо як вожа барои “бозхӯрд додан” карданд: Фидубокку (Fidobakku).

Ҷолиб ин ҷост, ки Фидубокку дар амал чизи хоссе нест. Швойтзер мегӯяд: “Агар тазаккуреро аз мудири жопунии худ дарёфт накунед, маънояш ин аст, ки шумо коратонро дуруст анҷом медиҳед. Агар мудиратон бигӯяд, ки дар тарҳатон таҷдиди назар кунед, маънояш ин аст, ки аз коратон чандон розӣ нест.”

Мудирони жопунӣ аммо маъмулан аз касе намехоҳанд, ки дар тарҳаш таҷдиди назар кунад, зеро аз тамоми коркунон интизор меравад то мудом дар тарҳаш бозбинӣ кунад. Ин фароянд дар Жопун “ҳуринсу” (hou-ren-sou) номида мешавад, ки шомили мавориди зер аст: онҳо дар тӯли рӯз мудом ба раиси худ емайл мезананд ва мегӯянд, ки чӣ замоне ба наҳор мераванд, чанд дарсад аз тарҳашонро анҷом додаанд, чӣ замоне истироҳати кӯтоҳ хоҳанд кард. Яъне тақрибан ҳама чизро гузориш медиҳанд.

Мудирони хориҷӣ дар чунин шароите васвасаи таърифу тамҷид кардан ба сарашон мезанад: мамнун, ки 32 дарсади пружаатро анҷом додӣ! Аммо Швойтзер мегӯяд, ки дар Жопун аслан чунин коре накунед: “Агар шумо аз кори онҳо таъриф кунед, ҳам онҳо ҳисси шармсорӣ хоҳанд дошт ва ҳам шумо. Фақат бигӯед, муташаккирам ва ҷавоби дигаре надиҳед.”

Шояд мисли мудирони хориҷӣ фикр кунед, ки эҳтимолан бояд аз гузинаи “гузориши солона” истифода кунед, аммо Тору Фукуёмо (Taro Fukuyama), мудири ширкати AnyPerk, мегӯяд, ки ҷаласаҳои дунафара бо раис барои бароварди кайфии кор дар Жопун сурат намегирад. (Ширкати AnyPerk дар арсаи ироаи хадамот барои беҳбуди вазъияти хушҳолии коркунон дар муҳити корӣ фаъолият мекунад.)

 

Пас онҳо чӣ гуна интиқод мекунанд?

Агар ба яке аз ҳамкоронатон бигӯед, ки барои чунин коре (ҷаласаи дунафара перомуни баррасии кайфии кор) ба утоқи шумо биёяд, ин кор каме ваҳшатзо хоҳад буд. Фукуёмо мегӯяд, ки мудирони жопунӣ ба ҷои ин кор, роҳи дигареро имтиҳон мекунанд: онҳоро барои сарфи як нӯшиданӣ ба берун даъват мекунанд.

Жопуниҳо фарҳанге доранд, ки “нумикой” (nomikai) номида мешавад: раисон ҳамроҳ бо коркунони худ нӯшиданӣ сарф мекунанд ва ағлаб ҳам зиёд ва ҳатто то посе аз шаб. Бо ин ҳол, бозхӯрдҳои радду бадалшуда дар он замон, бештар перомуни масоиле аст, ки иштибоҳ пеш рафтааст.

Фукуёмо мегӯяд, далели ин масъала ин аст, ки коркунони жопунӣ маъмулан аз ин ширкат ба он ширкат намераванд, бинобар ин аз он ҷое, ки ҳадафи онҳо кори собит дар як ширкат аст, онҳо талошашонро рӯи болоравии мақоми корӣ мегузоранд. Беҳтарин равиш барои болоравии мақом низ ин аст, ки “саратро поин биандозӣ ва иштибоҳ накунӣ!”

Вай дар идома мегӯяд: “Барои ин ки муртакиби хато нашавӣ, набояд риск кунӣ. Бинобар ин, бисёре аз коркунон фақат ҳамон кореро анҷом медиҳанд, ки раисашон мегӯяд.”

* * *

Мисли як гови пешонисафед

Мудирони хориҷӣ, ки натавонанд худашонро бо ин фарҳанг татбиқ диҳанд, ҷое дар бозори Жопун пайдо нахоҳанд кард. Ҷим Витл (Jim Whittle) ин мавзӯъро беҳтар аз ҳар касе дарк мекунад. Ӯ замоне мудири умумии корхонаи тавлиди бисквитҳои режимии McVities буд ва корманде дошт, ки як фикри бикр ба сараш зада буд. Он хонуми корманд гуфта буд, ки чанд маҳсули корхонаро дар истгоҳҳои метру байни мардум пахш кунанд, то аз ин тариқ ҳазорон муштарӣ ҷазб шавад.

Фурӯши маҳсулоти корхона равнақ пайдо кард ва ба ҳамин далел Витл тасмим гирифт бо он корманд ба хотири ин идеяи хубаш як ҷаласа бигузорад. Ҷим ҷилави дигарон ба идеяи камназири он корманд ишора кард ва гуфт, ки воқеан кори хориқулодае кардааст. Ҳамчунин онҳо дигар ниёзе надоранд барои таблиғот ҳазина кунанд.

Аммо он қазия хуб пеш нарафт. Гарчи мақоми он корманд боло бурда шуд ва таваҷҷӯҳи кофӣ ба ӯ ба хубӣ сурат гирифт, аммо ҷудо кардани як шахс аз дигарон боис шуд, ки ӯ ҷилави ҳамкоронаш мисли як гови пешонисафед шавад ва дигар касе натавонад ба ӯ эътимод кунад.

Витл мегӯяд: “Бояд ин қонунҳоро комилан омӯхт, то битавон дар Жопун кор кард. Агар ин қонунҳоро ёд нагиред, коркунонатон ба шумо эҳтиром нахоҳанд гузошт.” Витл ҳоло дар як ширкати жопунӣ ба номи RSR Partners дар Токио машғул ба кор шуда, ки кораш омода кардани мудирони хориҷӣ барои шурӯи кор дар Жопун аст. Витл мегӯяд: “Инҷо мисли ҷоҳои дигар нест; қарор нест вориди муҳити кории ҷадид шавед ва дигарон ба хотири савобиқи шуғлиатон ба шумо эҳтиром бигузоранд. Дар Жопун ҳама чиз перомуни эътимодсозӣ ва эҷоди робитаи хуб бо дигарон таъриф мешавад.”

* * *

Як машқи кӯтоҳ

Кейку Сокурой ҳам дар ҳоли ҳозир барои ширкати Aperian Global ба унвони мушовири аршад кор мекунад. Ӯ, ҳам дар дафтари Сонфронсиску ва ҳам дар дафтари Токио машғул ба кор аст. Кори Кейку ин аст, ки ба мудирони иҷроии ширкатҳои ғарбӣ дар фароянди омода шудан барои зиндагӣ дар Жопун кӯмак кунад. Ӯ ҳатто прутукулҳои шуғлӣ барои кор дар Жопунро низ ба онҳо омӯзиш медиҳад.

Сокурой ҳангоми омӯзиши мудирони ширкатҳои ғарбӣ як таклифи кӯтоҳ ба онҳо медиҳад: 10 маврид аз таърифҳое, ки метавонед ба унвони бозхӯрди мусбат (таҳсину офарин) ба кормандатон бигӯедро бинависед.

Кейку мегӯяд: “Ҳама бо ин таклиф мушкил доранд. Шояд фақат битавонанд 5 ё 6 мавридро пайдо кунанд. Ҳатто бисёре аз он таърифҳо ҳам шомили ин маворид хоҳад буд: бад нест ё хуб аст. Онҳо наметавонанд бо зеҳнияти бозхӯрди мусбати жопунӣ ошно шаванд.»

Кормандони ҷавон дар сурати шунидани чанд вожаи таърифу тамҷид, аз он истиқбол мекунанд. Шояд насли ҷавон ба тадриҷ дар ҳоли тағйир аст. Ҳатто теъдоди андаке аз ширкатҳо аз улгуҳои мудириятии таъомулӣ ва иртиботӣ истифода мекунанд. Мудирони хориҷӣ, ки барои аввалин бор ба Жопун меоянд низ равишҳои Фидубоккуро тест мекунанд.

Сокурой мегӯяд: “Агар дар ширкат қадам бизанед ва ба кормандонатон “офарин” бигӯед, онҳо мудом ба ин фикр хоҳанд кард, ки куҷои кор иштибоҳ кардаанд. Далелаш ин аст, ки онҳо бо худашон фикр мекунанд, ки кореро анҷом додаанд, ки интизор мерафт.”

Дар иваз бояд ба сарнахҳои ғайрикаломӣ аз тарафи кормандон таваҷҷӯҳ кард, то мутаваҷҷеҳ шавед оё бозхӯрди мусбати шумо аз онҳо, мавриди пазириш қарор гирифтааст ё на. Ба ҳамин далел, шояд таҳсин карданҳои гоҳу бегоҳ, монанди ҳар ҷои дигар, ба коркунон ангезаи кофӣ барои идомаи корро бидиҳад.

BBC World

Қаламонлайн

Паёмҳо ва хабарҳову таҳлилҳои ҷадиди моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Филми Рисолат
Эрон як киштии омрикоиро тавқиф ва дороиҳои онро мусодира кард

Матолиби пурбоздид