Ҳамлаи талофиҷӯёнаи муқовамати Ироқ ба пойгоҳи низомии Амрико дар Дейруззур
Ахбори байналмилал
Mehrnews
Дар пайи ҳамлаи бомдоди имрӯз (24 январ)-и таҷовузгаронаи артиши теруристии Омрико ба пойгоҳҳои муқовамат дар Ироқ, гурӯҳҳои муқовамати исломии Ироқ дар ҳамлае талофиҷӯёна, мақарри низомиёни омрикоӣ дар Дейраззури Сурияро ҳадаф қарор доданд.
Ба гузориши хабаргузории Меҳр, муқовамати исломии Ироқ дар баёнияе аз ҳадаф қарор додани пойгоҳи омрикоии “Кунику” дар Сурия хабар дод.
Дар пайи ҳамалоти ҳавоии Омрико ба мақарри нерӯҳои муқовамат ва Ҳашди шаъбии Ироқ, пойгоҳи ғайриқонунии ишғолгарони Омрико дар майдони нафтӣ-гозии “Кунику” дар устони Дейраззури Сурия ҳадафи мушак қарор гирифт.
Гуфтанист, дар таҷовузи низомии бомдоди Омрико ба Ироқ, 2 нерӯи Ҳашди шаъбӣ шаҳид ва 4 тани дигар захмӣ шудаанд.
Mehrnews
Қаламонлайн