Ҳамос: “Дар лаҳзаи таърихӣ барои шикасти Исроил қарор дорем”

 

Ҳамос: “Дар лаҳзаи таърихӣ барои шикасти Исроил қарор дорем”

Ахбори байналмилал

Раиси ҷунбиши муқовамати исломии Фаластин (Ҳамос) дар хориҷ аз сарзамини Фаластин гуфт: “Муқовамат дар Ғазза, дар вазъияти хубе ба сар мебарад ва дар ҷой-ҷойи ин минтақа, дар ҳоли мавзеъгирии дубора аст.”

Ба гузориши Алҷазира, Холид Машъал, дар суханронии имрӯзи худ дар нишасти “Тӯфон ал-Аҳрор” дар Истанбули Туркия афзуд: “Мо бо лаҳзае таърихӣ ва фурсате барои шикаст додани Исроил ва барчидани пружаи саҳюнистӣ қарор дорем.”

Машъал идома дод: “Душмани мо дар ҳоли пасарфт аст ва пас аз гузашти беш аз 8 моҳ аз набард, эътимоди худро аз даст медиҳад.”

Вай изофа кард, ки ҷиноятҳои режими Исроил бо ҳимояти Омрико сурат мегирад.

Машъал гуфт: “Мо аз уммати исломии худамон мехоҳем, ки ба эътироз ва хашми худ барои таваққуфи ин таҷовузгарӣ идома ва ҳамонанди тӯфон, сафоратхонаҳои Омрико ва режими саҳюнистиро дар муҳосираи худ қарор диҳанд.”

Гуфтанист, таҷовузи саҳюнистҳо ба навори Ғазза дар ҳоле вориди 8-умин моҳи худ шуд, ки режими саҳюнистӣ ҳар рӯз бештар дар бӯҳронҳои дохилӣ ва хориҷӣ фурӯ меравад, дар ҳоле, ки ҳанӯз ба ҳеч як аз аҳдофи худ дар ин ҷанг даст наёфтааст.

Ин режим анвоъи ҷиноят, қатли омм ва вайрониро дар навори Ғазза рақам зада ва ҳар рӯз ба мизони харобиҳои ин минтақа афзуда ва то кунун бар асоси охирин омори мунташиршуда аз сӯйи Вазорати беҳдошти Ғазза, 35 ҳазору 303 фаластинӣ шаҳид ва 79 ҳазору 261 нафар бар асари ин ҷиноёт маҷрӯҳ шудаанд.

Қаламонлайн

 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

“Ҳамос омодаи идомаи набард аст”
Робитаи ахлоқ ва сиёсат аз дидгоҳи Макиавеллӣ ва донишмандони исломӣ

Матолиби пурбоздид