Ҳамлаи паҳподии муқовамати исломии Ироқ ба бандари Илот дар Исроил

Ҳамлаи паҳподии муқовамати исломии Ироқ ба бандари Илот дар Исроил

Ахбори байналмилал

Муқовамати исломии Ироқ бомдоди чаҳоршанбе бо судури баёнияе эълом кард, ки як ҳадафи ҳаётӣ дар бандари Илот дар Исроилро бо чандин фарванд паҳпод мавриди ҳамла қарор дод.

Ба гузориши шабакаи Алъолам, ин гурӯҳ бо интишори баёнияе эълом кард: “Дар ростои идомаи муқобила бо ишғолгарии режимии саҳюнистӣ, кӯмак ба сокинони Ғазза ва дар посух ба куштори саҳюнистҳо алайҳи ғайринизомиёни фаластинӣ, муҷоҳидони мо бо паҳпод пойгоҳи ҳавоии низоми режими ишғолгари исроилиро дар Илот ҳадаф қарор доданд.”

Муқовамати Ироқ дирӯз сешанбе низ як ҳадафи ҳассос ва муҳимро дар Илот, воқеъ дар ҷануби Фаластини ишғолӣ ҳадафи ҳамла қарор дода буд.

Ин гурӯҳ пештар ва дар амалиёти гузашта ба сарзаминҳои ишғолӣ ҳушдор дода буд, ки дар сурати идомаи ҳамалоти режими саҳюнистӣ ба навори Ғазза, амалиёти худ алайҳи мавозеъи ин режимро ташдид хоҳад кард.

Alalam

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Вафо ба аҳд
Фарҳанги сухан гуфтан

Матолиби пурбоздид