Ҳамкориҳои Теҳрон ва Душанбе дар мавзӯи захираҳои обӣ
Ахбори минтақа
Вазири энергетика ва захираҳои обии Тоҷикистон аз Муассисаи таҳқиқоти обӣ дар Теҳрон боздид кард.
Вазири энергетика ва захираҳои обии Тоҷикистон Далер Ҷумъа, дар ҳошияи баргузории сездаҳумин иҷлоси Маркази минтақаи мудирияти оби шаҳрӣ, таҳти пушиши ЮНЕСКО аз озмоишгоҳҳои ҳидравликии Муассисаи таҳқиқоти обии Теҳрон боздид кард.
Дар ин боздиди вазири энергетика ва захираҳои обии Тоҷикистон аз муассисаи таҳқиқотӣ, ки бо ҳузури Муҳаммадризо Ковиёнпур, раиси Муассисаи таҳқиқоти обӣ ва мудирони ин маҷмуа баргузор шуд, фаъолиятҳои муассиса дар заминаҳои моделсозии физикӣ, поиши кайфии баданаҳои обӣ ва махзанҳои садҳо, пешбинии миёнмуддат ва кутоҳмуддати бориш, мудирияти селоб, истифода аз тасвирҳои моҳвораӣ дар мудирияти об, ояндапажуҳӣ ва ғайра ироа шуд.
Ҳамчунин сомонаи ҳушдори сел ва пешбинии бориш ба сурати мустақим ба намоиш даромад ва наҳваи фаъолияти он тавзеҳ дода шуд.
Муқарар шуд аз зарфиятҳои муассиса дар заминаҳои моделсозии ададӣ ва физикии созандаҳои ҳидравликӣ, мудирияти селоб, санҷиш аз дур ва шаҳподи шиновари ҳидоятпазир аз дур барои рафъи масоили бахши обии кишвари Тоҷикистон истифода шавад.
Parstoday
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн