Бандаи солеҳ

Бандаи солеҳи Худованд
Маърифат
“Худо раҳмат кунад касеро, ки вақте сухани ҳакимона бишнавад, хуб онро ёд гирад ва вақте ба роҳи ҳидоят хонда шуд онро бипазирад ва даст ба домани ҳидояткунанда бизанад ва наҷот ёбад. Дар баробари Парвардигор муроқиби худ бошад, аз гуноҳони худ битарсад ва холисона қадам бардорад ва амали хуб анҷом диҳад ва захирае барои қиёмат фароҳам оварад. Аз гуноҳ бипарҳезад ва ҳамеша ғаразҳои дунявиро аз сараш дур кунад ва дараҷоти охиратро ба даст оварад. Тақворо тӯшаи рӯзи марги хеш қарор диҳад ва дар роҳи рӯшани ҳидоят, қадам бигзорад ва аз роҳи рӯшани ҳидоят, дур нагардад. Чанд рӯзи зиндагии дунёро ғанимат бишморад ва пеш аз он ки маргаш фаро бирасад, худро омода кунад ва аз амалҳои хуб, тӯшаи охират бардорад”.
(Наҳҷулбалоға, хутбаи 76)
Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҷумлае аз Анри Корбен дар бораи Қуръон
Нақши одатҳо дар зиндагӣ

Матолиби пурбоздид