Ҳамлаи эҳтимолии Исроил ба Эрон

Ҳамлаи эҳтимолии Исроил ба Эрон

Ахбори байналмилал

Исроил эҳтимолан тирамоҳи имсол ба Эрон ҳамла мекунад

 Эрон бо мушаки “Растохез” мезанад ва ҷанги мавҷудиятӣ шакл мегирад

Ҷанги мавҷудиятӣ – яъне ё бояд Исроил фурӯ бипошад ва ё Эрон, ҷанг барои вуҷуд.

Пештар бархе манобеи арабӣ аз вуқӯи ҷанги тоза дар охирҳои сентябр хабар дода буданд, ки агар ин иддаоҳо сиҳҳат дошта бошад, ба манзилаи вуқӯи ҷанг дар охирҳои сентябр аст.

Sky News арабӣ дар гузорише гуфт, ҷанги баъдии Эрон ва Исроил эҳтимолан дар поиз рух хоҳад дод ва таҳдиди аслӣ дар ин ҷанг барои Исроил мушакҳои ҳойперсуник (мофавқи савт)-и Эрон аст.

Дар ин гузориш омада, ки Эрон дар вокуниш ба ҳамлаи Исроил аз мушакҳои “Растохез” истифода мекунад, ки бурди 3 ҳазор километрӣ доранд ва ҳудуди 80 сари ҷангии 70 килограммӣ дорад. Ин вазн яъне сари ҷангии мушаки “Растохез” 5.6 тонна аст.

Ва ин дар ҳоле аст, ки манобеи ғарбӣ мегӯянд, сангинтарин сари ҷангӣ, ки Эрон бо мушак ба самти Исроил шиллик карда то кунун 2 тонна будааст. Эҳтимолан манзури Sky News аз мушаки “Растохез”, мушаки “Хуррамшаҳр-5” аст, ки вуҷудаш таъйид шуда, аммо ҳанӯз тасовираш рӯнамоӣ нашудааст.

Sky News мегӯяд, истифода аз ин мушакҳо аз сӯйи Эрон, ки ба иддаои ин шабака ба самти бандари Ҳайфо ё таъсисоти атомии Димона партоб мешавад, мунҷар ба шаклгирии ҷанги мавҷудиятӣ хоҳад шуд. Яъне ё бояд Исроил фурӯ бипошад ва ё Эрон, ҷанг барои вуҷуд.

Пештар бархе манобеи арабӣ аз вуқӯъи ҷанги тоза дар охирҳои сентябр хабар дода буданд, ки агар ин иддаоҳо сиҳҳат дошта бошад, ба манзилаи вуқӯи ҷанг дар охирҳои сентябр аст.

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ироқчӣ: Тарсе аз ҷанг надорем
Осонгирӣ дар дин

Матолиби пурбоздид